Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ


ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ



Ғамхорӣ кардан ва пайваста кӯмаку дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ, махсусан, маъюбону барҷомондагон, шахсони камбизоат, ятимон ва оилаҳои муҳтоҷ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бо мақсади кӯмак ва дастгирӣ намудани ин қишри аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҳар иду айёмҳои миллӣ афроди маъюбу барҷомонда, камбизоат, ятим ва беморон аёдат ва аҳволпурсӣ карда шуда, дар ҳаққи эшон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар пайравӣ аз ин амалҳои нек аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр беморони беморхонаи руҳии шаҳри Кӯлобро аёдат намуданд. Зимни аёдат ба ҳолу аҳволи беморон шинос гардида, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ намуданд. Ҳамзамон аз рафти таъмири саҳни беморхона ва азнавсозии шуъбаҳои нави беморхона дидан намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки беморон аз аёдати масъулин болидахотир гашта, табибони онҳо барои ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён карданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода