КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 261
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб дар доираи сафари корӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Хатлон раиси вилоят толори варзишӣ воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлобро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Зимни ифтитоҳи толори мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур сеошёна буда, айни замон корҳои сохтмонӣ ба ташаббуси соҳибкорӣ маҳали Каримова Махфират ба анҷом расидааст.
Гуфта шуд, ки лоиҳакаши он КВД "Лоиҳакаш"-и шаҳри Кӯлоб мебошад, ки бо шакли меъмории замонавӣ сохта шудааст.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки айни ҳол дар толори мазкур 4-нафар ба кори мавсимӣ фаро гирифта шудааст. Сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз ёфта, бо маблағи умумии 750 000 сомонӣ пурра сохта шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00