Хотираҳо аз дафтари ёддошти С. Табаров
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 139
БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ АДАБИЁТШИНОС ВА МУНАҚҚИД СОҲИБ ТАБАРОВ
Ҳафтоду ду сол пеш аз ин ҳукумати шуроӣ бандаро аз хонаҳои бачагони Муъминобод ва баъд Тебалай барои таҳсил ба шаҳрҳои Самарқанд, Панҷакент, Сталинобод, Москва, Ленинград фиристод. Дар муддати тӯлонӣ банда кӯшиш мекардам, ки ҳам шаъну шарафи авлоду аҷдодамро нарезонам, ҳам обрӯву манзалати халқи меҳнатқарини зодгоҳам - Муъминобод ва махсусан Дуоби Миёнаи онро бо деҳаи Чорраҳа, ки дар он хуни нофам рехта, паст назанам ва ҳам барои миллати азизам мувофиқи ақлу хирад ва донишу истеъдодам хидмат намоям.
Камина худамро хушбахт мешуморам, ки фаъолияти илмиву адабиётшиносӣ ва мунаққидиамро дар замони асосгузорони адабиёти тоҷики асри ХХ Айнӣ ва Лоҳутӣ оғоз намудам.
Аз он хушнудам, ки дар давоми зиндагониам пасу пеш ҳамроҳи удабову уламои маълуму машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Аминзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ғанӣ Абдулло, Баҳром Сирус, Раҳим Ҳошим, Лутфӣ ва бисёр дига-рон ба кори адабиву мунаққидӣ ва илмӣ
машғул будам.
Банда худамро хушбахт мешуморам, ки ҳамроҳи чи ҳамсолону чи ҳамзамононам Носирҷон Маъсумӣ, Тилло Пӯлодӣ, Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров, Муҳиддин Фарҳат, Пӯлод Толис, Нурҷонов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Шарқӣ ва амсоли онҳо ҳамкор будам ва ҳамкор мебошам.
Шодмонии камина боз аз он зиёд мегардад, ки меҳнати илмиву эҷодиамро то ба имрӯз аз солҳои шастум сар карда, бо Лоиқ Шералӣ, Атохон Сайфуллоев, Абдумалик Баҳорӣ, Ансорӣ, Гулчеҳра Сулаймонова, Ҷонибек Акобиров, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Ҳақназар Ғоиб, Ҳабибулло Файзулло, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Озод Аминзода, Фарзона, Қутбӣ Киром, Алӣ Бобоҷон, Зиё Абдулло, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳром Фирӯз, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Аюбзодаи Маҳзун, Султон Сафар, Низом Қосим, Кароматулло Мирзоев, Ато Ҳамдам, Саидҷон Ҳакимзода, Муҳаммад Ғоиб, Шодиқулов, Ҷӯрахон Бақозода ва дигарон идома дода истодаам.
Даҳчанд аз инҳо зиёдтар мефаҳмам, ки ҳамроҳи дигар устодони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба даҳҳо ва садҳо нависандагон, шоирон, адабиётшиносон, драматургон, мунаққидон ва рӯзноманигорону мутарҷимон ва ходимони давлатӣ, илму маданият, маорифу ҳунар, ки имрӯз як қисмашон сазовори ҷоизаҳои давлатии ИҶШС ва ҶТ, вазифа, рутба ва унвонҳои олитарини давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошанд ва ном бурдани онҳо дар ин ҷо вақти хеле зиёдеро мегирад, асосҳои илми адабиётро меомӯзондам ва ҳамаи онҳо мояи ифтихори камина мебошанд.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00