Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАДЯИ НАВРӮЗӢ: “НАВРӮЗНОМАИ «ХАТЛОН»”


ҲАДЯИ НАВРӮЗӢ: “НАВРӮЗНОМАИ «ХАТЛОН»”



Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» китоби наве таҳти унвони «Наврӯзномаи «Хатлон» аз чоп баромад.


Китоби мазкур дар доираи Соли фарҳанги китобхонӣ таълиф ёфта, маҷмуаи вижаест, ки таърихи пурғановати ҷашни Наврӯз, ҷанбаҳои маънавию фарҳангии он ва нақши ин ойини бостониро дар ҳаёти иҷтимоии мардум инъикос мекунад. 


Маҷмуа мақолаҳои таҳлилӣ, очерку лавҳаҳои публитсистӣ, осори бадеӣ ва маълумоти таърихиро дар бар гирифта, ба хонандагон ҷаҳонбинии васеъ дар бораи Наврӯз, суннатҳои дерина ва хосиятҳои Наврӯзи Хатлонзамин медиҳад.


Дар пешгуфтори маҷмуа, ки ба қалами раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мансуб аст, аз ҷумла омадааст: “Боварии комил дорам, Наврӯзи фархунда, ки соли нави аҷдодии мо маҳсуб меёбад, оғози марҳилаи нави таҳаввули азим дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони маҳбуб мегардад ва дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакатамон қадамҳои устувор гузошта мешаванд.


Наврӯз, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, барои миллати фарҳангсолори мо на танҳо оғози сол ва эҳёи табиат, балки рамзи дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба суннату анъанаҳои неки ниёкон мебошад. Ин ҷашн бо сиёсати дурбинона ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифта, имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар саросари олам таҷлил мегардад. Ин нишонаи бузургдошти фарҳанги волои тоҷикон ва саҳми онҳо дар тамаддуни башарист.


Боиси ифтихор аст, ки мардуми заҳматқарину ватандӯсти Хатлонзамин бо азму талоши пайваста баҳри рушди устувори кишвар, ободонии сарзамини аҷдодӣ ва беҳбудии рӯзгор саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат дар вилояти Хатлон садҳо иншооти муҳим бунёд мегарданд, инфрасохтори шаҳру деҳот рушд меёбад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад. Ҳамаи ин талошҳо барои ояндаи дурахшони давлату миллатамон нигаронида шудаанд”.


«Наврӯзномаи «Хатлон», ки аз 215 саҳифа иборат аст, дар яке аз нашриётҳои шаҳри Душанбе бо сифати баланд рӯйи чоп омада, мутолиаи ин китоб барои муҳаққиқон, донишҷӯён, рӯзноманигорон ва ҳамаи дӯстдорони фарҳангу тамаддуни миллӣ манфиатовар хоҳад буд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода