ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ИСТИҚЛОЛ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 111
Қонуни асосии кишвар, ки таҳти Роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабу қисматсоз ва пурпечутобу ҳассоси рӯзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати куҳанбунёдамон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеа ба миён оварда, самти ташаккули иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсии давлатро муайян намуд.
Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи собиқ сотсиалистӣ ба давла-ти ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, дар заминаи он рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.
Қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид.
Хусусияти муҳими Конститутсия дар он аст, ки аз як тараф Қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА, академик
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...