Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶОМИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"-2025 СОҲИБАШРО ПАЙДО КАРД


ҶОМИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"-2025 СОҲИБАШРО ПАЙДО КАРД




Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва иҷрои дастури протоколии мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар, аз 3 феврали соли 2025 ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 21 то 27 марти соли равон дар вилояти Хатлон фасли чоруми мусобиқа барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” баргузор гашт.

Мусобиқае, ки анъанавӣ шуд

Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” оид ба футбол миёни наврасон як мусобиқаи анъанавӣ ва ҷолиб аст, ки ҳар сол баргузор мешавад. Мусобиқаи мазкур, ки бо ташаббуси идораи рӯзномаи “Хатлон” роҳандозӣ мешавад, ба таври махсус барои наврасони то 13-сола (U-13) ташкил карда мешавад ва мақсади асосии он ташвиқ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба футбол аст. Мақсади дигари мусобиқа пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз ҳодисаҳои манфии иҷтимоӣ, ба монанди ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва қонунвайронкунӣ мебошад.

Мусобиқаи футбол миёни наврасон дар сатҳи баланд баргузор гардид ва дар чаҳорумин солгарди мусобиқа (2025) дастаҳои наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои дарёфти Ҷоми анъанавии “Хатлон” талош карданд.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” дар ду минтақаи вилоят - Бохтар ва Кӯлоб - бо иштироки16 дастаи наврасони то 13-сола (U-13) доир гардид. Ҳар як дастаи наврас бо омодагӣ барои роҳхат ба даври финалӣ рақобат кард.

Даври финалии мусобиқа дар шаҳри Бохтар бо иштироки чор дастаи беҳтарин аз ҳар ду минтақа “Ломоносов”-и шаҳри Бохтар, “МДМВ №1”-и вилоят, “Ҳулбук”-и Восеъ ва “МДММФ”-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ин мусобиқа барои наврасон имкони аъло барои беҳтар кардани малакаҳои футболбозии худ ва инчунин шиносоии футболбозони навраси болаёқат барои дастаҳои мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ мебошад.

Мусобиқаи Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” ба як самти муҳими варзиш ва тарбияи ҷавонон табдил ёфта, ба мустаҳкам намудани дӯстии варзишӣ байни наврасон ва рушди соҳаи футбол дар ҷумҳурӣ кумак мерасонад.

**Шарикони мусобиқа**

Мусобиқаи имсола, ки дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид, ба ҳамкории зичи муассисаҳои гуногун ва шарикони муҳими варзишӣ пайванд ёфтааст. Ин мусобиқа дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Федератсияи футболи вилояти Хатлон, инчунин мактаби тоҷикӣ-русӣ ба номи В. М. Ломоносов ташкилу баргузор гардид.

**Иштирокчиёни мусобиқа**

Дар мусобиқаи имсола дар минтақаи Бохтар 8 даста дар ду зергурӯҳ- гурӯҳи “А” «Панҷшер»-и Ҷ. Балхӣ, «Вахш»-и Бохтар, «МДМВ»-и Ҷайҳун, «Ломоносов»-и Бохтар ва гурӯҳи “Б” - «МДМВ №1»-и вилоят, «Ҷавонон»-и Ёвон, «Бешкент»-и Н. Хусрав, «МДМВ»-и Ҷ. Балхӣ миёни ҳам барои баромадан ба даври финалӣ рақобат намуданд.

Дар даври муқаддамотии ин мусобиқа дар минтақаи Кӯлоб 8 даста – «Равшан», «МДМВ-и 4» (ҳарду аз шаҳри Кӯлоб), «Ҳулбук»-и Восеъ, «Сино»-и Кӯлоб дар зергурӯҳи “В” ва дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ, «Шоҳин»-и Муъминобод, «Андароб», «МДММФ»(ҳарду аз шаҳри Кӯлоб) дар зергурӯҳи “Г” ҷудо карда шуданд.

**Рафти мусобиқа**

Мувофиқи Низомномаи баргузории мусобиқа, баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои “Ломоносов”-и шаҳри Бохтар ва “МДМВ №1”-и вилоят аз минтақаи Бохтар, дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “МДММФ”-и шаҳри Кӯлоб ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозиҳои даври нимниҳоӣ дастаи “МДМВ №1” бар “Ломоносов” бо ҳисоби 3:0 ва дастаи “Ҳулбук” бар “МДММФ” бо ҳисоби 7:4 ғалаба карданд.

Ҳамин тавр, тақдири медалҳои биринҷии мусобиқа дар бозӣ байни дастаҳои “Ломоносов”-и шаҳри Бохтар ва “МДММФ”-и шаҳри Кӯлоб ҳал шуд. Бозингарони дастаи “МДММФ” бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро ба гардан овехтанд.

Дар бозии финалӣ бошад, наврасони дастаи “МДМВ №1” бо наврасони “Ҳулбук” бозӣ намуданд, ки дар натиҷа футболбозони “Ҳулбук” бо ҳисоби 1:0 дастболо шуданд. Ба ин тартиб, Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” имсол насиби наврасони дастаи “Ҳулбук” шуд.

**Мукофотонӣ**

Маросими мукофотонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа хеле бошукӯҳ ва мутантан сурат гирифт. Дар ин чорабинӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Ҳусейн Саидзода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва директори мактаби русӣ-тоҷикӣ ба номи М. В. Ломоносов Евгений Ласитса ширкат варзиданд.

Дар ин маросими бошукӯҳ ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, медалҳо, дипломҳо ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот барои дастовардҳояшон мукофотонида шуданд. Тақдими мукофотҳо ба соҳибонашон бо шодиву хурсандӣ ва эҳтироми зиёд сурат гирифт, ки шаҳодат аз баҳои баланд ва аҳамияти мусобиқаи имсола барои рушди футболи наврасон дар вилояти Хатлон мебошад.

Унвони беҳтарин бозингаронро Салваров Билол, аз дастаи “МДМВ №1”, Ғуломов Сироҷ, аз дастаи “Ҳулбук”, Бердиев Муҳаммад, аз дастаи “Ломоносов”, Давлатов Моҳир, аз дастаи “МДММФ” соҳиб шуданд ва аз тарафи идораи рӯзномаи "Хатлон» бо туҳфаҳои махсус сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, аз ҷониби рӯзномаи “Хатлон” ба сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Р. Насриддинзода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон И. Шарипов ва директори мактаби русӣ-тоҷикӣ ба номи М. В. Ломоносов Е. Ласитса барои саҳмгузориашон дар рушду инкишофи футболи ватанӣ, аз ҷумла мусоидат дар ташкили мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол миёни кӯдакон ва наврасони солҳои таваллудашон2012-2013 барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» Сипоснома тақдим шуд.

Р.S. Ҳамаи ғолибону ҷоизадорони Ҷоми рӯзномаи “Хатлон”-ро бо пирӯзиашон дар мусобиқаи имсола муборакбод гуфта, ба онҳо дастовардҳои нави варзиширо таманно дорем.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода