Оғози даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 158
![]()
1-уми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи ҷузъу томи Артиши миллии мамлакат оғоз мегардад.
Дар ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби масъулини бахшу шуъбаҳои вобастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои даъватӣ таъсис дода шудаанд, ки аъзои вобасташудаи ин маъракаи муҳимми сиёсӣ бо дарки масъулияти баланд даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ба роҳ мемонанд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Қобили зикр аст, ки дар баробари даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҳамзамон сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро дар қисмҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба итмом мерасонанд, давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон, марҳила ба марҳила, аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00