Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Идора кардани пул санъат аст


Идора кардани пул санъат аст




Баланд  бардоштани  сатҳи зиндагӣ ва бунёд намудани ҳаёти осоишта  бидуни  мушкилоти иқтисодӣ  аз  маърифати  молиявии  ҳар  фард  вобаста  аст.  Аз мушоҳидаҳо  бармеояд,  ки  аксари оилаҳо  бинобар  сабаби  дарк  накардани  мафҳуми   маърифати молиявӣ  ва  нодуруст  тақсимот намудани музди маоши якмоҳа то охири  моҳ  ба  мушкилоти   зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Маърифати  молиявӣ  чист?  Роҳҳои баланд  бардоштани  маърифати молиявӣ  кадомҳоянд?  Чӣ  тавр маблағро  бояд  пасандоз  намуд? Омилҳои  қарздорӣ  ва  пайомади он. Инҳо аз ҷумлаи суолҳоеанд, ки дар матлаби омоданамудаи мо бо масъалагузорӣ  мавриди  баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. 


Ҳомидҷон  Ҷалилов,  сокини  ноҳияи  Ёвон, маърифати молиявиро асоси осудагии зиндагӣ дониста,   бо  тақсимбандии  дурусти  даромади  якмоҳааш  сатҳи  зиндагиашро  беҳтар  сохта, роҳҳои  ба  вуҷуд  омадани  хушбахтиро  низ  дар он мушоҳида намудааст. Ӯ мегӯяд, ки тақсимоти дурусти  молиявӣ  дар  оила  асоси  расидан  ба қуллаи  мурод  мебошад.  "Дар  оила  фарзанди калонӣ  будам.  Барои  таъминоти  рӯзгор  роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам. Ҳангоме ки аз давлати  Русия  маблағ  равон  мекардам,  падарам танҳо сарфи хароҷоти рӯзмарра мекарду халос. 

Як моҳ маоши баландтар гирифтаму ҳамаашро равон  кардам,   падарам  хоҳиши  иваз  кардани мошинро намуданд. Ман бошам, пофишорӣ намуда,  бо  ҳамин  як  миқдори  маблағро  пасандоз карда,   хона  харидам.  Боз  корҳоям  омад  карду маблағи  бештар  ба  даст  овардам  ва  ин  дафъа ба  номи  бародарам  як  хонаи  дигар  гирифтам, чун  медонистам,  ки  рӯзе  мушкилии  хона  барои бародаронам ба сари падарам меояд. Вақте аз муҳоҷират  баргаштам,  аллакай  додаронам  бузург шуда буданд ва онҳоро хонадор намудем. 

Мушкилии бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намуданашон пеш омад, ки ин масъала падарамро нороҳат мекард, чунки дигар имкони хона хариданро надоштем. Ба падарам гуфтам:

- Ғамгин нашавед, падарҷон, додарҳоям метавонанд рафта дар хонаҳои гирифтаамон зиндагиашонро  идома  диҳанд.  Падарам  бо  шуни-дани ин ҳарфҳо хушҳол шуда, дуои неке ба ман доду гуфт:

 -Дониши  баланди  молиявии  ту  оилаи  моро аз як мушкилии калони иқтисодӣ раҳо кард. Офарин, писарам».

Маърифати молиявӣ чист?

Маърифати молиявӣ, пеш аз ҳама, аз ҳар як шахс тақозо менамояд, ки манбаъҳои молиявии тӯли  як  моҳ  бадастомада   бояд  дар  як  меъёри муайян, дуруст тақсимбандӣ карда шавад. Мутаассифона, имрӯзҳо ҳамин омил аз мадди назар дур монда, аксарият барои баланд бардоштани маърифати  молиявӣ  талош  намекунанд  ва   ин боис  мегардад,  ки  дар  зиндагӣ  бинобар  истифодаи  нодурусти  маблағҳои  бадастомада  ба мушкилиҳо  дучор  шаванд.  Бекмурод  Наимов, номзади  илмҳои  иқтисодӣ,  оид  ба  ин  масъала чунин  ибрози  назар  намуд:   “Имрӯз  на  ҳамаи шаҳрвандони  мо  маблағҳоеро,  ки  тӯли  як  моҳ ба  даст  меоранд,  дуруст  ва  дар  як  чоҳорчӯбаи муайян, барои иҷрои мақсадҳои муайян равона мекунанд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар миёни ҷомеа чунин бенизомию харҷу хароҷоти бе-маврид зиёд дида мешавад”.

Мутаассифона,  на  ҳамеша  маълумоти олӣ кафолат медиҳад, ки зин-дагии шоиста сохта шавад. Онҳое, ки маълумоти олӣ доранд, зиёданд, аммо баъзеашон муваффақ намегарданд, ё кори арзанда ёфта наметавонанд. Бо даромаде,  ки  ба  даст  меоранд,   он чиро, ки дар зиндагӣ мехоҳанд, амалӣ карда  наметавонанд.  Зеро  бештари  чунин  ашхос   фаҳмиши  молиявии заиф   доранд  ва  илмашонро  дуруст истифода  бурда  наметавонанд.  Дар дунёе, ки мо зиндагӣ мекунем, идора кардани пул яке аз маҳоратҳои ҳатмӣ маҳсуб  мешавад.  Ҳатто,  ин  ба  синну сол ҳам вобаста нест. Мо бояд аз хурдсолӣ аллакай фаҳмиши молиявӣ пайдо карда, ба пул чӣ гуна муносибат карданро омӯзем. 

Кадом роҳҳои баланд бардоштани маърифати моливӣ вуҷуд дорад?

Муҳаққиқони соҳаи иқтисод роҳҳои баланд бардоштани маърифати молиявиро  мухталиф  арзёбӣ  намудаанд. “Қабл аз ҳама, бедор намудани ҳисси маърифати  молиявии  ҳар  шахс  дар дасти  худаш  аст.  Бояд  шахс  донад, ки манбаи молиявии ӯ аз куҷо аст ва ин маблағҳое, ки дар тӯли як моҳ бо мушкилот ба даст овардааст, дар кадом  самт  ва  чӣ  тавр  равона   кунад. Дар ҳар як хароҷоте, ки ба нақша ги-рифта мешавад, муҳим аст, ки қаблан фикри  даромаднокиаш  карда  шавад. 

Масалан, ман барои харидории як китоб маблағ сарф мекунам. Бояд донам, ки он китоб ба ман чӣ медиҳад? Тафаккурамро  васеъ  мекунад,  донишамро сайқал медиҳад ё дар зиндагиям кумак мерасонад. Хуллас, чӣ ашёе, ки дар зиндагӣ бар ивази маблағ мегирем,  бояд  манбаи  даромаднокиашро низ фикр намоем”, - мегӯяд Бекмурод Наимов, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Сокинон чӣ мегӯянд?

Роҳҳои баланд бардоштани маъ-рифати  молиявӣ  зиёд  буда,  танҳо  аз хоҳиш  ва  талоши  ҳар  шахс  вобаста аст. Дар натиҷаи назарпурсӣ аз сокинони шаҳри Бохтар маълум гардид, ки 
ҳар як шахс сарвати худро бояд худаш ҳифз кунад. Барои осуда ба сар бурдани ҳаёт бидуни ташвишҳои молиявӣ ҳар  як  шахсро  мебояд  дар  зиндагӣ иқтисодчӣ бошад, то мувоҷеҳи мушкилоти молиявӣ нагардад.

-  Агар  дар  зеҳн  танҳо  фикрҳои манфӣ  -  бепулӣ,  камбағалӣ, мушкилиҳои зиндагӣ ва дигар фикрҳои нолозим  бошанд,  инсон  муваффақ намешавад. Ба чунин тоифа инсонҳо миллион  доллар  ҳам  диҳед,  боз  дар ҳамон сатҳи пасти зиндагӣ қарор мегиранд. Чунки зеҳни онҳо дар ҳолати карахтӣ  боқӣ   мондааст  ва  воқеияти дигареро  пазируфтан  намехоҳанд. 

Яъне,  он  чӣ  дар  майнаи  сари  одам ҳаст,  ҳосил  ҳамон  мебарояд.  Бинобар ин, инсон бояд аввал зеҳнро ди-гар кунад. Кор кардани пулро набояд ҳавас кард. Кор кардани пул осон аст. Фаҳмишро дигар кардан душвор аст,-мегӯяд  Саидмурод  Давлатов,  корши-носи масоили иқтисодӣ.

Омилҳои қарздорӣ ва пайомади он

Дар шароити феълӣ арзиши молу маҳсулоти ниёзи аввалия ба маротиб рӯ  ба  афзоиш  гузоштааст.  Масалан, инсон  8  соат  кор  мекунаду  даромад мегирад,  аммо  24  соат  хароҷот  дорад.  Хобед  ё  бедор,  дар  хона  обу барқ  истифода  мешавад.  Барои  хондани  фарзандатон  маблағ  харҷ  мекунед.  Тасаввур  кунед,  ки  8  сомонӣ даромад  дореду  24  сомонӣ  хароҷот. 

Маҳз ҳамин аст, ки шумораи одамони қарздор  рӯ  ба  афзоиш  аст.  Ҳангоми таҳқиқи  ин  масъала  маълум  гардид, ки  дар  як  корхонае,  ки  коргаронаш иборат  аз  200  нафаранд,  тахминан 60  фисади  онҳо  аз  бонк  қарздоранд ё  ба  қарзгирии  касе  гувоҳ  ҳастанд. 

Дар  натиҷа  ин  тоифа  одамон  нисфи маошашонро  ҳар  моҳ  дар  бонк   месупоранд. Бо нисфи дигараш чӣ тавр рӯзгорро  пеш  мебаранд,  ин  муаммо-ест беҷавоб. Дониёр  Казаков,  сокини  шаҳри Бохтар, зимни суҳбат бо мо гуфт:

-Дар як моҳ то 3000 сомонӣ даромад дорам, нисфи онро ба бонк месу-порам,  аммо  хароҷоти  якмоҳаам  бо-шад, аз ду ҳазор бештар аст.

-Ҷамъият  ҳамин  гуна  идома  ме-ёбад.  Пас  аз  20  сол  боз  одамони қарздор зиёд мешаванд. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки нисбат ба соли 2000-ум  ҳоло  теъдоди  қарздорон  бешта-ранд.  Фарқ  надорад,  ки  беморед  ё хоҳиши  кор  кардан  надоред,  хароҷот ҳамеша  ҷой  дорад.  Ҳеҷ  кас  кафолат  намедиҳад,  ки  даромад  мегиред, вале  кафолати  хароҷот  ҳаст.  Дарку фаҳмиши молиявиро дигар бояд кард.

Боз  афзуд,  ки  ягон  вақт  бо  қарз зиндагӣ  накунед.  Бо  даромади  худ зиндагӣ карданро ёд гиред. Ин ниҳоят зарур  аст.  Шояд  бо  қарз  дар  хонаи шумо  телевизор,  мебелу  либосҳои нав пайдо шуданд ё зодрӯзатонро хуб ҷашн гирифтед. Аммо роҳеро, ки шуморо ба сарватмандӣ мебурд, як ё ду сол қафо кашидед.

Дар урфият мегӯянд, ки “Поятро чени кӯрпаат дарозкун”, аммо аз чӣ бошад, ки аксаран дар зер шуури мардуми мо фикри қарзгирӣ нақш бастааст. СидМурод даВЛаТоВ, коршиНоСи МаСоиЛи иҚТиСодӣ доир ба иН НукТа ЧуНиН НаЗар дорад:

Чӣ тавр метавон пасандоз кард?

Пасандоз  калиди  муваффақияти ҳар як фард буда, заминагузорӣ барои фардои  дурахшон  мебошад.  Воқеан, ҳар он нафаре, ки пасандоз мекунад, тақсимбандии  молиявиро  дар  оила дуруст  намуда,  аз  ҳар  гуна  хароҷоту исрофкориҳо дар канор аст. Ба назари коршиносон, барои пасандоз намудан нақшаи  хароҷотро  бояд  тартиб  дод ва ба куҷо сарф кардани пулро бояд донист.    Баъд  аз  тақсими  хароҷот нақшаи  даромадро  бояд  сохт.  Агар хароҷот дар як моҳ 2 ҳазор сомонӣ бошад, нақшаи даромадро ба 4-5 ҳазор сомонӣ тартиб диҳед. Агар диққат карда,  аз  паси  мақсад  равед,  ҳамон  чиз амалӣ  мешавад.  Албатта,  дар  як рӯз не,  зина  ба  зина,  сол  ба  сол  ҳатман иҷро мешавад.

Пайомади исроФкорӣ дар оила

Дар урфият мегӯянд: “Сарфаи сари оташдон беҳ аз савдогари Ҳиндустон”. Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки бархе оилаҳо ба исрофкорӣ даст зада, аз  моҳияти  сарфакорӣ  фарсахҳо  дур гаштаанд.  Ҳамсуҳбати  мо  -  номзади илмҳои  иқтисодӣ  Бекмурод  Наимов сабабҳои  бо  мушкилиҳои  иқтисодӣ рӯ  ба  рӯ  гардидани  оилаҳоро  дар нокифоя  будани  донишҳои  молиявӣ арзёбӣ мекунад.

– Масалан, дар як оилае, ки иборат аз 5 аъзоянд, ҳаёт ба сар меба-рем ва хушбахтона, ҳар кадоми мо дорои телефонҳои ҳушманд ҳастем. Дар як  моҳ  ба  ҳисоби  миёна  100  сомонӣ барои таъмини интернет ба панҷ телефон сарф кунем, дар як моҳ 500 сомо-ниро ташкил медиҳад. Биёед қазоват кунем,  ки  мо  бар  ивази  500  сомонии дар  интернет  сарфкардаамон  чӣ  гирифтем?   Агар  дар  як  моҳ  интерне-тро чун як манбаи омӯзиш, тиҷорати онлайнӣ  ё  дигар  коргузориҳои  замони  муосирро  истифода  бурда   бо-шем,  хуб,  лекин  аксаран  бар  ивази маблағҳои сарфнамудаамон чизе ҷуз гуфтугӯҳои  нолозим  ба  даст  намеорем. 

Воқеан  ана  ҳамин  хароҷотҳои бемақсад боис мегарданд, ки як оила даромади моҳонаашро то ба интиҳои моҳ  намерасонаду  маҷбур  мешавад, ки  аз  касе  ё  аз  ҷое  барои  пешбурди рӯзгор қарз гирад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки донишҳои молиявии хешро сайқал дода, даромади моҳонаро дар зиндагӣ дуруст ва мақсаднок истифода  барем.  Чӣ  тавре  ки  коршиносон мегӯянд: “Кор кардани пул ҳунар аст. 

Пасандоз ё нигоҳ доштани пул истеъдод  аст.  Идора  кардани  пул  санъат аст. Аз ҳама санъати мураккаб идора кардани пул аст. Зеро андак хато кардед, ба ботлоқи қарз ғӯта мезанед”. 

Пас,  биёед  маърифати  молиявии хешро  баланд  бардорему  оид  ба  даромад ва хароҷоти рӯзгори худ нақша ва  ҳисоб  дошта  бошем,  то  рӯзгори осудаву босаодатро ба сар барем.

Абдулло Риоев,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода