Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мусулмонӣ ба гуфтор аст ё кирдор...


Мусулмонӣ ба гуфтор аст ё кирдор...


Давоми чанд ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси домуллоҳою мавлавиҳои афғон ва дигар олимони имрӯзаи олами ислом оид ба сатру ҳиҷоб ва риш авҷ гирифтааст. Кор то ҷое расидааст, ки уламои давлати  ҳамсоя, Афғонистон ҷиҳод эълон кардаву ба ҳукм кардан оғоз намудаанд.

Бубахшед, домуллову мавлавиҳои муҳтарам, олами ислом имрӯз ба ғайр аз сатру ҳиҷоб ва риш дигар мушкилот надорад? Чанд сол пеш домуллоҳо баҳс дар атрофи тарзи таҳорату намозхонӣ доштанд ва ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, байни ҳам муноқиша мекарданд. Баъди ором шудан ин ҳамаро дасисаи яҳуд унвон карда, худро тасаллӣ медиҳанду теша ба решаи худ заданро эҳсос намекунанд. Бигӯед, ки куҷост ҳамон яҳуд, агар дар чашм аён нест, ё шумоед ё онҳо? Масъалаи сатру ҳиҷоб, ки ҳамакнун ҷанги иттилоотиро ба миён овардааст ва аз минбарҳои баланд баъзе домуллою мавлавиҳо бо овози ларзон вазъ мегӯянду ҷиҳод эълон мекунанд, дигар домуллоҳоро гунаҳқор медонанду мушрику дарборӣ мехонанд маро ба тааҷҷуб овардааст. Ман ба монанди шумо шояд дониши кофии динӣ надорам, вале Худоро бо ақл шинохтааму аз рӯи он рафтор мекунам.

Либоси миллии халқи тоҷик ҷавобгӯ ба талаботи Ислом аст ва агар чунин намебуд, давоми 1500 сол аҳли ислом онро мамнуъ эълон мекарду аз байн мебурд. Дар ин 1500 сол аз шумо дида домуллою мавлавиҳои ботақвою соҳибилм ва қозию дигар арбобони дини мубини ислом буданд ва либоси занону модарони тоҷикро дар баробари сатру ҳиҷоб қабул карданд. Либоси миллии тоҷикӣ фалсафаи худро дорад. Масалан, чакан, ки ҳамчун фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО қабул гардидааст, модарони тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо онро ба бар мекарданду мекунанд. Нақшҳои домони куртаҳо аз покдомонии занон, нақшҳои остин аз дасту дили пок ва давриҳои чакани он аз муъҷизаҳои офаридаи Худованд офтобу моҳтоб, яъне гармию равшанӣ бозгӯанд. Рӯймоли модарони тоҷик аз матои сафед (дока) иборат аст, ки нишонаи покии афкору рафтор мебошад. Занону духтарон намудҳои матоъҳоро вобаста ба синну сол сарандоз мекунанд.

Ҳайрон ба он зани гӯё поксиришт ва мусалмонам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз домуллоҳо ва мавлавиҳои Афғонистон паноҳ меҷӯяд, на аз Офаридгор. Гӯё падару шавҳар ва бародаронаш сатрашро аз сараш гирифтаанд. Тавба! Агар чунин зани покдомон ва бомаърифат мебудед намедонед, ки вориси асосии шумо шавҳаратон аст ва баъдан падаратон. Агар шумо ба гуфтаи шавҳаратон амал накунед ё аз амри ӯ саркашӣ кунед, назди Офаридгор кӣ ҳастед? Ва агар чунин бошад, чаро бо рӯйи кушода ва бе сатр дар шабакаҳо баромад накардед? Ё барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад кардан шавҳару падару бародаронатон муқобил нестанд?

Танҳо ихтилофоти мазҳабӣ, ки худ як зарбаест ба асолати ислом, монеаи ҷиддиест дар рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои исломӣ. Вале домуллову мавлавиҳои муҳтарам ба ҷойи иттиҳод дар байни мусалмонон ҷиҳодро афзалтар медонанд. Барои як масъалаи кӯчак, ки бо  суҳбату амри маъруф метавон ҳал намуд, ба хунрезӣ даъват менамоянд.

Ҳамарӯза ҳазорон мусалмон зери тиру туфанг ба ҳалокат мерасанд, садҳо манзилҳо харобазор мегардад. Танҳо дар Ғазза ва Фаластину дигар давлатҳои ба он ҳамсоя ҳазорон кӯдак куштаю ятим, садҳо ҳазор мусалмон бехонаю дар гаштаанд. Чаро ин олимони имрӯзаи ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳод садо баланд намекунанд? Чаро ба оилаҳое, ки дар худи Афғонистон бар асари сел зарар дидаву бехонаю ҷой гаштаанд, кумак намерасонанд?

Масъалаи дигари глобалии олами ислом ва умуман сайёра норасоии оби нӯшокӣ ва аз ин ҳисоб ба ҳалокат расидани инсоният, хусусан дар давлатҳои мусулмонтабор мебошад.

Ин дар ҳолест, ки давоми ду даҳсола Эмомалӣ Раҳмон аз барои таъмини сокинони сайёра бо оби ошомиданӣ, ҳифзи манбаҳои оби нӯшокӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мусулмонони давлатҳои ҳамсоя аз минбарҳои баланд ҳарф мезананду барои дар амал татбиқ гардидани пешниҳодҳо кӯшиш менамояд.

Олами ислом барои хизматҳояш Эмомалӣ Раҳмонро ба феҳристи панҷсад мусалмони дунё ворид намудааст, вале ин домуллою мавлавиҳо минбари исломро ба манфиати худ ва кадом гурӯҳе истифода бурда тафриқа меандозанд.

Ҳоло тоҷик тоҷики солҳои навадум нест, ки ба дасисаҳо дода шуда, ҳаёти осоиштаи худро барҳам занад. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон ҳам аз илми дунявию ҳам ухравӣ огоҳӣ дорад. Бо дастгирии Роҳбари давлат дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Қуръон” бо ҳуруфи кирилӣ бо забони тоҷикӣ нашр шудааст ва тоҷикистониён ба он дастрасӣ доранд. Дигар бо истифодаи калимаҳои дарозу душвори арабӣ, ки ба аксари он худатон ҳам сарфаҳм намеравед, тоҷикро гумроҳ карда наметавонед.

Ин миллат таъриху фарҳанги куҳан дорад ва аз дину расму оини хеш сар наметобад. Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва сокинони он аз забону фарҳанг ва дини хеш ҳамеша ҳимоят хоҳад кард.

Ширинҷон САФАРЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода