Зан набошад, зебу зиннат нест, дар маъвои мо...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 35
Зан маҳсули бебаҳои аввалину охирини Офаридгори ҳастӣ дар рӯи замин буда, дороии беҳтарини дунё зан аст. Зан манбаи зебогиву сарчашмаи ишқу муҳаббат аст.
Зани боақлу ороста, меҳрубон давлати бузурги инсонист. Зан модар, бофанда, дӯзанда ва бонуи ҳунар аст. Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат аст. Зан олиҳаест, ки тамоми омӯзгорону духтурон, муҳандисон, пешвоҳо, шоирон ва аз ӯ ба дунё омадаву тарбияи ӯро гирифтаанд.
Зан пурнурии хонавода ва маркази меҳр аст. Бояд ҳар як зан фарзанди худро ба роҳи ватандӯстӣ тарбия намояд. Бо дастгирии Пешвои миллат мақоми зан модар дар ҷомеа хеле баланд гардидааст. Бо ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат занони Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ба халқ ва кишварамон софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.
Модар ин худ зан аст, модар қиматтарин ганҷест дар рӯи олам, сарчашмаи ҳамаи муҳаббатҳо аз модар аст.
Маҳз меҳрубонии модар аст, ки моро ба олам ошно ме-кунад. Модар шахсест, ки моро ба мо роҳи ростро нишон дода, дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия мекунад. Муаллими аввалини ҳар як фарзанд ин модар аст, зеро аввалин роҳ рафтан, сухан гуфтан, дар сари дастархон боодобона нишастан, ба калонсон эҳтиром гузоштанро модар ба фарзандаш меомӯзонад. Канори модар худ аввалин мактаби мост, зеро баҳри фарзанд мисли канори модар орому осуда ҷойи дигаре нест.
Ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба занон хеле баланд аст, он кас дар яке аз суханрониашон чунин гуфтаанд: “Зан - модар оинаи чеҳранамои миллатанд”.
Зани тоҷик ба миллат ифтихор аст. Занон қувваи бузургу пешбарандаи ҷомеаи навин мебошанд. Дар ҳама соҳа нақши дастони занон ба чашм мерасад. Масалан гулдӯзӣ, бофандагӣ, кадбонугӣ, нақшу нигори миллӣ ин ҳама нақши заҳмати дастони пурэъҷози занон аст. Зан - модар барои таълиму тарбияи фарзанд кӯшиш намуда, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллиро меомӯзонад. Инчунин, зан - модар фазанди худро дар роҳи ватандӯстӣ тарбия менамояд.
Бисёре аз шоирон ва нависандагон дар васфи занон шеърҳо гуфтаанд ва асарҳо эҷод намудаанд. Масалан, дар асари Сотим Улуғзода “Ёрони боҳиммат” гузаштаи зани тоҷикро дар нақши Зайнаб нишон додааст, ки шавҳари бе дасту пойи худро ба зиндагӣ баргардонидааст. Вақте мо ин асарро мутолиа мекунем, пеши назарамон қаҳрамон зани тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузуги Ватанӣ дар мисоли Ойгул Маҳмадҷонова меояд, ки ба мавзеи душман 43 маротиба парвози ҷангӣ намудааст.
Ва дар ин солҳои охир қаҳрамон-зани тоҷик ва вар-зишгар Мавзуна Чориева бо доштани қувваи бузург номи Тоҷикистонро баланд бардошт ва ба ҷаҳон нишон дод, ки як зан ҳам метавонад номи кишвари худро баланд бардорад. Бо дастгирии Сарвари давлат тамоми занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо кор карда, номи Ватани худро баланд бардошта истодаанд.
Саидамоҳ РАҲИМБЕРДИЗОДА,
омӯзгор
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00