Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Почтаи тоҷик» дар хизмати мардум


«Почтаи тоҷик» дар хизмати мардум




14  октябри  соли  1924  баробари  таъсиси  Ҷумҳурии  Мух-тори Шуравии Тоҷикистон идораи “Почтаи тоҷик” низ таъсис  дода  шуд,  ки  имсол  100-солагии  онро  ҷашн  мегиранд. 

Ба  ҳамин  муносибат  суҳбате  доштем  бо  сардори  Корхо-наи воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Саидалӣ Мирзозода.


-Саидалӣ  Мирзозода,  сараввал дар  бораи  таърихи  “почтаи  тоҷик” каме маълумот медодед.

-Воқеан  таъсису  таърихи  идораи “Почтаи  тоҷик”  хеле  доманадор  аст. Ҳанӯз  дар  давраи  Ҳахоманишиён идораҳои  алоқа  фаъолият  доштанд. 

Дар ҳамаи корвонсаройҳо чопархонаҳо (идораҳои  алоқа)  мавҷуд  буданд.  Дар мавридҳои  таъҷилӣ  чопар  (хаткашон) аспи  худро  иваз  карда,  роҳро  давом медод.  Чопархонаҳо  ҳамарӯза  ва  тамоми сол фаъолият доштанд.

Соли  1867  баъди  ба  Россияи подшоҳӣ ҳамроҳшавии Осиёи Марказӣ дар Аморати Бухоро низ идораи алоқа таъсис  дода  шуд.  Баъд  дар  шаҳрҳои Хуҷанд,  Истаравшан  идораҳои  почта таъсис  ёфта,  дар  Бухорои  Шарқӣ  бошад,  соли  1913  дар  ноҳияи  Саройка-мар  (имрӯза  Панҷ)  нахустин  шуъбаи почта ба фаъолият оғоз кард.

Пас  аз  таъсисёбии  Ҷумҳурии  Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои тайёр  намудани  мутахассисони  соҳаи алоқа  ва  почта  дар  пойтахти  кишвар –шаҳри  Душанбе  омӯзишгоҳи  касбӣ-техникӣ (ҳоло Коллеҷи касбӣ-техникии №5) кушода шуд.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –Пешвои  миллат,  Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Чеҳраҳои мондагор” чунин овардаанд: “Бо фармони Дориюши Бузург ду ҳазору панҷсад сол пеш аз ин нахустин бор  дар  ҷаҳон  почта  бо  номи  “чопар” бо  назму  фосилаҳои  ҳисобшуда  эҷод гашт, ки шиораш чунин буд: “На гармо, на сармо, на боду на борон чопарро аз рафтан боз намедорад”. 

-Айни  замон  фаъолияти  кории КВД “Почтаи тоҷик” чӣ гуна ҷараён дорад?

-Фаъолияти асосиимо ба аҳолӣ саривақт расонидани рӯзномаву маҷаллаҳо, ки инъикосгари сиёсати имрӯзаи давлат, дигаргуниҳою комёбиҳо дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ мебошад, маҳсуб меёбад.

Барои  кашонидани  рӯзномаю маҷаллаҳо  ва  хизматрасонии саривақтӣ  дар  тавозуни  идораи  мо  7 нақлиёт  қарор  дорад.  Дар  як  ҳафта 5  маротиба  рӯзномаю  маҷаллаҳоро аз  шаҳри  Душанбе  ба  маркази  вилоят  оварда,  баъди  тақсимот  ба  шаҳру ноҳияҳои  вилоят   барои   обуначиён дастрас менамоем.

Самти дигари фаъолияти корхонаи мо  ин  қабулу  фиристодани  мактубҳо, ирсолпулиҳо, равонаку пакетҳои хурд, инчунин гузаронидани маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо мебошад. 

Корхонаи  мо  дар  тобеияти  худ  23 маркази шаҳру ноҳияҳо ва 148 шуъбаи алоқа  дошта,  фаъолияти  ҳамарӯзаю босамари онҳо барои расонидани хизмати босифати почтавӣ ба аҳолӣ равона гардидааст.

Ба  КФ  КВД  “Почтаи  тоҷик”  аз кишварҳои  Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Росия, Латвия,  Литва,  Эстония,  Чехия,  Олмон, ИМА  ва  Канада  равонакҳои  нақдӣ  ва ғайринақдӣ  ворид  гардида,  дастраси аҳолӣ гардонида мешаванд.

-Пӯшида  нест,  ки  дар  бисёр соҳаҳо,  аз  ҷумла  соҳаи  алоқа  низ мушкилоту  норасоиҳо  мавҷуданд.  Барои  боз  ҳам  беҳтар  намудани сатҳи  хизматрасонии  алоқаи  почта  ба  аҳолӣ  чӣ  тадбирҳои  дигарро бояд амалӣ намуд?

- 23 номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашрро  аз  маркази  вилоят  то ба  дурдасттарин  шаҳру  ноҳияҳо  ва рустоҳо  ба  аҳолӣ  расонидан  кори мушкил аст. Хушбахтона, 197 мутахассису  кормандони  марказҳои  алоқаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаи худро содиқона иҷро менамоянд.

Солҳои  пешин  дар  ҳамаи марказҳои  хоҷагиҳо  ва ҷамоатҳои  деҳот  шуъбаҳои маҳаллии  алоқа  фаъолият  намуда,  барои  саривақт ба  мардум  дастрас  намудани  рӯзномаю  маҷаллаҳо  ва мактубу  муросилот  мусоидат  мекарданд.  Шумораи хаткашонҳо низ зиёд буд.

Барои  зуд  ва  саривақт  ба аҳолӣ расонидани рӯзномаву маҷаллаҳо,  мактубу  бастаҳо бояд  шумораи  хаткашонҳоро дар оянда зиёд намоем. Айни ҳол дар шаҳри Бохтар 10 нафар  хаткашон  дорем.  Барои хизматрасонии  хубу  босифат ба  аҳолӣ  онҳоро  бо  дучарха таъмин  намудем.  Аммо  ин ҳам басанда нест. Мо тасмим гирифтем,  ки  ин  тадбирҳоро дар  дигар  шаҳру  ноҳияҳо  ва ҷамоатҳои  деҳот  роҳандозӣ  намоем. 

Дар ҳамаи марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят  бунёди  дуконҳои  фурӯши рӯзномаю  маҷаллаҳо  ба  мақсад мувофиқ аст.

-Барои  таҷлили  ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ка-дом иқдомҳои созандаро роҳандозӣ мекунед?

Дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонидем. Бинои маъмурии “Почтаи  тоҷик”  дар  вилояти  Хатлон  дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ пурра аз  таъмири  асосӣ  бароварда  шуд.  Бо дастгирию  кумаки  роҳбарияти  Хадамоти  алоқаи  назди  Ҳукумати  кишвар биноҳои  маъмурии  марказҳои  алоқаи шаҳру  ноҳияҳои  Левакант,  Ховалинг, Шаҳритус,  Кӯшониён,  Дӯстӣ  таъмиру азнавсозӣ хоҳанд шуд. Мақсад дорем, ки  барои  ба  роҳ  мондани  фаъолияти хуби  корӣ  давра  ба  давра,  бо  истифодаи  имкониятҳои  мавҷуда,  ҳамаи марказҳои почтаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз таъмири асосӣ барорем. Дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳу сифати хизматрасониро ба мардум боз ҳам беҳтар намоем.

-Барои суҳбат ташаккур!

Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода