Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватананд


Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватананд


Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз отрядҳои сарҳадии ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
    16 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят як қатор суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.




    Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ саф кашида буданд, ташриф оварданд. Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Отряди сарҳадии Панҷ подполковник Дониёр Файзуллозода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, инчунин, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро, ки марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро содиқона ҳимоя карда истодаанд, ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд.
      Вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус дорад. Имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикистонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд. Баъд аз анҷоми суханронӣ бо амри сардори Отряди сарҳадӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо ва қувваҳои эҳтиётӣ оғоз гардид. Дар гузашти низомӣ хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қувваҳои эҳтиётӣ ё худ захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки шумораи умумии онҳо, дар маҷмӯъ, беш аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад, иштирок намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ, бо вуҷуди вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пуррагардонии сафҳои артиш бо афсарони касбиву кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Зеро артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он ба ҳисоб меравад. Баъд аз анҷоми гузашти низомии ҷузъу томҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ изҳор доштанд, ки чун захираҳои сафарбарӣ барои ҳимояи ҳар зарра хоки поки Ватан доим тайёранд ва дар ҳама гуна вазъият, бо гирифтани аввалин бонги хатар дар ҳамоҳангӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба хотири ҳифзи давлат ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми он дар паҳлуи Сарвари ғамхори худ ва халқи шарафманди диёр қарор мегиранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз вохӯрию суҳбатҳои самимӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии ҷузъу томҳои отряд шинос гардиданд. Зимни шиносоӣ бо вазъи маишиву хизматӣ ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ ва дигар амволи шайъӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Отряди сарҳадии Панҷ боздид карданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар тобеияти Отряди сарҳадии мазкур чор гектар замини хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки ҳайати шахсӣ дар он зироатҳои гуногун кишт карда, ҳамасола ҳосили хуб ҷамъоварӣ менамоянд. Маҳсулоти бадастомада барои таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо озуқаворӣ ва серғизо намудани хӯроки онҳо мусоидат менамояд.
      Бо ҳамин боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон ба анҷом расид. Боздиди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи тайёрии ҷангии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон идома ёфт. Тибқи ишораи бонги хатар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии ин минтақа, ки шумораи онҳо беш аз ду ҳазор нафар буд, дар майдони фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҳозиразамон саф ороста буданд. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои воқеӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ, сафарбарӣ ва идораи қӯшунҳо, аҳаммияти ҷалби захираҳои эҳтиётӣ, дар ҳолати омодабош қарор додани ҳама намуди силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва техникаҳои ҷангӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиву низомӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои пойдории сулҳу субот содиқонаву софдилона хизмат намудан ба сарзамини аҷдодӣ андешаронӣ намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода