Норасоии витамини А ба кадом бемориҳо оварда мерасонад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 79
![]()
Кӯдакон ояндаи миллат ва насли хушбахти за-мон мебошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ба солимии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Бо ин мақсад як қатор чорабиниҳо рӯйи кор омадаанд, ки далели гуфтаҳои болоанд. Аз ҷумла, барои пешгирии бисёр бемориҳои кӯдакона дар ҷумҳурии мо даҳаҳои ба кӯдакон чакондани витаминҳои ёрирасони инкишофи тифл гузаронида мешавад.
Дар ин ҷо дар бораи ватамини А, ки барои нигоҳ доштани саломатӣ, афзоиш ва инкишофи кӯдакон кумак мерасонад, маълумот медиҳем. Витамини А яке аз моддаҳои ғизоии ба организм зарурӣ мебошад. Он шиддати бемориҳои сирояткунанда, махсусан сурхча ва диареяи музминро паст менамояд. Ҳамин тавр, функсияи муҳими витамини А аз таъмин намудани саломатии организм, афзоиш ва инкишофи кӯдак иборат аст. Он боз барои таъмини биноии муътадил ва пешгирии нобиноӣ, барои рушди моддаҳои устухон мусоидат менамояд.
Дар бисёр ҳолатҳо, аз беаҳамиятии волидон кӯдакон ба бемориҳои гуногун сироят меёбанд. Дар ин ҳолат витамини А дар мубориза ба сироятёбӣ кумак мерасонад.
Баъзан кӯдакон суст афзоиш меёбанд. Дар ин ҳолат низ витамини А ба кумак меояд. Яъне он барои баланд бардоштани муқовимати организм нисбати бемориҳои сирояткунанда, нигоҳ доштани саломатӣ, афзоиш ва инкишофи кӯдак аҳамияти калон дорад.
Витамини А барои нигоҳ доштани биноӣ мусоидат менамояд. Он пардаи луобии чашм (конюктива ва қарнияи чашм)-ро мустаҳкам, тоза ва тар мекунад. Он ба таркиби элементи муҳиме дохил мешавад, ки ба чашмон барои дар нимторикӣ дидан, пешгирии бемориҳои чашм ва саршавии нобиноии пурра ёрӣ мерасонад.
Дар кадом маҳсулот витамини А мавҷуд аст? Ду намуди витамини А мавҷуд аст: Яке ретинол мебошад, ки дастрасиаш осон буда, дар моҳӣ, шир, тухм ва ҷигар мавҷуд аст. Миқдори зиёди витамини А дар шири модар мавҷуд аст.
Дигар намуди витамини А – каротин буда, дар ғизои растанигӣ, ба монанди сабзавот ва меваҳои рангашон сабзи баланд ва зард хеле зиёд аст. Каротин бештар дар каду, сабзӣ, ҷуворимакка ва меваи манго мавҷуд аст.
Организм каротинро ба ретинол мегардонад, аммо миқдори азхудкунии организм аз намуди тайёр намудани ғизо, истифодабарии чарби ҳайвонот ё растаниӣ ва миқдори истеъмол вобаста аст. Беш аз 90% витамини А дар ҷигар мавҷуд аст. Бо ин сабаб ҷигари ҳайвонот ва моҳиро ҳамчун манбаи фаровони витамини А ҳисобидан мумкин аст. Талаботи витамини А дар як шабонарӯз: ҳар як шахс рӯзе ба миқдори муайяни он эҳтиёҷ дорад. Кӯдакони ширмак ва хурдсол ба миқдори зиёди витамини А нисбат ба калонсолон эҳтиёҷ доранд. Зеро он ба онҳо барои афзоиш муҳим аст. Ин витамин бештар ба модари кӯдаки ширмакдошта лозим аст, то вай бояд худ ва кӯдакашро бо миқдори зарурии витамини А таъмин намояд.
Ҳангоми норасоии витамини А тағйироти зиёд ба амал меояд. Кӯдакони ширмак ва хурдсол, ки миқдори зарурии витамини А-ро қабул намекунанд, ба сироят гирифтор шуда, афзоишашон суст мешавад ва дар нимторикӣ суст мебинанд.
Вақте ки организми кӯдак ба сироят муқобилат карда наметавонад, ба осонӣ ба беморӣ гирифтор мешавад. Сироят метавонад ба харобшавӣ ва фавт оварда расонад. Истеъмоли боз як микроэлементоҳан, аз мавҷудияти витамини А вобаста аст. Норасогии витамини А ба камхунӣ ва норасоии оҳан оварда мерасонад ва организми кӯдак барои ба вуҷуд овардани хун миқдори зарурии моддаҳоро истеҳсол мекунад.
Норасоии витамини А миқдори онро дар таркиби ҷигар ва хун паст менамояд. Ин ҳолат ба пастшавии биноӣ ва сироят оварда мерасонад, ки оқибати харобшавӣ ва фавт мебошад. Сироятҳои зуд-зуд баамаломада ва харобшавӣ сабаби ақибмонии афзоиши кӯдакон мешавад. Аломатҳои клиникӣ-иммунитети пастро, ки ба сироятшавии баланд, беморшавӣ ва фавт, ақибмонии афзоиш, камхунӣ ва ксерофталмия оварда мерасонанд, дар бар мегирад. Витамини А шиддати вазнини бемориҳои дарунрав, махсусан сурхча ва диареяи музминро паст менамояд.
Тавре ки дар боло ишора рафт, барои сиҳатии кӯдакон дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мешавад. Яке аз он бо витамини А таъмин будани бадани кӯдак мебошад.
Аз ин рӯ, тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ ба кӯдакони синни аз 6-моҳа то 59-моҳа барои пешгирии шабкӯрӣ ва баланд бардоштани иммунитет соле ду маротиба витамини А дар шакли ғилофак чаконда мешавад. Ин тадбир дар мактабу муассисаҳои томактабӣ ва кӯчаҳо гузаронида шуд.
Дар шаҳри Бохтар 19 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст. Бо кӯдакони синни 5-сола витамини А чаконда шуд, ки ба пешгирии норасоии витамини А ва сирояти бемориҳои дигар мусоидат менамояд.
Мавлуда СОБИРОВА,
мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи КАТС-и шаҳри Бохтар,
Зафар ДАВЛАТОВ,
мудири шуъбаи томактабию мактабии муассисаҳои КАТС-и шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...