БУНЁДИ АВВАЛИН МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 216
Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Барои вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳр иншоотҳои маишӣ сохта шуда истодааст.
Имрӯз, 10 июн, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар майдончаи варзишии кӯдакона бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, сардорони ташкилоти идораҳои шаҳрӣ ва сокинони маҳаллӣ ифтитоҳ гардид. Майдончаи мазкур барои вақгузаронию ба варзиш машғул шудани кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи дастуру супоришҳо то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Бохтар 30 майлончаи варзишӣ ба истифода дода мешавад, ки имрӯз аввалинаш ифтитоҳ гардид. Ин майдонча дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бохтар ҷойгир буда, аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатӣ, назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Филиали КВД Маркази сериификатсия кор ва хизматрасони дар соҳаи нақлиёт дар минақаи Бохтар бунёд гардид.
Дигар майдончаҳои варзишӣ барои бозии кӯдакон ва сафолакпӯш кардани роҳравҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Раёсати молияи шаҳр ва ташкилоту идораҳои вилоятиву соҳибкорону шахсони саховатманд бунёд карда мешаванд. Айни замон сохтмони дигар майдоначаҳо бо маром идома дорад.
Зимни боздид, раиси вилояти Хатлон бо сокинони маҳаллӣ суҳбат намуда, изҳор дошт, ки барои беҳтару хубтар намудани шароит тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Сокинон низ аз иқдоми гирифтаи масъулин изҳори хушнудӣ намуда, барои таваҷҷуҳи хосса арзи сипос карданд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00