Яккаписар ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ меравад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 250
Меҳри Ватан, дӯст доштани ин сарзамин, ҳимояи марзи номус ва пӯшидани либоси ҳарбӣ аз овони кӯдакӣ дар қалби Рустам ҷӯш мезад. Зеро ӯ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, бузург шудааст. Рустам аз хурдӣ дар хона бештар барномаҳои ҳарбӣ-ватандӯстиро тамошо карда, орзуи хизматро дар дил мепарварид.
Рустам Акрамбоев донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Ӯ дар донишгоҳи номбурда дар риштаи журналист – тарҷумон таҳсил мекунад. Ба гуфтаи омӯзгорон, дар дарсҳо фаъол, боодоб ва дорои ахлоқи намунавӣ аст. Ҳамеша ба дарсҳо бо тайёрии ҷиддӣ меояд.
Аз овони хурдӣ хоҳиши ба хизмати ҳарбӣ рафтанро дошт. Хушбахтона, соли 2024 ба ӯ имконият фароҳам омадааст, ки ба орзуи худ бирасад ва ният дорад, ки дар даъвати баҳории имсола ба сафи Артиши миллии кишвар пайваста, қарзи ҷавонмардиро дар назди Ватан – модар адо созад.
Рустам дар хона писари ягона аст. Ӯ ҳамроҳ бо модар ва бобои худ зиндагӣ мекунад. Бо амри тақдир дар синни 3-солагӣ падарро аз даст медиҳад. Рустами хурдсол бо тарбияи модар бузург мешавад. Аз хурдӣ майлу рағбаташ ба варзиш ва обутоби бадан зиёд буд. Тавре ӯ нақл мекунад, маҳз ба хотири тамрини бадан ва амалӣ кардани орзуи падар ба хизмат меравад.
-Хурд будам, ки падарамро аз даст додам. Оғӯшашро, навозишҳояшро ба ёд надорам. Вале ба гуфтаи модарам, марди ҷиддӣ будаанд. Падарам корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шуда кор мекардааст. Ягона орзуяш ин будааст, ки фарзандашро бо либоси ҳарбӣ бубинад. Мутаассифона, падар ба ин рӯз нарасид. Мехоҳам имрӯз ба хизмати ҳарбӣ рафта, рӯҳашро шод гардонам.
Дар ин росто, мо аз ӯ сабаби ин тасмимашро пурсон шудем. Зеро, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ» яккаписарҳо ба сафи хизмат ҷалб карда намешаванд. Рустам дар ҷавоб чунин гуфт:
- Ман медонам, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ман имтиёз додааст, ки ба хизмат наравам. Вале фикр мекунам, ки хизмат кардан ифтихор аст. Зеро дар хати марз истодагарӣ кардан ва қарзи ҷавонмардиро ба ҷо овардан, ин рисолати шаҳрвандии ман аст. Зимнан, дар хизмат ман номус ва шаъну шарафи худу оилаи худро дифоъ мекунам. То ин дам дигар ҷавонмардони бонангу номуси кишвар рафта хизмат карданд, ман озодона дар фазои сулҳу амният таҳсил карда, соҳиби номи донишҷӯ ва диплом гардидам. Акнун вазифаи ман аст, ки рафта, хизмат кунам, то сарбозоне, ки то ин дам дар сангар буданд, ба назди хешу ақрабо ва хонаводаи хеш баргарданд.
Тарбияи хуби Рустам пайваста модарро дар маъракаҳо сарбаланд мекунад. Бо вуҷуди зани танҳо будан, писарашро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуд. Бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шудани Рустам далели гуфтаҳои болост.
- Рустам аз хурдӣ қариб, ки маро ташвиш намедод. Табиатан бачаи ором ва ҷиддӣ, мисли падараш буд. Моҳи январ буд ва як рӯз омада гуфт: «Модар, ман мехоҳам ба хизмат равам». Ман, ки аз рози дили фарзандам огоҳ будам, дуои некаш додам, “роҳат сафед, бачам!” гуфтам. Ҳамин тавр, як рӯз аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Левакант ба ман занг зада, забонхатамро бобати ба хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафтани писарам пурсиданд. Ман розигиамро додам ва аризаашро қабул карданд, - мегӯяд Азизахон Алибоева, модари Рустам.
- Дар давраи мактабхонӣ Рустам бештар ба мавзуъҳои Ватан-модар завқи зиёд дошт. Ҳар гоҳе, ки дар мактаб иду ҷашвора мешуд, албатта ӯ фаъолона иштирок мекард, - мегӯяд роҳбари синфи Рустам Идимо Ҷойлобова.
Ҳоло модари Рустам дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаашон ба ҳайси омӯзгор ба толибилмон дарси ватандориро меомӯзад. Хислатҳои ҳамидаи қаҳрамони матлаби мо низ аз сиришти модар вобастагӣ дорад.
Рустам бо орзуи падар ва дуои неки модар ният дорад, ки ба хизмати аскарӣ равад. Зеро дар оянда шахси ҳарбӣ шудан мехоҳад.
-Марзи Тоҷикистон марзи номус аст. Ҳимояи номус вазифаи мо – ҷавонмардон мебошад. Агар ман сарбоз шуда, марзи номусро дифоъ накунам, ҳеҷ як бегона омада ин корро намекунад, - мегӯяд ӯ.
-Як рафиқи ман, ки ба наздикӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда буд, дар бораи шарту шароити хизмати ҳарбӣ ба мо нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, дар сафи артиш тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ба ман маъқул шуд ва орзу кардам, ки кош ман ҳам ба қатори ӯ ба хизмат мерафтам. Ҳоло, ки ман донишгоҳро хатм намуда истодаам, ният дорам, дар сафи дигар ҷавонмардони бонангу ори кишвар рафта, адои хизмати Ватан-модар кунам. Ба ҳамин хотир, азм гирифтам, ки пас аз супурдани имтиҳоноти давлатӣ ба хизмат ҳарбӣ биравам, - илова кард Рустам.
Имрӯзҳо баъззе ҷавононро мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз рафтан ба артиш канорагирӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки хизмати ҳарбиро адо кардан ин ҳимояи модар, хоҳар ва оилаи ҳамон ҷавон аст. Ҳеҷ як инсон наметавонад, ки ба танҳоӣ кореро ба анҷом расонад. Ба ҳамин хотир, давлату ҳукумат ҷавононро дар сафи Қувваҳои Муссалаҳ якҷо карда, мисли ангуштони як мушт, шохаҳои як дарахт, фарзандони як модар ва сарбозони як Ватан тарбия мекунад.
Рустам дар интиҳои суҳбат афзуд: “Ба ҷавонони синни даъватӣ муроҷиат карда, мегӯям, ки биёед, паҳлуи ҳам истода, хизмати Ватан-модарро ба анҷом расонем”.
Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...