Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» – саҳнаи рақобат ва устуворӣ


Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» – саҳнаи рақобат ва устуворӣ



Баҳриддин МАҲМАДРАҶАБЗОДА,
мураббии дастаи “Ҷавонон”-и ноҳияи Ёвон


-Мақсади асосии мо дар ин мусобиқа ба  даст  овардани  ғалаба  ва  расидан  ба финал  аст.  Имрӯз  шогирдони  мо  бо  як руҳияи  қавии  варзишӣ  ба  майдон  ворид шудаанд  ва  умедворем,  ки  бо  натиҷаи хуб бозиро ҷамъбаст мекунем. Ташаккур ба масъулони рӯзномаи “Хатлон”, ки чунин мусобиқаҳоро ташкил мекунанд. 


Алишер ПАРПИЕВ, 
мураббии дастаи “Ломоносов”

-Соли  дуюм  аст,  ки  мо дар мусобиқаи Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” иштирок мекунем. Дар соли аввал бозии дастаи мо бебарор буд, аммо имсол  шогирдони  мо  бо  тайёрии  ҷиддӣ вориди майдон гардиданд ва умедворем, ки  дар  даври  нимниҳоии  мусобиқа  ҳам ғалаба ба даст меоранд. Изҳори сипос ба рӯзномаи “Хатлон” ҷиҳати роҳандозии ин  мусобиқа.

Собир БОЛТАБОЕВ, 
мураббии дастаи “Вахш”


-Мақсади  ҳар  як  даста ғалаба ва ба финали мусобиқа баромадан аст. Шогирдони мо ҳам имрӯз бо  ҳамин  мақсад  вориди  майдон  шудаанд.  Ташаккур  ба  аҳли  эҷоди  рӯзномаи “Хатлон”  ҷиҳати  роҳандозии  чунини мусобиқа.

Бозиҳои  ин  мусобиқа  аз  рақобатҳои пуршиддат  иборатанд  ва  бозингарон  бо иродаи  қавӣ  барои  пирӯзӣ  талош  мекунанд. 

Мирзо АТОЕВ,
мураббии дастаи “Ҷайҳун”


-Тӯли  чанд  сол  мешавад, ки мо дар ин мусобиқаи футбол, ки аз ҷониби рӯзномаи “Хатлон”  роҳандозӣ  мешавад,  иштирок мекунем. Бозиҳо дар сатҳи олӣ баргузор мешаванд. Имсол низ мусобиқаи мазкур миёни  дастаҳо  бо  рақобати  пуршиддат баргузор гардида истодаст. Мо миннатдории  худро  ба  ташкилкунандагони  ҳамин бозӣ, хусусан роҳбарияти рӯзномаи “Хатлон” мерасонем, ки барои шогирдони мо чунин мусобиқаҳо роҳандозӣ менамоянд.

Бахтиёр ҲАКИМОВ,
мураббии дастаи “Панҷшер”


-Ман сараввал миннатдории  худро  ба  тими  рӯзномаи “Хатлон”  мерасонам,  ки  барои  бачаҳои мо  чунин  мусобиқаҳо  ташкил  мекунанд. 

Шогирдони  мо  дар  ин  мусобиқаҳо  иштирок  карда,  маҳорату  малакаи  варзишии худро дар рақобат бо дигар дастаҳо 
месанҷанд.

Абдурраҳим УЛФАТЗОДА,
падари бозингари дастаи “МДМВ №1”


-Мусобиқае,  ки  рӯзномаи “Хатлон”  ташкил  намуд,  барои наврасон хеле муфид аст. Махсусан дар таътили наврӯзӣ ин муосбиқа барои онҳо хубу хотирмон хоҳад буд. Баргузории чунин  мусобиқаҳо  барои  рушди   футболи наврасон  ва  робитаи  дӯстӣ  миёни  варзишгарон  хеле  муфид  аст.  Ман  аз  номи аҳли  волидайни  дастаи  “МДМВ  №1”   ба рӯзномаи  “Хатлон”  ҷиҳати  ташкил  намудани  чунин  як  мусобиқаи  хуб  сипос  ва миннатдорӣ мерасонам.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода