Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 193
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дӯш гирифтд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовиматҳои сиёсӣ ҷараён дошт. Касе ба ояндаи нек умед намебаст. Зеро ҳар рӯз нафароне кушта мешуданду қисме беному нишон. Фазоро садои тир тасхир карда буд. Бародар дар симои бародари худ душманро медид. Мардум аз тарси ҷон фирор мекарданд. Дар як муддати кӯтоҳ манзилҳои ободу бинову корхонаҳои азим хароб гардиданд.
Иқтисодиёти кишвар рӯ ба поин ниҳод. Аз як тараф, қатлу куштор ва аз сӯйи дигар, одамон аз гуруснагиву фақирӣ азият мекашиданд. Кишвар ба имтиҳони ҷиддии таърих рӯ ба рӯ гашт. Ҳатто миллатро парокандагӣ таҳдид мекард. Вале нафаре рӯйи сиёсат омаду сипари миллати тоҷик шуд.
Баҳри рафъи ҳамаи ин мушкилиҳо Худованд нафареро ато намуд, ки ин масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифту садди роҳи даргириҳо гардид ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Ин шахс Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз соли 1992 гуфта буд: “Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфоии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шуданаш ниҳоят соҳиби Қаҳрамони воқеӣ дар шахси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки аз баракати чашму дилу сухани равшанаш батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфт.
Бадтарин зулмот ҷанги таҳмилии бародаркуш болои ин миллат буд, ки Пешвои миллат бо ғайрати мардона ва дили қавӣ ҷони худро дар хатар гузошта, мардумро сарҷамъ намуд ва роҳро ба сӯйи сулҳу ваҳдати комил равшан кард. Дигар зулмот гу-руснагии оммавӣ буд, ки бо андешаи равшани Пешвои миллат, бо тақсим кардани заминҳои президентӣ ва анҷом додани дигар тадбирҳои муҳимми иқтисодӣ ҳалли худро ёфт.
Зулмоти дигар ҳамон фазои торике буд, ки бинобар сабабҳои зикршуда самои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифта, роҳи моро барои пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин банд мекард. Ин зулмоти ҷаҳолату таассуб буд. Пешвои мо бо баромад аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо суханони оқилона ва бо забони тоҷикӣ пардаи ин зулмотро даронд, чашми оламиёнро ба сӯи ояндаи равшани кишварамон кушод ва тасаввури мардуми оламро нисбати миллати тамаддунофари тоҷик ба таври мусбат тағйир дод.
Баъди хотимаи ҷанг ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем. Яъне вазифаҳои асосиеро, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии мамлакат муайян гардида буданд, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот, дар амал татбиқ намудем: як миллион гурезаи иҷбориро ба ватан бар-гардонидем, созишномаи сулҳро ба имзо расонидем, фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро барқарор намудем ва роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифтем”.
Воқеан, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор на-мудани оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ, аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшидани кишвар, таъмини амният дар мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, марҳила ба марҳила рушд бахшидани давлат, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ар-саи байналмилалӣ басо бузург аст.
Ҷойи ифтихор аст, ки ташаббусҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, бахусус оид ба дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ ва дигар мушкилоти экологӣ, муборизаи беамон бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт.
Корномаи давлатсозию сулҳофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат ҳеҷ гоҳ аз хотираи мардум зудуда намешавад, зеро Пешвои миллат суннатҳои давлатдории гузаштагони худро, аз Куруши Кабир то Исмоили Сомонӣ, бо анъанаҳои давлатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, бори дигар онҳоро эҳё намуданд, бо сиёсати хирадмандона, ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ давлати дар ҳоли суқут қарордоштаро дубора барқарор ва тамоми аркони давлатдориро устувору пойдор сохтанд.
Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.
Абдулмаҷид МУМИНЗОД,
раиси шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...