Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сафия – нозири роҳ


Сафия – нозири роҳ




Аслан бо фаъолияти ӯ ҳангоми баргузории чорабиниҳои Истиқлоли давлатии  имсола  дар  шаҳри  Бохтар  огоҳ  шудам.  Гурӯҳи  хонандагон, омӯзгорон, сокинону меҳмонон дар кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳр ҷониби варзишгоҳи  ДДБ  ба  номи  Носири  Хусрав  ҳам  бо  роҳи  мошингард  ва ҳам  бо  роҳи  пиёдагард  раҳсипор  буданд.  Ман  низ  дар  қатори  онҳо  будам. Ногоҳ таваҷҷуҳи маро садое ба худ ҷалб намуд, ки бо забони ноби тоҷикӣ  пиёдагардонро  барои  риоя  намудани  қоидаи  ҳаракат  дар  роҳ даъват менамуд.

“Шаҳрвандони  муҳтарам,  пиёдагардони  гиромӣ! Эҳтиромона  хоҳиш менамоем,  ки  бо  роҳи  пиёдагард ҳаракат намоед!”-гӯён даъват мекард. Дар аввал гумон кардам, ки ин садои сабтшуда аст. Бо гузашти ҳамагӣ чанд сония аз назди мо автомобили БДА гузашт. Автомобили БДА-ро зане идора мекарду суханони дар боло гуфтаашро такрор менамуд. Ростӣ, аввалин маротиба зан-корманди БДА-ро медидам. 

Пас  аз  ҷустуҷӯйи  тӯлонӣ   ниҳоят ному  насаб  ва  ҷойи  кори  ӯро  пайдо  кардам.  Ин  зан  мудири  шуъбаи ташвиқотию  тарғиботии  шуъбаи  БДА дар вилояти Хатлон лейтенанти калон Сафия Ҳисоризода мебошад. Суҳбати мо сари як пиёла чой сурат гирифт.

Сафия  Ҳисоризода  аз  ҷумлаи  он занонест,  ки  ба  ҷинси  латиф  будани  худ  нигоҳ  накарда,  касби  душвори масъулиятталабро  интихоб  намудааст. Сафия дар оилаи омӯзгор таваллуд  шудааст. Миёни  нуҳ  фарзанд  ӯ панҷумин  аст.  Ба  гуфтаи  модараш, Сафия бо падараш ҳамеша як ҷо буд. 

Ҳар  куҷое  падар  мерафт,  Сафияро ҳамроҳ мебурд. Аз ин ҷост, ки Сафия хислату рафторҳои мардонаро ба худ гирифтааст. 

-Яке аз амакҳои ман корманди ми-литсия  буд.  Вақте  ӯро  медидам,  орзу мекардам, ки ман ҳам рӯзе милитсионер шавам. Аммо дар гӯшаи хаёлам ҳам корманди БДА шудан набуд, - даврони кӯдакии худро ба хотир оварда нақл мекунад лейтенанти калон С. Ҳисоризода.

Пас  аз  хатми  мактаби  миёна  ба  Коллеҷи  тиббии шаҳри Бохтар дохил шуда, онро бо ихтисоси момодоя хатм кард ва ба Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба кор даромад. Аммо ҳанӯз расидан ба орзуи кӯдакӣ ӯро ором намегузошт. “Ман бояд милитсионер шавам!”-доимо дар дил такрор мекарду нақшаро барои расидан ба он тарҳрезӣ менамуд. 

Ниҳоят бо гузашти солҳо барои расидан ба орзуяш қадаме ба пеш гузошт. Соли 2009 барои дохил шудан ба Академияи ВКД-и Тоҷикистон имтиҳон супориду гузашт. Дар баробари ин, дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон  ба  сифати  мутахассис  –  ҳуҷҷатгузор  ба кор даромад. Дар ин ҷо аз сидқи дил кор кард. 

Соли  2012  ба  котиботи  шуъбаи  БДА  дар  вилояти  Хатлон  кадрҳои  дар  ин  самт  обутобёфта ва  таҷрибадор  лозим  мешавад.  Сафия  аллакай дар  ин  самт  таҷриба  андӯхта  буд.  Бо  тавсияи роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон С. Ҳисоризода барои идомаи кор ба шуъбаи БДА-и вилоят гузаронида шуд. Инак, тайи чанд сол ме-шавад, ки дар ин ниҳод бо сари баланд фаъолият дорад. 

-Худро  дар  миёни  мардҳо  чигуна  эҳсос мекунӣ? – пурсидам аз ӯ. 

-Дар миёни мардҳо худро мард ҳис мекунам, зеро ман зани низомиям. 

Ӯ  нақл  мекунад,  ки  ҳангоми  кор  дар  БДА  ба бисёр ҳодисаҳо дучор шуда, аз нозири роҳ будани зани тоҷик фахр мекунад. 

-Вақте   ки  барои  вайрон  кардани  қоидаи ҳаракат  дар  роҳ  ронандаро  як  зан  бо  либоси низомӣ  бозмедораду  ба  вай  қоидаҳои  ҳаракат дар  роҳро  мефаҳмонад,  ронандагони  мард  ӯро ба ҷиддият қабул намекунанд, - нақлашро идома медиҳад қаҳрамони мо. - Аммо, вақте ки ба мани зан дигар ҳамкорон саломи низомӣ медиҳанд, ин ифтихори калон аст. 

Лейтенанти  калон  Сафия  Ҳисоризода  иброз медорад, ки масъалаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз ҷониби ронандагон ва ҳам аз ҷониби пиёдагардон боиси нигаронии ҷиддист. 

Дар  самти  баланд  бардоштани  дониши  сокинон  доир  ба  қоидаҳои  ҳаракат  дар  роҳ,  ҳарчанд аз  ҷониби  кормандони  БДА  ҳамарӯза  корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида  мешавад,  ҳанӯз  ин масъала ҳалли худро наёфта, боқӣ мемонад. 

-Моро лозим аст, ки ба сокинон аз хурдӣ риоя кардани  талаботи  қоидаҳои  ҳаракат  дар  роҳро фаҳмонем.  Баъзе  сокинон  бо  сабабҳои  гуногуну ночиз ҷони худу дигаронро дар хатар мегузоранд. 

Масалан, то гузаргоҳи пиёдагард ҳамагӣ 100 ё 200 метр мондааст. Аммо калонсолон бо кӯдаконашон роҳро  убур  карда  мегузаранд.  Аз  онҳо  мепурсӣ, ки чаро ингуна кардед? Мегӯянд, ки саросемаем. 

Бинед, дар ин ҷо чанд хатар аст. Якум, ҷони худу фарзанд,  ронандаю  мусофирон  ва  дигар  иштирокчиёни  ҳаракат.  Охир  ҷони  ин  қадар  инсонро дар хатар нагузошта, ҳамон 100-200 метрро тайкарда аз роҳи пиёдагард гузарад, намешавад,- бо таассуф аз таҷрибаи кории худ нақл мекунад сардори гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии шуъбаи БДА дар вилояти Хатлон С. Ҳисоризода.

Ӯ  таъкид  менамояд,  ки  яке  аз  омилҳои  асосии  баланд бардоштани  донишҳои  сокинон,  махсусан  наврасону ҷавонон дар самти қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ин зиёд намудани  соатҳои  дарсӣ  дар  муассисаҳои  таълимӣ, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷарима намудани со-кинон – пиёдагардон мебошад. 

Сафия дар баробари зани низомӣ будан, модари чор фарзанд аст. Рӯзи муқаррарии ӯ соати 5-и субҳ  оғоз  мегардад.  Дар  хона  аввал  ба  фарзандонаш наҳорӣ омода карда, онҳоро ба таълимгоҳ мефиристад.  Сипас,  худ  наҳориашро  гирифта  ба кор меояд. Дар ҷойи кор аввал, чун одат, ҳар саҳар ба масофаи 3 километр медаваду баъдан наҳорӣ карда,  ба  кор  шуруъ  мекунад.  Ӯ  мегӯяд:  “Давидан барои хуб нигоҳ доштани саломатӣ ва ҳолати ҷисмонӣ кумак мекунад”.

-Маҳз  Истиқлоли  давлатӣ,  сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо имкони-ят дод, ки дар як кишвари ободу озоду демократӣ кору  зиндагӣ  намоем.  Имрӯз  сокинони  мамла-кат,  махсусан  мо-занон  шукргузор  аз  онем,  ки ҳамчун як қишри фаъоли ҷомеа саҳми худро дар ободонӣ,  тинҷиву  осудагии  кишвар  гузошта  истодаем. Мақоми занону бонувон дар кишвар рӯз аз рӯз баланд мегардад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҳамеша посдоранда, ҳомӣ ва нигаҳбони ин осудагӣ ва  оромӣ  бошем,  -  мегӯяд  лейтенанти  калон  Сафия Ҳисоризода. 

Т. НИЗОМ, 
шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода