Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аз зуҳуроти номатлуб дур бояд буд


Аз зуҳуроти номатлуб дур бояд буд




Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷараҷӯй, зӯровариро дошта, дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст.  Вақте  ки  мо  дар  бораи  ифротгароӣ  сухан  меронем, дар  назар  дошта  мешавад,   ҳамон  калимаи  тундравӣ.  Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро  дошта,  одамон  онро  шунида,  дар  онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Бетарафӣ  нисбати  ин  падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда,  ба  ваҳдати  миллӣ,  Истиқлоли давлатӣ  ва  бехатарии  кишвар таҳдид менамояд.

Дар  ҳамаи  давру  замони таърихӣ гурӯҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд. Бо ин ё он тарз фаъолияти  мафкуравию  амалӣ  зоҳир  мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи  таъриху  фарҳанги  башарият тасдиқ намудааст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё  миллат  хос  нест.  Барои  он  ки дини  мубини  ислом  минбаъд ҳамчун  манбаи  зӯроварию  фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба  ҷаҳолат  маърифатро  муқобил гузорем  ва  ба  ҷойи  муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Вобаста  ба  ҳамин  қайд  кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро  ба  тундгароӣ,  золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва  фаҳш  даъват  намекунад.  Албатта,  терроризм  ва  экстремизм бавуҷудоварандаи  фазои  хавф  ва тарсу ҳарос мебошанд.

Экстремизм аз калимаи франсузии  “extremisme”  ва  лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру  андешаҳо  ва  амалҳои  тундра-вона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан буда, экстремист шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори  амалҳои  тундравию якравӣ  аст.  Экстремизм  (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.

Мақсади асосии террористон ва ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ халалдор сохтани вазъи ороми ҷомеа, низоъ андохтан дар байни табақаҳои мухталиф, қатлу ғорати бегуноҳон аст.

Асоси  шомил  шудани  ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб  ин  надонистани  сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси  маънавӣ-фарҳангии  хеш, бегонапарастию  қадр  накардани қимати  дастовардҳои  Истиқлоли миллӣ оварда мерасонад.

Ҳалим МУБОРАКҚАДАМОВ, 
ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода