Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НОРАК. Баргузории дави миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ


НОРАК. Баргузории дави миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ




Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дави миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳазорон нафар шаҳрвандони синну соли гуногун фаъолона ширкат варзиданд. Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ иштирокдорони дави миллиро бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт. Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.

Имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодааст. Баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.



Пас аз қисмати ифтитоҳии ҳамоиш иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Норак дар чанд гурӯҳ сабқат карданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону фаъолони дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ,  барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш диплому сипоснома ва мукофотҳо супурда шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода