Ҳангоми муомила бо пули нақд ҳамеша эҳтиёткор бояд буд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 174
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯзҳо баъзе ашхос ё гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд. Аз ҷумла, вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун оид ба дар муомилоти пулӣ истифода шудани коғазҳои дорои навиштаҷоти “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ” ва монанд ба банкнотаҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди кишвар ба назар расида, мавриди таваҷҷуҳ ва вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтаанд.
Хотиррасон мекунем, ки тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ тибқи Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиноят дониста мешавад.
Бинобар ин, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми муомилот бо пули нақд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори ВКД, КДАМ ё кормандони мақомоти мазкур хабар диҳанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00