Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қанд занеду нахандед


Қанд занеду нахандед




Мегӯянд, ханда умри инсонро дароз мекунад. Инчунин, шахсе, ки дар лаб ханда дорад, чеҳрааш ба чашм гарм намудор мешавад. Пас, Шумо низ латифаҳоеро, ки пешкашатон намудаем, хонеду ба чашми аҳли хонавода ва наздикон гарм намудор шавед!

Дарси ибрат

Дар оилае се писар буданд ва падарашон ҳеҷ гоҳ ҳамсараш, яъне модари фарзандонро дӯстдорӣ намекард. Баъди писари калониро оиладор кардан падар аз ӯ ба ҳамсар бо нигоҳи пурмеҳр нигаристанро омӯхт. Писари дуюм низ оиладор шуд ва падар аз ӯ ба ҳамсар “Ҷонам” гуфтанро ёд гирифт. Писари севумин, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард, ба модар гуфт: «Модарҷон, агар хоҳед, ки падарам бо нигоҳи пурмеҳр ва ҷонам-гӯён Шуморо зуд-зуд ба оғӯш гирад, пас, маро низ оиладор кунед».

Хӯроки бенамак

Ду бародар дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд. Як бегоҳ фарзанди бародари хурдӣ ба хонаи амакаш меравад. Дар он вақт амакаш таоми болаззат пухта буд, вале кам буду худ гурусна. Писарча «амак» - гӯён медарояд ва таомро дида мепурсад:

- Амак, ин хӯрок чи гуна таъм дошта бошад? 

Амак ҷавоб медиҳад:

- Дар хона намак тамом шудааст, рафта аз хонаатон биёр, то хӯрок болаззаттар шавад.

Писар ба амак гуфт:

- Не, амакҷон, ман ҳоло хӯрокро мехӯрам, баъд ба хона рафта, аз болояш намак мехӯрам.

Барои ҳамин, хӯрокро овардан гиред!

«Эҳтиёт»

Писарони ду ҳамсоя барқро дуруст карда метавонистанд.

Вале яке аз ҳамсоягон ҳар боре, ки коре бо барқ пеш меомад, ба ҷойи писари худ ба писари ҳамсояаш муроҷиат мекард. Рӯзе ҳамсояписар ба пиразан гуфт:

- Охир фарзанди калонии Шумо барқро мефаҳмад-ку.

Кампири ҳамсоя ҷавоб дод: 

- Охир метарсам, ки мабодо писари маро барқ назанад.

Ваъда

Писар оила барпо мекунанд.

Пас аз як сол соҳиби фарзанд мешавад. Ва ба наздикон ваъда мекунад, ки ба шумо барои фарзанддор шуданам як гӯсфанди калон мекушам. Ҳамин тавр, солҳо мегузаранд ва соҳиби чанд фарзанди дигар мешавад. Рӯзе дар як ҷамъомад менишинанду аз мард суол мекунанд:

- Ба хотират ҳаст, вақте фарзанди аввалат ба дунё омада буд, ба мо ваъдаи гӯсфандро карда будӣ?

Мард мегӯяд:

- Бале, ба хотир дорам. Ҳамин қадар сол интизор шудед, акнун як ҳафтаи дигар интизор шавед, ҳамон фарзандам маоши аввалашро мегираду ваъдаро иҷро мекунам.

Роҳкиро

Мусофире аз ронанда пурсид:

- То шаҳри Душанбе чӣ қадар роҳкиро мегиред?

Ронанда дар ҷавоб гуфт:

- 30 сомонӣ!

Мусофир гуфт:

- Борхалтаҳоямро чӣ?

Ронанда гуфт:

- Борхалтаатонро бепул мебарам.

Мусофир гуфт: 

-Ин тавр бошад, борхалтаҳоямро баред, ман бо автобус меравам.

Дуздӣ

Ду дузд ба хонаҳои баландошёна шабона даромаданд. Дуздон дарро кушодан мехостанд, ки дар ҳамин вақт яке аз ҳамсояҳо аз дараш берун омаду гуфт:

- Агар пианинои ҳамон хонаро дуздед, ба милитсия хабар намедиҳам.

Фикри оянда 

Дар синфхона муаллима ба талабагон суол медиҳад: «Агар шумо калон шавед, кӣ мешавед? Фаридун ҷавоб бидеҳ».

– Муаллима, падари ман дар кони тилло кор мекунад, ҳар рӯз ба хона тилло меорад. Калон шавам, тиллоҳоро фурӯхта миллионер мешавам, баъд зан мегираму аз сари занам тилло мерезам.

Муаллима:

– Акнун, Нозия, ту ҷавоб бидеҳ.

Нозия бо хушҳолӣ ҷавоб дод:

- Ман фикри ояндаамро намекунам, зеро ман ҳамсари Фаридун мешавам.

Рамазони МИРЗОМУДДИН,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода