Ҳаёти инсон дахлнопазир аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 152
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ шуморида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир меҳисобад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 144 барои ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ ҷавобгарӣ муқаррар кардааст.
Ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат дар моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” кафолат дода мешавад.
Дар зери мафҳуми ҳаёти шах-сии инсон ҳуқуқу озодиҳои табиӣ ва мувофиқи қонун таъминшаванда, маълумотҳои гуногун ва сирҳое, ки дахлнопазирии онҳо бо Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, фаҳмида мешавад. Ҳуқуқи ҳаёти шахсӣ ба инсон аз замони таваллуд тааллуқ дошта, онро бо ҳама гуна амалҳо вайрон ё маҳдуд кардан номумкин аст, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ ва маълумотнокии ҳуқуқии ҷавонон дар масъалаҳои пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ба аҳамияти давраи донишҷӯӣ, ки барои ташаккули бомуваффақияти арзишҳои шахсият бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои ҳаётӣ зарур аст, вобастагӣ дорад. Дар давраи донишҷӯӣ арзишҳои шахсият ба воситаи азхудкунии таҷрибае, ки аз тасаввурот дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётӣ сарчашма мегирад, ташаккул меёбанд. Тасаввуроти дар ин давраи ҳаёти инсон ҳосилшаванда на танҳо соҳаи касбӣ, балки дигар соҳаҳои фаъолияти ӯро фаро гирифта, бо таъсири вазъияти мушаххаси иҷтимоӣ тобиши муайяни арзиширо касб мекунад.
Маърифати ҳуқуқии ҷавонон маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, маҳорату малакаҳои амалӣ ва сатҳи баланди салоҳияти ҳуқуқии онҳоро дар бар гирифта, дар маҷмуъ симои иҷтимоию ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд. Метавон гуфт, ки маърифати ҳуқуқӣ қисми таркибии симои фарҳангии шахс ва заминаи мукаммали фаъолияти ҳаётии ӯ дар ҷомеа аст.
Маърифати ҳуқуқӣ ва маълумотнокии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ фаъолияти субъектҳо ё шахсони дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо иштироккунандаро ҷиҳати ба маълумоти шаҳрвандон, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ расондани иттилооти ҳуқуқӣ, инчунин тарғиби фарҳанги ҳуқуқиро дар ҷомеа дар бар мегиранд, ки ин фаъолият ба ташаккули саводи ҳуқуқӣ, қобилияти ҳифзи манфиатҳои худ бо усулҳои қонунӣ ва таҳаммулнопазирӣ нисбат ба рафтори зиддиҳуқуқӣ равона шудааст.
Дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон воситаҳои ахбори омма аҳамияти зиёд доранд. Яке аз шабакаҳои асосии алоқа дар ҳаёти имрӯза интернет ба шумор меравад.
Хусусияти марҳилаи кунунии муносибатҳои иттилоотӣ аз он иборат аст, ки имрӯз воситаҳои электронии ахбори омма шакли нави таъмини ҳамкории одамонро дар бар мегиранд ва интернет ба сифати асоси ташаккули муҳити ягонаи электронии иттилоотӣ баромад мекунад.
Моҳияти иҷтимоии ин муҳити ягона аз имконияти ташкили системае, ки як зина болотар аз фарҳангҳои миллӣ, тамаддунҳо ва давлатҳо қарор дорад, иборат буда, он метавонад дунёро сифатан тағйир диҳад.
Дар баробари хосиятҳои мусбати интернет ҳамчун шакли нави алоқа, ки имконияти на танҳо робитаи оммавӣ, балки шахсию гурӯҳиро низ фароҳам оварда метавонад, хосиятҳои манфии шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионии фаромиллӣ мушоҳида мешаванд.
Ҳарчанд технологияҳои нав, аз як тараф, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумотҳоро хеле осону сода карда бошанд ҳам, аз тарафи дигар, барои мубодилаи ғайриқонунии маълумотҳо таҳдидҳои аёнро ба вуҷуд меоранд, ки ин ба вайрон шудани дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ оварда мерасонад.
Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маълумотно-кии ҳуқуқии ҷавонон дар масъалаҳои пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ чорабиниҳоро оид ба маърифати ҳуқуқии насли ҷавон мунтазам ташкил ва баргузор намудан мувофиқи мақсад аст. Ҷавонон бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ҳаматарафа огоҳ бошанд, ки ин бевосита вазифаи давлат дар симои мақомотҳои алоҳида ва масъулияти ҷомеа дар доираи иқдому ташаббусҳои созанда ба шумор меравад. Зеро аз баланд бар-доштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва дар ниҳоят сатҳи худшиносӣ ва худогоҳӣ баланд мешавад, ки ин ба таъмини рафтори дурусту амали шоиста дар ҷомеа оварда мерасонад.
Дар натиҷа сатҳи ҷинояткорӣ паст мешавад, ки ин яке аз ҳадафҳои асо-сии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аст.
Мавлуда САТТОРОВА,
номзади илмҳои педагогӣ,
директори китобхонаи илмӣ-электронии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. осимӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...