Истиқлол ва Пешво
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 149
Истиқлоли давлатӣ барои миллату давлат неъмати бебаҳо ба ҳисоб меравад. Бо ба даст овардани Истиқлол оромию осудагӣ дар фазои кишвар танинандоз, соҳаҳои хоҷагии халқ пешрав, истеҳсолот равнақ ёфта, мардум ба меҳнати садоқатмандона камар бастанд, дастовардҳо афзуда, зиндагӣ шоиста гардида истодааст.
Ҳамин маънӣ, ки имрӯз давлату миллати тоҷикро насиб гардидааст, 33 сол қабл аз ин ба даст омад. Ҳарчанд он дар назари аввал осон ба даст омада бошад ҳам, вале як муддат ба гирдоби нобасомониҳо рӯ ба рӯ гардидем.
Баҳсу талошҳои демократихоҳӣ, ки аслан мансабталошӣ буд, нагузошт, ки миллати соҳибтамаддун бо майлу хоҳиши ҳазор сол дар қалб парваридааш истиқлолиятдорӣ кунад. Ҷанги дохилӣ, ки душманони дохи-ливу хориҷӣ барафрӯхтанд, ба ин монеъ шуд. Дар андак муддат, аз истиқлолияти бадастомада ному нишоне на-монд, давлат рӯ ба нестшавӣ, миллат ба парокандагӣ расид. Киштии ҳақиқатхоҳии давлати навин ба гирдоби бало гирифтор шуд.
Хушбахтона, бадхоҳони давлату миллат мақсади нопоки худро то ба охир амалӣ кар-да натавонистанд. Дар айни ҷӯшу хурӯши бесарусомониҳои давр бо майлу хоҳиши аксари намояндагони халқу амри тақдир ва хости Худованд ҷавоне аз табақаи деҳқон, сахтиву заҳмати рӯзгорро дидаву чашида, дурандешу ҳақиқатхоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият омад. Вале барои ба мақсад расидан, шикасту рехти давлат, зиндагии талхгаштаи халқро ба ифоқа овардан мушкилоти зиёдеро паси сар кардан лозим омад. Гуфтушунидҳои такрор ба такрор, бовар кунонида тавонистани тарафҳои мухолиф, гузашткуниҳо, баҳри он ки гӯшту нохунро аз ҳам ҷудо набояд кард, оқибат кор дод ва ба ваҳдат расидем.
Инак, он даврони дар масири таърих начандон тӯлонӣ гузаштаро бо чашми сару ақлу идроки азалӣ пеши назар оварда, таҳлил карда, мебинем, ки ҳарчанд аз тавлиди Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бо рӯзу моҳу сол дур меравем, бузургиву ҳашамати ин неъматро равшантар мебинем. Баробари ба даст омадани сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ, осоиштагӣ дар мамлакат барқарор гардид, ҳамдигарфаҳмии мардум боло гирифт, соҳаҳои хоҷагии халқ батадриҷ рӯ ба инкишоф ниҳод. Таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ низ бештар гардид. Нақшаҳои ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили роҳкушоӣ ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, кушодани нақбҳо, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ баҳри истиқлолияти энергетикии кишвар, амнияти озуқавории мамлакат пайи ҳам амалӣ мешуд. Дар ин замина аз сохтори пештараи коллективии хоҷагидорӣ ба сохтори нави деҳқониву фермерӣ гузаштан низ оғоз ёфт, ки батадриҷ самаранокии худро нишон дод. Хусусигардонии моликияти ҷамъиятӣ роҳандозӣ шуд. Соҳибкорон акнун имкон пайдо намуданд корхонаву иншоотҳоро хусусӣ гардонида, бо тарзи нави бозоргонӣ, ки акнун асоси ғанигардонии буҷети давлатӣ ҳисоб меёфт, ҳамчун соҳибмулк ба фаъолият пардозанд.
Дере нагузашта аз баҳамоии миллат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низоми нави пулӣ роҳандозӣ шуд. Асъори нави миллии тоҷикӣ «сомонӣ», аз соли 1999 ба муомилот бароварда шуд. Сомонӣ номгузорӣ шудани асъори нав, ки воқеан симои миллатро муаррифӣ мекард, аз як тараф арҷ гузоштан ба аввалин сулолаи давлатдории тоҷик бошад, аз ҷониби дигар, ба он такя мешуд, ки дар он аҳд Исмоили Сомонӣ баробари ташкил намудани девони соҳот пулро аз ҷумлаи муқаддасот ҳисобида буд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як давраи бахудоиҳо натанҳо пайи пешрафту ободонии дохилӣ мекӯшид, балки аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳодҳои ҷолибу пурманфиат ва дархӯри дарди оламиён ба-ромад мекардагӣ шуд. Ҳанӯз соли 2000-ум пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли 2003 эълон гардидани Соли байналмилалии оби тозаро пазируфтанд. Соли 2003, ҳамчунин пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди солҳои 2005-2015 эълон шудани «Даҳсолаи оби тоза» ва ба Фонди наҷоти Арал додани мақоми муассисаи Созмони Милали Муттаҳидро аксари кишварҳои дунё бо хушнудӣ қабул намуданд.
Боиси қайд аст, ки ин масъала панҷ маротиба аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва қабул гардид. Соли ҳифзи пиряхҳо, ки соли гузашта аз ҷониби СММ қабул шуд, аз ҳамин қабил аст.
Соли 2007 як тадбири дигар дар раванди беҳгардонии зиндагии шоистаи мардум -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки онро дар таърихи давлатдории ҳеҷ кадом давлати дунё ёд надоштанд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳангии миллат ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида-аст, ки он баъди раъйпурсиву тарафдории якдилона ёфтан, дар парлумон ҳукми қонунӣ гирифт.
Баъдтар қонуни миллӣ “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” бо ҳамин тартиб қабул гардид. Гузашти вақт нишон дод, ки ин ду қонуни миллӣ дар кишвари соҳибистиқлол воқеан, зарур аст.
Соли 2009 дар Тоҷикистон 1310-сола-гии пешвои мазҳаби иршоди дини муби-ни ислом - ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Нуъмон ибни Собит, маъруф ба Имоми Аъзам (р.а) дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шуд ва ташкили симпозиуму ҳамоишҳои байналмилалӣ мардумро бо ҳаёт ва рӯзгори ин фақеҳи бузург ошно намуданд. Чунин арҷгузориҳо нисбати дигар олимону адибон, абармардони сиёсату фарҳанги миллат дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба ҳукми анъана даромад, ки онро дар сатҳи байналмилал мепазируфтанд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар ҷашни аҷдодии тоҷикон Наврӯзро низ Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ намуд. Дар кишвари мо, баъдан идҳои Меҳргону Сада ва Тиргон низ чун идҳои аз ниёгон то ба мо омада сазовору ботантана таҷлил мегарданд. Ҳар яке ба фаслҳои сол марбут буда, хусусиятҳои меҳнатқаринии мардуми соҳибтамаддунро бозгӯӣ мекунанд. Ба феҳристи рӯзҳои ид ворид шудани Рӯзи “Шашмақом”, “Фалак” низ аз соҳибфарҳангу куҳанбунёд будани ин миллати соҳибтамаддун дарак медиҳад.Бо ҳамин минвол солҳо пайи ҳам сипарӣ мегарданд, дар сарзамини куҳанбунёду тозаистиқлол ва ба ваҳдат расидаи тоҷикон соҳаҳо рушд мекунанд, истеҳсолот меафзояд, ободониву бунёдкорӣ ба ҳусни кишвари биҳиштосо ҳусн зам менамояд, ҳадафҳои нави стратегӣ, аз қабили Солҳои рушди саноат, рӯи кор меоянд ва ҳар яке бо меҳнати собитқадамонаи мардуми заҳматпеша ва дастгириҳои давлату Ҳукумат амалӣ мегарданд.
Чун фаротар менигарем, дар эъмори ҳамаи ин пешравиҳо, бадастоии оромиву осудагӣ, рушди бемайлони соҳаҳо, ободиву бунёдкорӣ нақши Сарвари оқилу раъиятпарвар, дурандеш, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳснопазир аст ва бузургии ӯро оламиён эътироф кардаанд.
Ҳамаи инро дар тарозуи адолат баркашида, 9 декабри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро қабул намуд. Дар ҷаласаи мазкур, аз ҷумла чунин қайд шуд: “Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва давлат хизма-ти бузургу босазо кардааст. Ӯ ба Пешво будан эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзу ин дастовардҳо ниёз доранд...
Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар дорад, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шудааст”. Ин маънӣ ҳақиқати воҷибу баҳснопазир аст.
Бо ҳамаи ин бо боварии комил, сидқан мебояд гуфт, ки мафҳумҳои Истиқлолу Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамрадифанд...
Исматулло ҲАСАНОВ,
собиқадори матбуот
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00