Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ


ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ




Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҷайҳун, Ховалинг, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ таъингардидаро барои суҳбат қабул намуданд.

Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 

- Саидзода Тоҷиддин Саид – муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун;

-Табарзода Валӣ Саидхон – муовини якуми раиси ноҳияи Ховалинг;

-Неъматзода Фарзона Изатулло – муовини раиси ноҳияи Восеъ;

-Қосимӣ Назокат Шералӣ – муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъин гардиданд.



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода