Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЪМИНОБОД. Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров 


МУЪМИНОБОД. Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров 




Моҳи ноябри соли 2024 ба зодрӯзи адабиётшиноси варзида ва мунаққиди барҷастаи тоҷик Соҳиб Табаров (1924-2024) сад сол пур мешавад. Боиси ифтихор ва сарфарозист аст, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 ба хотири гиромидошт ва арҷ гузоштан ба шахсияти шинохта, фарзандони фарзонаи миллат, муҳофизи далери Ватан, устоди даҳҳо олимон, нависандагон, рӯзноманигорон, фолклоршиносон Соҳиб Табаров  дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки зодгоҳ ва оромгоҳи устод Соҳиб Табаров мебошад Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 100- солагии Соҳиб Табаров баргузор гардид.

Дар кори конференсияи муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Муҳаммадовуд Саломиён, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода ва ректорони донишгоҳҳои қаламрави вилояти Хатлон, намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аҳли илму эҷоди кишвар ва меҳмонон аз марказҳои илмию таълимии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст меҳмонон дар саҳни оромгоҳ ва Ганҷинаи адабии Соҳиб Табаров, нимпайкараи адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин Табаров Соҳиб Шуҳратиевич мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз ганҷинаи адабии мунаққиди воқеъбин, дидан намуданд.

Ҳамзамон ҳайати меҳмонон оромгоҳи шодравон Соҳиб Табаровро зиёрат намуда, дар ҳақи ин шахсияти нотакрори илму адаб дуои нек намуданд.  

Сипас, кори конференсия дар бинои қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардида, раиси ноҳия Амирзода Сайвалӣ ҳайати бонуфузи меҳмононро ба ноҳияи Муъминобод хушомадед гуфт.

Дар идома муовини раиси вилоти Хатлон Абдусаломзода Анзурат зимни суханронии худ иброз намуд, ки иқдоми наҷибу адабпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шинохти шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангии кишвар қобили ситоиш ва пайравӣ мебошад. Дар робита ба ин баргузории конференсияву ҳамоишҳо бахшида ба 100- солагии Соҳиб Табаров дар ҳамаи муассисаҳои таълимиву илмии қаламрави вилоят ин иҷрои саривақтии амри Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 мебошад. Тазаккур бояд дод, ки Устод Соҳиб Табаров дар дафтари “Таассуроти ақлу дил” дар бораи бузургии меҳнат чунин гуфтааст: “Ин ду мафҳум (инсон - меҳнат) аз ҳам ҷудонашавандаанд. Инсон, ки аз меҳнат монд, ҳалок мешавад, албатта. Бинобар ин, дар ҳаёти моддӣ ва маънавӣ мақоми меҳнат (бо тамоми гуногунӣ ва ҳатто мухталифию зиддиятнокиаш бағоят бузург аст". Агар, ба таъбири бузургон, меҳнат “шарти якуму асосии тамоми зиндагии инсон бошад”, агар “худи инсонро меҳнат ба вуҷуд оварда бошад”, худ аз худ маълум мегардад, ки адабиёти бадеӣ низ аз инъикоси ин мавзуъ дар канор истода наметавонад.

Дар раванди конференсияи мазкур аҳли илму эҷод ва меҳмонон аз марказҳои илмию таълимии кишвар ба сухан баромада ҷойгоҳи Соҳиб Табаровро дар адабиёти муосири тоҷик, махсусан нақди адабӣ шоистаи таҳсин хонда, иброз намуданд, ки Соҳиб Табаровро хонандагони тоҷик, пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама, ҳамчун мунаққид мешиносанд. Осори қисми кулли адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-уми садаи ХХ фаъолият намудаанд, аз мулоҳизаҳои интиқодии ин мунаққиди пуркору воқеъбин дур намондаанд. Дигар хусусиятҳои нақди Соҳиб Табаров дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, онҳоро ба роҳи мақбул ва самараноки эҷодӣ ҳидоят менамояд.

Асарҳои устод Соҳиб Табаров «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Садриддин Айнӣ –асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Адабиёти муосири советӣ» (1984), «Адиби сухандон ва муборизи майдон» (1986) ва ғайраҳо пай дар пай ба табъ мерасанд. Ҳар кадоми онҳо, хоҳ ба эҷодиёти адибони алоҳида бахшида шуда бошанд ва хоҳ масъалаҳои умумии адабиётшиносиро фаро гиранд, бо дақиқӣ, ҳуҷҷатнокӣ ва услуби таҳлили воқеъбинонаву асоснок фарқ карда меистанд. Дар ҳақиқат, мактаби адабиётшиносии устод Табаров тавассути ҷаҳду талош ва сахтгирию масъулиятшиносии беҳамто, чунонки шарқшиносони барҷастаи чех Ян Рипка ва Иржи Бечка низ таъкид кардаанд, ба яке аз мактабҳои пурқувват ва бонуфузи замони пеш аз соҳибистиқлолӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил гардид ва баъдҳо ба ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон низ доман паҳн кард. 

Дар қисмати хотимавии конференсия хотироту табрикоти дӯстон ва шогирдону наздикони устод Соҳиб Табаров ба конференсия шукуҳу шаҳомат бахшид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода