Форуми “Хатлон Инвест”: Беш аз 30 созишнома 220 миллион доллар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 312
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17-18 октябр дар маркази вилоя-ти Хатлон – шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ - содиротии “Хатлон Инвест” баргузор гардид.
Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузорӣ - содиротии “Хатлон Инвест”, ки аввалин ҳамоиш дар вилояти Хатлон мебошад ва Намоишгоҳи “Бохтар Фуд-2024”, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, беш аз 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи кори Форум изҳори итминон кард, ки Форум ҷиҳати муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд имконияти мусоид фароҳам оварда, дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя дар бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди содироти маҳсулоти хушсифати экологӣ ва барвақтии тару тозаи табиӣ саҳмгузор бошад.
17 октябр ҳамчунин Намоишгоҳи «Бохтар-Фуд» доир гардид, ки дар он дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуданд. Васеъ кардани ҷуғрофияи ҳамкориҳои мутақобилан судманди истеҳсолӣ дар самти ҳамкориҳои байниминтақавӣ бо кишварҳои дуру наздик, ҳамчун ҳадафи стратегӣ арзёбӣ гардид.
Илова бар ин, дар қисмати расмии ифтитоҳи Форум барои муҳокимарониҳо ва мубодилаи афкор панелҳои мавзуӣ ва майдонҳои алоҳидаи мулоқоту музокирот ташкил карда шуд.
Дар мулоқоту музокироти форум мавзуъҳои рӯзмарраи иқтисоди рақамӣ, энергияи сабз, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ ва сармоягузорӣ дар тамоми бахшҳо - энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, савдо ва фанновариҳои технологӣ мавқеи афзалиятнокро касб намуд.
- Самти дигари муҳими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ин, пеш аз ҳама, таъсиси корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда арзёбӣ мегардад, ки талабот ба он ҳам дар дохили бозорҳои минтақа ва берун аз он баланд мебошад, - афзуд раиси вилоят.
Тайи солҳои охир бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ фазои ҳуқуқии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ боз ҳам тақвият бахшида шуд. Ҳамчунин, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани заминаи меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бақайдгирии соҳибкорӣ идома дорад.
Дар ин раванд ҷорӣ шудани технологияҳои рақамию равзанаҳои бақайдгирии электронии шахсони ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкоронро сода намуда, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад.
Ба маълумоти иштирокчиёни форум расонида шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 100 шакли имтиёзҳои андозу гумрукӣ ва сармоягузорӣ истифода мешаванд. Ба сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи озоди ба хориҷа интиқол додани даромад ва фоида бо асъори хориҷӣ кафолат дода шудааст.
Имрӯз вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат тараққикунандаи кишвар буда, дар он қариб 4 миллион нафар ё 40 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд.
Танҳо дар 5 соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Хатлон қариб ду баробар афзуда, ба 36 миллиард сомонӣ расид. Суръати миёнаи афзоиши маҷмӯи маҳсулоти умумии минтақа дар ин давра бештар аз 7,5%-ро ташкил дод.
Рушди иқтисодии вилоят танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 8,3 %-ро ташкил дод. Айни замон вилояти Хатлон бо беш аз 50 кишвари хориҷи дуру наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ барқарор намуда, ба вилоят аз 30 кишвари хориҷӣ сармоя ҷалб карда шудааст.
- Барои кушодани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва саноатӣ, коркарди ҳама намуди канданиҳои фоиданоки маъдан, захираҳои обу замин муҳайё буда, мо ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ дар тамоми фасли сол имкон дорем, - гуфт раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Соҳаи кишоварзӣ дар амалигардонии стратегияи рушди устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ, коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмуъ беҳсозии сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар нақши калидӣ дорад.
Дар маҷмуъ, имрӯз 56%-и маҳсулоти соҳаи кишоварзии кишвар, аз ҷумла 62%-и ғаллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, 67%-и пахта, 52%-и пилла, 60%-и сабзавот, 78%-и зироатҳои полизӣ, 60%-и гӯшт ва 42%-и шир ба вилояти Хатлон рост меояд.
Масоҳати заминҳои обёришаванда дар вилоят 338 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки он ба 45 фоизи тамоми заминҳои обии ҷумҳурӣ баробар аст.
Танҳо соли гузашта дар вилоят зиёда аз 1,1 миллион тонна ғалла, 1,8 миллион тонна сабзавот, 227,3 ҳазор тонна картошка, 276,2 ҳазор тонна мева, 125,0 ҳазор тонна ангур ва 229 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.
Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик қариб 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Дар вилоят ҳамасола зиёда аз 80,0 ҳазор тонна нахи пахта, зиёда аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол гардида, қисми зиёди он дар шакли ашёи хоми коркарднашуда ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Ин омил дар баробари имтиёзҳои назарраси андозию гумрукӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда бояд далели қавӣ гардад. Самти дигари муҳими ҳамкориҳои бомуваффақият сармоягузорӣ ба соҳаи саноат мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки рушди соҳаи саноат барои гузариш ба модели индустриалию аграрӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 ба ҳайси афзалияти асосӣ дарҷ гардидааст, мақоми хосро касб кардааст. Соҳаи саноат дар вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, саҳми он дар саноати ҷумҳурӣ ба 25% баробар мебошад.
Бинобар мавҷуд будани ашёи хом, хусусан пахта ва шароити муҳайёшудаи сармоягузорӣ имконият фароҳам меова-рад, ки дар соҳаи нассоҷӣ корхонаҳои муштарак бунёд карда шаванд. Чунин таҷриба дар ноҳияи Данғара дар ширкати “Ҷунтай-Данғара Син-Силу” бо иқтидори коркарди 12 ҳазор тонна нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, дар заминаи мавҷуд будани имкониятҳои соҳаи боғпарварию сабзавоткорӣ мумкин аст, ки дар ҳамкорӣ коркард ва хушконидани меваю сабзавотро ба роҳ монд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки табиати зебо ва иқлими мусоиди вилоят имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза маҳсулоти комилан органикӣ, ба талаботи консепсияи маҳсулоти сабз мутобиқ бошад.
Ин барои содироткунандагон барои дастрасӣ ба бозорҳои хориҷи кишвар ва ҷалби таваҷҷуҳи муштариёни ба озуқавории сабз ҳавасмандбуда бо афзалиятҳои иловагии рақобатнокӣ шароит фароҳам меоварад. Гуфта шуд, ки дар вилоят барои коркарди пӯсту пашм низ имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Вобаста ба ин, дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, хосатан дар даврони рушди вусъатно-ки технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иқтидорҳои бузурги истифоданошудаи саноатию аграрӣ мавҷуданд, ки имкон аст, дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор ба манбаи даромади устувор бо таъ-сиси занҷираи пайвастаи таҳвили мол ба бозорҳои хориҷи кишвар табдил дод.
- Дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 50 ширкат бомуваффақият маҳсулоти босифат ва рақобатпазири худро дар дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш баровар-да истодаанд, - зикр кард Давлаталӣ Саид. - Мо дӯстон ва шарикони худро даъват менамоем, ки аз имконияти минтақаҳои озоди мо барои ташкили ҳам иқтидорҳои истеҳсолии худ ва ҳам корхонаҳои муштарак истифода баранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки вилояти Хат-лон дорои инфрасохтори ҳамлу нақли бор ва мусофирон мебошад. Дар ҳудуди вилоят ду фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мавҷуд аст, ки дар пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ нақши бунёдӣ дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масъалаи рушди соҳибкории хурду миёна диққати хос зоҳир намуда, махсусан дар самти тақвияти соҳибкории занони муваффақ иқдомоти дастгирии молиявиро амалӣ намуда истодааст.
Дар миқёси вилоят 31264 нафар занони соҳибкор расман фаъолияти инфиродии худро рушд медиҳанд, ки 19084 нафари онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.
Дар доираи дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна миёни занону бонувон аз соли 2021 то соли 2023 ба 63 на-фар занони соҳибкори вилоят ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлон дастрас карда шудааст, ки ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона гардидааст.
Имрӯз маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун барои дарёфти гранти Раиси вилояти Хатлон дар соли 2024
ба 30 нафар соҳоибкорзанони вилоят ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ анҷом
дода шуд.
Грантҳои раиси вилояти Хатлон барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд.
Истифодаи имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, ки ҳамасола садҳо ҳазор меҳмонони дохилию хориҷиро ҷалб меку-над, ҳамчунин самти муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҳудуди вилоят 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 121 меҳмонхона, 139 мав-зеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
ва 115 зиёратгоҳ мавҷуд мебошад, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилоят, аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Во-сеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи
Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ва Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”-и ноҳияи Дӯстӣ ба Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардида-анд, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси инфрасохтори муносиби сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳии кӯҳӣ, дар бахши хизматрасонӣ, тиҷорати меҳмонхона ва тарабхона як самти хеле ҷолиб барои тавсеаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ маҳсуб мешавад.
- Дар вилоят иқтидори бузурги амалинашуда барои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ боқӣ мемонад ва бо итминон гуфта метавонам, ки руш-ди бомуваффақияти чунин ҳамкориҳо ногузир аст, зеро он аз воқеиятҳои шарикии
стратегӣ ва муносибатҳои эътимодбахши ҳукуматҳои кишварҳоямон, таваҷҷуҳи рӯзафзуни сармоягузорон ва дигар шарикони арҷманд бармеояд, - гуфт раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Дар навбати худ, бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, мо омодагии худро барои муайян намудани унсурҳои калидии ҳамкории дарозмуддат дар асоси манфиатҳои мутақобила иброз менамоем.
Аз сармоягузорони дар ин форум ҳузурдошта даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ҳарчи бештар саҳм гузоранд.
Кори форум дар ду бахш: «Имконияти сармоягузории минтақа барои руш-ди соҳаҳои энергетика, агросаноат, со-дирот ва сайёҳӣ» ва «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ: сармоягузорӣ, рушди тиҷорат, содирот ва рақамикунонии соҳаҳо» идома ёфт. Дар ин бахшҳо имконияти со-диротии Тоҷикистон, имконияти сармоягузории Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ ва имтиёзҳои он муаррифӣ гардиданд. Масъалаҳои бозори энергетикӣ ва раванди ташаккули он, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи энергетика ва таваҷҷуҳ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, раванди ташаккули соҳибкории истеҳсолӣ ва афзоиши маҳсулоти баландсифати агросаноатӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Дар доираи форум беш 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 220 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
«ХАТЛОН»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...