Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чилучорчашма. Андеша оид ба таърих, хусусиятҳо ва имрӯзу фардои он


Чилучорчашма. Андеша оид ба таърих, хусусиятҳо ва имрӯзу фардои он




Чилучорчашма мавзеи хушобу сарсабзи муъҷизавиест, ки дар канори дарёи Кофарниҳон, 12 км дуртар дар қисмати ғарбии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷойгир буда, бостоншиносони шуравӣ ин мавзеъро ба давраи мезолит мансуб медонанд. Сокинони водии Бешкенту атрофи он Чилучорчашмаро ҳамчун чашмаи муқаддас ва атои Худовандӣ шуморида, аз он бештар ҳамчун Чашмаҷон ном мебаранд.

Доктори илми филологӣ зодаи ноҳияи Шаҳритус Ш. Раҳмонов мегӯяд, ки ҳанӯз аз даврони қадим Абулқосим Балхӣ ибни Ҳавкал оид ба ин мавзеи назаррабо дар ёддоштҳои худ нигоштааст: “Ман дар Қубодиён будам. Дар ин водӣ Чилучорчашма ном мавзеи сабзу хуррам аст. Дарахтони сояафкани бисёрсола дорад. Дар дарахтонаш парандаҳои хушхон бисёранд. Оби шаффоф ва шифо дорад. Мардумонаш чолоку меҳнатдӯст буда, ба деҳқониву чорводорӣ машғуланд”.

Муаррихи асри XII Абусаъд-усСомонӣ дар бораи Чилучорчашма бе зикри номаш ҳамчун “чашмаи машҳур дар Қубодиён” бо обҳои шифобахш  хабар додааст. Донишманди маъруфи тоҷик Шоҳзамон Раҳмонов дар китобаш “Қубодиён: Сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар” навиштааст: “Ин водӣ (яъне ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритусу Носири Хусрав) зебою дилрабо буда, дар муҳити Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал ҷойгоҳест, ки дар доманаш гулҳо рӯида, накҳати баҳорро бар мардум расонида, шаҳрвандонро дар ҳавои ҳавасу орзуҳо истиқбол мегирад” ва муаллиф поёнтар зимни тавсифи Чилучорчашма таъкид менамояд ки: “Чилучорчашмаро биҳишти ин минтақа мешиносанд”.

Ш. Раҳмонов, ҳамзамон аз Содиқхоҷаи Гулшанӣ, қаровулбегии амир Абдулаҳад, муаллифи китоби “Таърихи ҳумоюн” (с.1909) ёдовар шудааст, ки як аср муқаддам аз Бухоро ба Қубодиён сафар намуда, баъди ба Чилучорчашма қадам ранҷа намудан онро “Чиҳилчашма” ном бурда, қайд кардааст, ки “қадамгоҳи ҳазрати Алӣ аст, тамоми оби чашмаҳо ба ҳавз ҷамъ шуда, як наҳр шуда ҷорӣ мегардад, ки аз оби чашма ва наҳри он тамоми як амлоки Бешканд зироат менамояд... ва тамоми оби он сарф мешавад ва чизе аз он ба дарё намерезад”.

Нависанда ва публитсисти тоҷик Маҷид Салим дар “Чилучорчашма” ном матлабаш ин мавзеъро “бемуҳобо муъҷизаи рӯи замин” тавсиф намуда, таассуроташро аз сафар ба Чилучорчашма чунин баён намудааст: “Ҳангоме ки меҳмони ин мавзеи афсонавӣ мешавӣ, худро хушбахт ҳис мекунӣ, меболӣ, шукр месозӣ, ки дар диёри тоҷикон чунин як макони муқаддас побарҷост...

Гӯиё дар ин мавзеъ тамоми шоҳкориҳои табиати нозанин ба таври ҳайратовар ба ҷилва омадаанд. Оби мусаффои чашма аз қаъри замин ҷӯш зада мебаромад ва дар атроф ҳавои тозае ба машом мерасид...

Оби он ҳамеша як хел ҳаракат дошта, асосан макони ширмоҳиҳо мебошад. Галаи ширмоҳиҳо дар қаъри об пайдо гашта, оҳиста-оҳиста шино мекарданд. Тарзи шинокунии моҳиҳо рақси гулдухтаронро мемонад. Моҳиҳо аз чизе наҳаросида, бемалол пеш мерафтанд.

Пулакчаҳои зебои онҳо дар зери шуои офтоб, дар таги оби шаффоф намоёнанд.

Ин зебоӣ, ҳусну малоҳати ширмоҳӣ чунон табиӣ ба чашм мерасад, ки хоҳу нохоҳ мафтун мешавӣ...”

Олимони фанҳои физикаю кимиё ва биологияи кишвар баъди тадқиқоти 5-солаи илмии обҳои Чилучорчашма муайян намуданд, ки ҳарорати оби ҷонбахши Чилучорчашма тобистон 40 дараҷа сард ва зимистон 20 дараҷа гарм буда, дар таркиби обҳои ин мавзеъ 16 намуди маъданҳои кимиёвӣ мавҷуд аст.

Хӯрдани моҳиҳои Чилучорчашма манъ аст, зеро дар об нуқра мавҷуд буда, моҳиҳо нуқраро ёфта мехӯранд ва шахси моҳиҳӯрда аз он зарар мебинад. Нуқраро дар сурати 130 дараҷа гарм кардан заҳрнок мешавад. Аз ин лиҳоз мардуми ин минтақа моҳиҳои чашмаро намехӯранд.

Яке аз масъулони Чилучорчашма шодравон Ҳоҷӣ Исмоилхон ном доштанд. Он кас мегуфтанд, гузаштагонашон аз хоҷаҳои Даҳбеди Самарқанд мебошанд. Мавсуф дониши динию дунявии васеъ доштанд ва дар Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москва як сол дар факултети журналистикаи байналмилалӣ ва 5 соли дигар дар факултети физикаи донишгоҳи болозикр таҳсил намуда, баъди хатм як сол дар ҳамон донишгоҳ ба ҳайси муаллим фаъолият карда будааст.

Камина соли 2011 бо ҳоҷӣ Исмоилхон Асомуддинов дар робита бо Чилучорчашма ҳамсуҳбат шуда будам. Дар ҳузури камина ду сайёҳи руси аз Русия омада бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз русидониаш воқиф шуда, ангушти ҳайрат газида буданд.

Шайх аз илми тиб низ бохабар буданд ва дар бораи хусусиятхои табобатию муолиҷавии ҳар як чашмаи Чилучорчашма маълумоти муфассал ироа карда, чашмаҳоро аз рӯйи хусусияти табобатӣ ба 17 гурӯҳ тақсим намуда буданд.

Дар ин ҷо аз ҳаёти собиқ шайхи Чашмаҷон шодравон Ҳоҷӣ Исмоил қайд намудани як ёддоштро бамаврид меҳисобам. Вақте ки 13 сол қабл бо он кас доир ба хусусиятҳои табобатии обҳои Чилучорчашма суҳбат намудем, гуфтанд, ки яке аз обҳои ин мавзеъ барои табобати озах муфид мебошад. Баъд як шахси баландмартабаи ҷумҳуриро мисол оварданд, ки духтарчаашро, ки дастонаш пур аз озах будааст, дар ватан муолиҷа карда натавониста, то ба давлати Исроил бурда, вале бенатиҷа баргаштаанд. Шайх гуфт, ки чун оилаи он соҳибмансаб духтарчаашро наздаш меорад, бо оби Чилучорчашма дастонашро шуста, аз Қуръони азимушшаън оятеро хонда дам партофта, бо латтае дастонашро баста, ӯро ҷавоб медиҳад. Баъди се рӯз ҳама озахҳои дасти духтарак шифо ёфтаанд.

Ногуфта намонад, дар даврони Шуравӣ то рӯзҳои наздик ба ободонию сарсабзу хуррам гардонидани мавзеи табиии Чилучорчашма масъулон чандон эътибор намедоданд. Ин мавзеъ чун фарзанди угай аз як даст ба дасти дигар мегузашт. Чилучорчашма гоҳ дар тавозуни хоҷагии ба Х. Холматов (собиқ колхози ба номи Ленин)-и ноҳияи Шаҳритус ва гоҳе дар ихтиёри корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Шаҳритус қарор дошт, вале ба ҷойи ободу хуррам шудан аз беаҳамиятии масъулон дарахтон хушк шуда, атрофи он ба ғарами ахлот табдил меёфт.

5 июни соли 1995 ва 12 апрели соли 2002 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чилучорчашма ташриф оварда, барои ободонии он ба масъулини ноҳияи Носири Хусрав дастуру маслиҳатҳои муфид дода, бо дасти муборакашон дар он мавзеъ дарахти тут шинонда буданд. 

Қобили қайд аст, дар давоми як моҳи охир камина якчанд маротиба аз мавзеи истироҳатию экологии Чилучорчашма дидан карда, дар самти ободонии он тағйироти назаррасро мушоҳида намудам. Аз суҳбат бо муҳандисони сохтмонию техникӣ Аслиддин Саидов ва Баҳриддин Раҳимов маълум гардид, ки ин мавзеъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ба рӯйхати иншоотҳои ҷашнии бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, бо дастури бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСК “СТС-иншоот” аз соли 2023 инҷониб дар иншооти мазкур корҳои бунёдкорию ободгаронӣ дар доираи Лоиҳаи барқарорсозии мавзеъҳои таърихию фархангӣ ва мероси табиии ҷумҳурӣ бомаром идома дорад. Лоиҳа аз ҷониби ҶДММ “Аҳмадҷон” омода гардида, фармоишгари он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи нишондоди Лоиҳаи болозикр дар ҳудуди мавзеи табиию экологии Чилучорчашма, ки беш аз 9 гектарро фаро гирифтааст, сохтмони 2 таваққуфгоҳ барои нақлиёт, ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 360 кубометр об, 3 гулгашт, 2 фаввора, 44 дукончаҳо барои тоҷирон, 8 меҳмонхона ё худ котеҷи муосир барои 32 ҷой, 8 ошхона, 7 ҳоҷатхонаю 1 таҳоратхона, 2 нуқтаи либосивазкунӣ занонаю мардона дар канори наҳри Чилучорчашма, насби фурӯзонакҳои барқӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Дар айни замон тибқи нақша корҳои пайвастани Чилучорчашма бо шабакаи лӯлаҳои зеризаминӣ ва таҷҳизоти дигар барои гузаронидани хатти корез босуръат давом дорад.

Кобили қайд аст, ки бо ширкати мутахассисони варзида, ҷалби сокинони  маҳаллӣ мавзеи мазкур деворабандӣ шудаю сохтмони бештари иншоотҳои дар боло номбаршуда дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Азиз Баҳромзода,
узви ИЖТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода