Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МегаФон Тоҷикистон ба 4G диққати махсус медиҳад


МегаФон Тоҷикистон ба 4G диққати махсус медиҳад



То охири сол МегаФон Тоҷикистон наздики 60 майдонҳои нави пойгоҳҳои базавии стандарти 4G/LTE-ро роҳандозӣ менамояд. Интернети босуръати мобилӣ дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон боз ҳам дастрастар хоҳад шуд.

Ба ҳиссаи Душанбе, чун шаҳри калонтарини кишвар бо теъдоди пайваста зиёдшавандаи муштариёни оператор то 40% тамоми майдонҳои нави пойгоҳҳои базавӣ (ПБ) рост меояд. МегаФон Тоҷикистон на танҳо зарфияти шабакаро васеъ менамояд, балки конфигуратсияи онро низ тағйир медиҳад. Биноҳои навбунёди пойтахт дар аксар ҳолатҳо монеи паҳншавии радиосигнал мешаванд, барои ҳамин ПБ-и иловагӣ барои барқароркунии дастрасии сокинони шаҳр ба хизматрасониҳои баландсифати рақамӣ хеле зарур меоянд.

Наздики 15 майдони пойгоҳҳои базавии насли чорум дар Навоҳии тобеи марказ пайдо хоҳанд шуд. Таҷҳизоти 4G имкон медиҳад, ки суръати интернети мобилӣ барои тамошои қулайи онлайн-видео ва фаъолияти нисбатан босуръати ҳама манбаъҳои дигари интернетӣ баланд карда шавад. Дар НТМ майдонҳои ПБ насли чорум, бахусус, дар Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринав бунёд карда мешаванд.

Дар вилояти Суғд то охири сол наздики 10 майдони ПБ фаъол мегардад. Дар баробари ин, шабакаи 4G дар Бӯстон, Зафаробод, Панҷакент ва Спитамен тақвият бахшида хоҳад шуд.

Шабакаи операторро дар вилояти Хатлон пойгоҳҳои базавие, ки дар ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун, Ҷомӣ, Қубодиён, Кушониён, Панҷ, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Ёвон насб карда шудаанд, пурра менамоянд. Ҳамагӣ дар минтақа 17 майдони пойгоҳҳои базавии 4G ба кор дароварда мешавад.

“Дар соли равон мо инкишофи шабакаи 4G-ро ҳадафи кори худ қарор додем, зеро таҷҳизоти наслҳои қаблӣ аллакай ба талаботи муштариён ҷавобгӯ нестанд. Ниёзи асосии онҳо – интернети устувор ва босуръати мобилӣ. Маҳз чунин интернет дар натиҷаи бунёдкориҳои соли 2024 вориди шаҳру навоҳии Тоҷикистон мешавад”, шарҳ медиҳад директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон Рафил Аглямов.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода