Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз меёбад


Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз меёбад




Аз  1  апрел  дар  мамлакат  даври  аввали  Озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон  -  Ватани  азизи  ман»  оғоз  мегардад.  Дар  ин  хусус  ба рӯзномаи «Хатлон» аз Раёсати фарҳанги вилоят иттилоъ доданд.

Озмун  соли  ҳафтум  аст,  ки  бо  Амри Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Озмун дар се давр: даври якум аз 1 апрел то 10 май дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм аз 10 июн то 30 июн дар сатҳи вилоят,  даври  сеюм  нимаи дуюми  моҳи  сентябр дар  шаҳри  Душанбе баргузор  гардида, бо  супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст  мешавад.

Дар  шаш соли гузашта дар озмуни  “Тоҷикистон - ватани азизи ман” 21 ҳазору 500 нафар  иштирок  ва 500  нафар  соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.  Аз  он  ҷумла соли  2024  дар  даври ҷумҳуриявии  озмун  вилояти  Хатлонро  136  нафар  довталаб  намояндагӣ  карданд.  Дар  натиҷаи ҳунарнамоии  довталабон  16  нафар  аз Хатлон  сазовори  ҷойҳои  намоён  гардиданд.  Аз  он  ҷумла  1  ҷойи  якум,  8  ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм насиби ҳаваскорони санъати вилояти Хатлон шуд.

Барои  мукофотонидани  ғолибони даври  вилоятии  Озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар соли 2025 бо қарори раиси вилояти Хатлон ба маблағи 594100 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ғолиби ҷойи якуми даври вилоятӣ бо 6  ҳазор  сомонӣ  мукофотонида  мешавад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав  дар  соҳаҳои санъати  мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ  ва  дизайн,  баланд бардоштани маҳорати  касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият  бахшидан  ба ҳунари  баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ  ва  эҳёи ҳунарҳои  мардумӣ, муаррифии  фарҳанги волои  миллати  тоҷик, эҳтиром  ва  арҷгузорӣ  ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи кас-бии  асарҳои  нави  мусиқӣ,  офарандагӣ, интихоби  намунаҳои  беҳтарини  оҳангу суруд  ва  асарҳои  рассомӣ,  ки  инъикоскунандаи  фарҳанги  гузашта  ва  имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.

Ҳ. ИСМАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода