Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ЭРОН


МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ЭРОН




Имрӯз, 19 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ анҷом дод.

Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар буда, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳимми Тоҷикистон ва минтақа мушорикати фаъол доранд.

Дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст, ки нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.

Дар мулоқот масоили рушди соҳаи саноат, густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои хурду бузург мавриди гуфтумон сурат гирифт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода