НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ЭҲЁИ ЧАШМА"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 242
8 июн, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав аз хоҷагии деҳқонии “Эҳёи чашма” боздид намуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии «Эҳёи чашма» дорои 5,15 гектар замин буда, хоҷагидор 1200 бех дарахти олуи сиёҳ, 330 бех дарахти зардолу, 30 бех дарахти гелос ва 80 бех дарахти чормағз шинонидааст. Айни ҳол деҳқон нақша дорад, ки 30 тонна олуи сиёҳ ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва беруна содирот намояд.
Хоҷагии деҳқонии “Эҳёи чашма” соли 2017 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Асомиддинов Ҳайитмурод ташкил гардида, дар он 4 нафар саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола меваи тару тоза парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Хоҷагидор дар миёни дарахтон кишти зироати хӯроки чорво – бедаро ба роҳ мондааст, ки ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо хоҷагидор суҳбати самимӣ намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи ӯ дар самти парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тоззаи табиӣ баҳои баланд доданд.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00