Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят биноҳои иловагии назди таълимгоҳҳоро ифтитоҳ намуд


Раиси вилоят биноҳои иловагии назди таълимгоҳҳоро ифтитоҳ намуд





Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи меъморӣ  ва  сохтмони  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Низом Мирзозода ба ноҳияи А. Ҷомӣ сафари корӣ анҷом доданд. Дар  доираи  сафари  корӣ,  бо  мақсади  рушди  соҳаи  таълим  ва беҳтар кардани шароити таҳсил, якчанд биноҳои иловагии назди муассисаҳои таълимӣ ифтитоҳ гардид.

БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГИИ НАЗДИ МТМУ №32

Зимни  сафари  корӣ  раиси  вилояти  Хатлон  ва  раиси  Куми-таи  меъморӣ  ва  сохтмони  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар деҳаи  Баҳористони  Ҷамоати  деҳоти “Хуррамдиёр”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  синфхонаи  иловагӣ  дар  назди муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии №32-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Дар  муассисаи  таълимии  мазкур мушкилоти  норасоии  ҷойи  нишаст  аз байн рафта, барои омӯзгорону хонандагон  шароити  мусоиди  кору  таҳсил фароҳам гардид.

Иттилоъ  дода  шуд,  ки  шумораи умумии  хонандагон  650  нафарро ташкил  дода,  бинои  иловагӣ  аз  тарафи   Бунёди  миллии  CASA-1000  бо маблағи умумии 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои  иловагӣ  дуошёна  буда,  дорои 8 синфхона барои 350 нафар хо-нанда дар ду баст сохта шудааст.

Синфхона ва роҳравҳои бинои нав бо  шиору  навиштаҷотҳои  таълимию тарбиявӣ  оро  дода,  намои  бино  зебо ва ба таври замонавӣ рангубор карда шудааст.  Синфхонаҳо  ба  мизу  курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуда, барои таҳсил пурра омода мебошанд.

Раиси  вилояти  Хатлон  Давлаталӣ Саид  бо  омӯзгорони  муассисаи таълимӣ  вобаста  ба  баланд  бардоштани  сифати  таҳсилот,  мустаҳкам  на-мудани ҳамкории падару модар бо му-ассисаи таълимӣ ва бештар намудани натиҷаҳо  дар  озмуну  олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ  ва  байналмилалӣ, китобхонӣ,  корҳои  ободониву созандагӣ  ва  сабзу  хуррамгардонӣ суҳбат орост. 

Омӯзгорон зимни суҳбат сипосгузории худро ба Пешвои мил-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таваҷҷуҳи хоса ба мактабу маориф доштанашон баён намуданд.

Инчунин,  Давлаталӣ  Саид  дар саҳни  бино  бо  гурӯҳе  аз  ҷавонон суҳбати  озод  намуда,  бо  онҳо  вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ,  даъвати  ҳарбӣ, корҳои созандагӣ ва машғул шудан ба варзиш суҳбат намуд. 

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ НАЗДИ МТМУ №15

Дар идомаи сафари корӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  ва  раиси  Кумитаи  меъморӣ  ва сохтмони  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Низом  Мирзозода  дар деҳаи  Навбаҳори  Ҷамоати  деҳоти “Дӯстӣ”-и  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ синфхонаи  иловагӣ  дар  назди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта  шуд,  ки  шумораи  умумии хонандагон  1127  нафарро  ташкил дода, бинои иловагӣ аз тарафи падару модарон, шахсони саховатпеша бо маблағи   умумии  1  миллион  сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои  иловагӣ  дуошёна  буда,  дорои 8 синфхона барои 400 нафар хо-нанда дар ду баст сохта шудааст.

Бо  васеъ  гардидани  ҳудуди маҳаллаи  аҳолинишин  ва  сол  аз  сол зиёд  гардидани  шумораи  хонандагон  зарурияти  сохтани  синфхонаҳои иловагӣ ба миён омада буд.

Синфхона ва роҳравҳои бинои нав бо  шиору  навиштаҷотҳои  таълимию тарбиявӣ  оро  дода,  намои  бино  зебо ва ба таври замонавӣ рангубор карда шудааст.  Синфхонаҳо  ба  мизу  курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуда, барои таҳсил пурра омода мебошанд.

Раиси  вилояти  Хатлон  Давлаталӣ Саид  бо  омӯзгорони  муассисаи  таълимӣ  вобаста  ба  дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам  намудани  ҳамкории  падару  модар  бо  муассисаи  таълимӣ  ва бештар  намудани  натиҷаҳо  дар  оз-муну  олимпиадаҳои  ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалӣ суҳбат орост.

Раиси  вилоят  иқдоми  мардум  ва соҳибкорони  маҳаллиро  шоистаи таҳсин  хонда,  гуфт,  ки  ин  иқдом  барои беҳтар намудани шароити таълим ва  фароҳам  овардани  имкониятҳои нав  барои  хонандагон  ва  омӯзгорон дар  ноҳия  роҳандозӣ  шуда,  кумак хоҳад  кард,  ки  таҳсилоти  босифат ва  замонавӣ  ба  талаботҳои  муосир ҷавобгӯ бошад.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода