Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Неруи бахтовар ва ниҳоди созанда


Неруи бахтовар ва ниҳоди созанда




Мусаллам  аст,  ки  дар ҳар  давру  замон  башарият дар ҷодаи давлатдориву  давлатсозӣ  ба  маҷмӯи андешаҳои  созандаву  бунёдкор ва таҳрикдиҳанда ба сӯйи  пешрафт  ва  фардои дурахшон  зарурат  дорад. Маҷмӯи андешаҳои бунёдиву  нусратбахш  аз  тафаккури  солим,  ниҳоди  муътамад,  неруи  ҳастибахш, дар  заминаи  андешаҳои фаромиллӣ  бо  дарбаргирии  аносири  фарҳангӣ шакл мегирад. 

Хурсандибахш  аст,  ки  мардуми мо чунин андешаҳои созандаро дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ва  азму  талошҳои  пайгиронаи  Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дарёфтаанд,  ки  роҳи  моро  ба  сӯйи  ояндаи  дурахшон,  зиндагии  шоиста, давлати  милливу  ваҳдати  пойдор, ҳамдигарфаҳмиву  ҳамбастагӣ  пайваста равшан мегардонад. 

Шараф  ва  иқболи  бузург  аст,  ки мардуми саодатманду сарбаланд ва созандаву  бунёдкори  Тоҷикистони соҳибистиқлол  имрӯз  дар  фазои комили  амну  осоиш  ва  пешрафту шукуфоӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаву  нусратбахши  Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашни  фархундаи  30-юмин солгарди  таъсисёбии  “омили  бақои бахту  иқбол  ва  зимоми  давлатдории  тоҷикон,  неруи  созанда,  қувваи пешбаранда ва такягоҳи боэътимоду муттакои  ҳамешагии  мардум-Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон»-ро  бо  шукргузорию  ифтихор  аз дастовардҳои  беназири  даврони  Истиқлол  таҷлил  намуда,  зери ливои  сулҳу  ваҳдат  ва  ҳамдилию ҳамраъйии  сартосарӣ  ҷиҳати  расидан  ба  аҳдофи  бузурги  миллатсо-зиву  давлатдорӣ  қадамҳои  устувор гузошта истодаанд.

Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон  ҳамчун  неруи  бузурги сиёсии  созанда,  бунёдкор  ва  пешбарандаи  ҷомеа  дар  тӯли  30  соли фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии  пояҳои  сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан  ҳам  иқдомоти  арзанда  ва корҳои  бузургу  шоистаи  таҳсинро анҷом  додааст.  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  ба  сифати дастоварди  бузурги  сиёсии  даврони  соҳибистиқлолӣ  ҷиҳати  таҳкими давлатдории  навин  ва  таъмини ҳуқуқу  озодиҳои  инсону  шаҳрванд ба  фазилатҳои  баланди  сиёсӣ, сифатҳои  наҷиби  ахлоқӣ  ва  маърифати  пурсамари  маънавии  аъзояш такя  намуда,  кӯшишу  ғайрат  ва  донишу  идроки  онҳоро  барои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  сӯйи  эъмори давлати  демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш мебарад  ва  дар  ҷодаи  бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои бемислу монанд  ноил  мегардад.  Ҳамин  аст, ки  аз  самари  фаъолияти  густурда ва  меҳандӯстонаи  роҳбарияти  олӣ ва ҳизбиён сулҳу суботи сартосарӣ, сарҷамъиву  ҳамдигарфаҳмӣ  дар ҷомеа  рӯз  ба  рӯз  густариш  ёфта, мардум торафт ба зиндагии саодатмандонаву  комронии  бемисл  шарафёб гардида истодаанд. 

Асосҳои  назариявӣ  ва  идеологии  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон  аз  рисолати  адолатпарварию  инсондӯстӣ,  худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию  ватандӯстӣ  ва  созандагию  бунёдкории  Пешвои  миллат   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон сарчашма  гирифта,   бозгӯйи  хиради  азалӣ,  шоистагиҳои  сарварӣ, фазилатҳои фарзонагии ин фарзанди  ҷонфидову  дардошнои  миллат аст,  ки  ҳамвора  дар  роҳи  таҳким бахшидани  рукнҳои  беназири  фаъолият  ва  ҳадафҳои  барномавӣ  чун мактаби  сиёсӣ,  дастоварди  шоёни сиёсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар давраи  Истиқлоли  давлатӣ  ҳамчун ниҳоди неруманд “Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон”  ном  гирифта, маҳбуби ҳамагон шуд.

Пайравию баҳрабардорӣ аз ҳамин мактаби  сиёсии  Пешвои  миллат,  ки зербинои онро илму маърифат, равшангароиву маорифпарварӣ, ташаккули  ҳисси  баланди  ватандӯстиву соҳибдавлатии  ҷавонон,  муқаддас донистани  арзишҳои  милливу соҳибистиқлолӣ ташкил додааст, бешак, дар шароити муосири сиёсӣ ва геополитикии  минтақа  ва  ҷаҳон  ка-фолати  таъмини  пойдории  давлатдории навини мост.

Воқеан ҳам, мардуми шарафманди Тоҷикистон, бешак, дарёфтаанд, ки бо ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ояндаи худ ва фарзандонашонро ба дастони эътимодбахш супурда, аз хурд то бузурги кишвар Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро маҳбуби қалбҳои худ медонанд. 

Аз он чи дар ин матлаб гуфта шуд, ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки  муҳимтарин  омилҳои  мусоидаткунанда барои таъмини сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар кишвар ва ба таври итминонбахш ба сӯйи ояндаи дурахшону ҷомеаи боз ҳам пешрафта  қадам  гузоштани  Тоҷикистони азиз,  хусусиятҳои  шахсиятӣ  ва  мактаби  сиёсии  Пешвои  миллат-Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  мебошад.

Аз шарафи омилҳои мазкур мардуми  кишвари  мо  дар  симои  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  на  танҳо  роҳбари  сиёсӣ, балки  хирадманди  асил,  донишманди  варзида,  абармарди  дунёи сиёсат,  фарҳангдӯсту  адабпарвар ва  роҳнамову  дастгири  худро  пайдо  намудаву  ҳидоятҳои  Ӯро  ҳамчун қутбнамои роҳи зиндагӣ дарёфтаанд ва  худро  мухлису  пайрави  содиқи Сарвари  хирадрою  инсонпарвар  ва меҳанпарасту фидокор медонанд.

Шоёни  зикру  шоистаи  ифтихор аст,  ки  марҳилаи  сипаригардидаи давлатдории  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  исботкунандаи  он  аст,  ки  Ӯ Пешвои мардумии халқи Тоҷикистон ва  бунёдгузори  давлати  навини тоҷикон,  фарзонафарзандест,  ки  аз миёни  мардум  бархоставу  андешае ба ҷуз ободиву хуррамии Тоҷикистон, ҳадафе ҷуз сарфарозии тоҷикон, вазифае ҷуз хизмат ба давлату мардуми худ надорад. 

Ҳамин  аст,  ки  халқи  Тоҷикистон дар атрофи сиёсати Ӯ муттаҳид гардида,  бо  бархурдорӣ  аз  пайванди ногусастании  хеш  бо  Пешвои  худ дар  роҳи  шукӯҳманду  ифтихорафзои созандагию офарандагӣ бо уме-ди ояндаи босаодату кишвари обод қадамҳои  устувору  қотеона  мегузоранд. 

Муҳаммадҷони АБДУВОҲИД, 
сардори маркази матбуоти 
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба 
номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода