Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 227
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи миноӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.
Аз солҳои аввали Истиқлол беҳбуд бахшидани шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошт.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ, шакли муайяни сиёсат-беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Фармони Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид.
Дар заминаи ин фармон як қатор стратегия, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ҳадаф аз татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ натанҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас кардани фаъолияти занон мебошад.
Зан оғози зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти инсонӣ буда, дар симои зан-модар Ватанро дидан мумкин аст, ки ин ду мафҳум накутарин калимот буда, ба дунё оваранда ва парварандаи ҷомеаи инсонӣ мебошанд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо занону бонувони тоҷик дар риштаҳои гуногун фаъолият намуда, дар рушд ва пешрафти Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Мардуми мо аз қадимулайём ба зан, ба олиҳаи зиндагӣ муносибати эҳтиромона дошта, мақому манзалат ва ҳурмату иззати бонувонро ба ҷо меоварданд. Зеро, зан рамзи зебоию шукуфоии ҳаёт буда, офаридаи нотакрор аст.
Инсон, аз ба дунё омадан то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт ба таълиму тарбия эҳтиёҷ дорад ва аввалин муҳандиси ахлоқу рафтори ӯ зан-модар ба ҳисоб меравад.
Фарзанд нахустин таълиму тарбияро аз модар мегирад, тавассути он ба камол мерасад ва бо роҳнамоӣ, насиҳатҳои додаи ӯ зиндагии худро пеш мебарад. Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷиб ахлоқи ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати ба дунё оварандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Маърифатнок будани зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба ӯ пайравӣ мекунанд.
Масалан, модари Садриддин Айнӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон зани боса-воду бомаърифат буд. Садриддини Айнӣ нахустин гомҳояшро ба олами илму адаб таҳти сарпарастии модараш гузошт, хату савод омӯхт ва ба мартабаҳои баланд ноил гардид.
Аллома Бобоҷон Ғафуров-писари шои-раи маъруфу машҳур ва ватандӯсти тоҷик Розия Озод ба олами илм бо ҳидояти модари донишмандаш омада, ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, ба дараҷаи роҳбари аввали мамлакат сабзида расида, дар илми шарқшиносии ҷаҳон олими шинохтаву эътирофшуда гардид.
Дар замони ҳозира талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хидмати давлатӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад. Ба ҳамин хотир, бузурге фармудааст: “Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд”.
Маҳз тавассути амалӣ намудани сиёсати мақсадноку дурбинонаи Роҳбарияти давлат зани тоҷик имконияти воқеии дарёфти мақому манзалати арзандаи худро соҳиб гашта, тавонистааст тавассути донишу маҳорат, азму талош, эҳсоси баланди худшиносию ватандорӣ дар сафи пеши созандагону ободгарони ин сарзамини аҷдодӣ қарор гирад.
Имрӯз зан вакил, зан вазир, зан аъзои Ҳукумат, зан олима, ихтироъкор, соҳибкори муваффақ, омӯзгори ботаҷрибаю табиби ҳозиқ, муҳандису энергетик буда, метавонад нақши дастони бобаракати худро дар рушди тамоми соҳаҳо гузорад.
Дар ин маврид шоири сулҳпарвар, вассофи зан-модар, устоди ширинкалом, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бисёр хуб ишора кардааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлатёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
«Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори сахо-ватпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебо-шад», - гуфта буданд Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд,
Зи-н сабаб гӯем занро маҳфилорои замин.
Гулчеҳра НАИМЗОДА,
сармутахассиси бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...