Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилии ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Густариш ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гаштааст.
Зуҳуротҳои мазкур дар замони имрӯза аз ҷумлаи умдатарин мушкилот ва проблемаҳои умумиҷаҳонӣ маҳсуб гардида, таваҷҷуҳи на танҳо як давлат ва ё минтақаи алоҳида, балки кулли ҷомеаи башариро тақозо дорад.
Мусаллам аст, ки натиҷаи аслӣ дар пасманзари муборизаву муқовимат бо зуҳуротҳои мазкур танҳо дар доираи ҳамкориву ҳамгироии доираи васе-аи давлатҳо ва созмонҳои минтақаву байналмилалӣ метавонад самари мусбат ва фаъол дошта бошад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдиди терроризми байналмилалӣ бетараф буда наметавонад ва дар ин росто яке аз кишварҳои дорои нақши созанда дар самти муқовимат ва чораандешӣ доир ба аз байн бурдани он мебошад.
Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва дохилидавлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ барои бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи кураи замин, алалхусус, мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд.
Дарки ҳамин мафҳумҳои дар боло зикршуда аст, ки Роҳбари муаззами кишварамон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд менамоянд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
Раҷабалӣ Раҷабов,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри бохтар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.