Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «МО САНГЗОДАЕМ...»


«МО САНГЗОДАЕМ...»




Борҳо  дар  бораи  номгузориҳо  дар  рӯзнома баҳсҳо доир намудем. Ҷавонон дар атрофи ин масъала бештар таваҷҷуҳ медиҳанд. Махсусан ҷавонони аз номи хеш норозӣ ба баҳсҳо ҳамроҳ мешаванд.

Дар  ҳақиқат,  иддае  аз  волидон  ба  фарзандон номҳое гузошта, ки имрӯз боиси хиҷолату нороҳатии онҳо  гаштааст.  Номҳои  зебо  бошад,  имрӯз  бисёранд.  Вале  бинобар  тангбинӣ,  дур  будан  аз  муто-лиаи китобу рӯзнома, ноошноӣ бо номҳои зебо баъ-зе  волидон  доираи  номгузории  фарзандро  (ҳатто маҳаллаҳои зист) хеле ва хеле заиф гардонидаанд.

 Ташвишу  дилмондагии  ҷавоне,  ки  аз  номгузории волидон норозигии хешро изҳор дошт, бештар баҳсро  “гарм”  мекард.  Авлоди  онҳо  чӯпонзодаанд. 

Бобояш  ба  ҳамин  хотир  ба  падари  ӯ  “Чӯпон”  ном гузоштааст.  Амаки  Чӯпон  низ  дар  навбати  худ  ба фарзандонаш мувофиқи табъу хоҳишаш номгузорӣ кардааст.  Вай  ним  аср  аз  пайи  рама  гаштаю  ҳар яки  онро  аз  рӯйи  хислату  рангҳояшон  мешинохту  дӯст  медошт.  Бинобар  ин,  ба  фарзандонаш  аз рӯйи  навъҳои  гӯсфандон  ном  мемонд.  Писаронаш номҳои  Чорӣ,  Панҷӣ,  Ҳисорӣ,  Қучқорро  доранд. Гургалӣ ном гирифтани фарзанди дигарӣ низ сабаб дошт. Вақти ба дунё омадани ӯ галаи гургон ба рамаи  амаки  Чӯпон  дарафтода,  бисёр  гӯсфандонро куштаю рабуда. Ба писари кенҷагиаш бошад, номи саги  вафодораш  Палвонро  ниҳод.  Духтари  зебою ягонааш Айлоқбӣ ном дорад.

Боз ҷавононе ҳастанд, ки бо номҳои худ ҳамеша дар хиҷолатанд. Авлоди онҳо ҳама “Сангзодаанд”.

Масалан, ҷавоне дар суҳбат бо мо номҳои падару модар, аммаю тағо, бародару хоҳаронашро як-як ба забон гирифт: Сангалӣ, Сангмаҳмад, Сангимурод, Тошмаҳмад, Тошбек, Тошалӣ, Тошбӣ, Тошмома, Сангимоҳ, Бибисанг, Сангиной...

Ҷавонони аз номи худ “ҷабрдида” аламдоранд. Атрофиён аз гуфтугӯю номҳои онҳо “ҳаловат” бурда, масхараашон мекунанд. Ин ҳамаро дидаю шунида,  мехоҳам  ҷавононро  таскин  бидиҳам.  Вале онҳо,  бо  ин  магар  осуда  мешаванд?  Не,  албатта! Охир  онҳо  бо  ин  ном  тамоми  умр  мемонанд.  Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз талафузи номи худ нороҳатие ҳис мекунанд.

Хуб мешуд, ки волидон дар номгузории фарзандон саҳлангорӣ накарда, ба онҳо номҳои зебо гузоранд,  то  он  боиси  сархамию  хиҷолати  ҷавонон  ва хандаю таънаи дигарон нагардад...

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода