ЗАН-МОДАР МАНБАИ МЕҲРУ ВАФО
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 269
Зан-модар ибтидои ҳастии башарият, сарчашмаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.
Зан-модар фариштаи зебоӣ, манбаи меҳру сафо, раҳму шафқат ва равшангари зиндагӣ буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад. Шоир Хайрандеш ин меҳру вижагиро дар як шеъраш чунин баён кардааст:
Зан ҳаст, ки сарсабз замин асту замон аст,
Зан ҳаст, ки ҳастии ҷаҳон пурҳаяҷон аст.
Зан пояи эҳё ба ҳама оламиён аст,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни ҷаҳон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, онҳоро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ситоиш кардаанд.
Меҳру муҳаббати зан-модар зиндагиро ба низом оварда, фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамо-яд. Имрӯзҳо бонувони саодатманди тоҷик дар тамоми соҳаҳо сарбаландона кору пайкор доранд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар баробари ин меҳнатҳо модарону занони арҷманди мо фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тарбия намуда, дар ниҳоди онҳо оини ободкориву меҳанпарастиро бедор месозанд, дасти дуо бардошта, шермардонро ба ҳимояи Ватан равон мекунанд.
Ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон ибтидо мегирад. Оилаи солиму соҳибмаърифат ба дунёи маънавӣ ва завқи зебопарастии занону модарон вобаста аст, ки ин рисолати созандаро бо эҳсоси баланди таҳкими оиладорӣ иҷро менамояд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардош-тани мақоми зан дар ҷомеа» қабул ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, стратегия ва консепсияҳои миллӣ, ки нақши занонро дар мақоми роҳбарӣ солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила қавӣ мегардонад, далели возеҳ мебошад.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ табдил додааст.
Дар Паёми соли гузашта Президенти кишвар бо назардошти хизматҳои арзандаи занону бонувон пешниҳод намудаанд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Ин мояи ифтихори мо-занони тоҷик аст, ки имрӯз чунин Сарвар дорему дар чунин як фазои орому осуда кору фаъолият мекунем.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ соҳибкор, табиби ҳозиқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, биноко-ри номдор, мураббии наслҳо, ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки мояи ифтихор аст.
Зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши арзанда дошт ва имрӯз низ дар ҳамин поя қарор дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон ва ҳар куҷое қадамраси ӯ бошад, таровату покизагӣ мебахшад.
Аз ин рӯ, аз оғози таърихи мутамаддин то ба имрӯз мар-думи мо бо масъалаҳои он ки зан бояд соҳибмаърифат бо-шад, аҳамияти хосса додаанд, кӯшиш ба он намудаанд, ки за-нон дар ҷомеа мақом дошта бошанд.
Дар шеъри муосири мо чеҳраи модарро чун устод Лоиқ Шералӣ касе ба ин ҳад ҷаззоб ба риштаи назм накашидааст, ки гуфта буд: «То бо ашъорам ба модарам ҳайкал нагузорам, ман намемирам».
То насозам ҳайкале бар ёдгори модарам,
То нагардам ҳамсари
Боми Ҷаҳони кишварам.
То нагардад матлаи умри абад бому дарам,
Нашканад то ташнагии ташнаро шеъри тарам.
Ман намемирам, маннахоҳам мурд!
Занону бонувон дар ҷомеа қувваи бузург буда, бо шукргузорӣ аз ваҳдату якдилӣ, сулҳу субот ва фазои тинҷу оромии кишвар дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти босамар доранд. Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати занону бонувон бахти баланд ва ифтихори мо-занон аст.
Сафармо ҲАҚНАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ №6-и ноҳияи Вахш
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...