Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Модарон - оинаи поку беғубори миллат


Модарон - оинаи поку беғубори миллат



Дар ин айёми зебоию шукуфоӣ мардуми баиқболи тоҷик ду ҷашни бузург - Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил мекунанд. Дар кишвари озоду ободи тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти ин идҳои фархунда мартаба ва ҷойгоҳи махсусеро касб намудаанд.

Бисёр ба маврид аст, ки суханони оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хотиррасон намоем: «Мақому манзалати модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои оянда боис гардидааст, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дошта, азиз шуморанд».

Худованд ба зан қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи хонадон бошад.

Бузургон гуфтаанд, ки «Ҳеҷ кас дар зиндагонии худ наметавонад муҳаббате амиқтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёбад».

Модар аз меҳри рӯзафзуни худ шири сафед ба тифл медиҳаду шабҳои дароз бо аллаҳои дунёи орзуҳояш сиёҳии мӯйи шабгунашро ба шаб дода, бо чашм субҳро медамонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба муносибати Рӯзи Модар иброз доштаанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».

Модари тоҷик оинаи поку беғубори ҳар халқу миллат ва давлат аст. Пас, ту бузургӣ модари тоҷик!

Модар! Оё калимае аз ин зеботар ҳаст? Дар олам аз модар дида муқаддастар мавҷудоте нест. Дили модар чашмаи муҳаббатест, ки меҳри фарзанд дар он ҳамеша ҷӯш мезанад. Хизмати модар ҳамто надорад. Маҳз дуои гирои модар аст, ки мо ба ин рӯзҳо расидаем. 

Аз ин назар, моро зарур аст, ки пайваста дар хизмати модар бошем ва дар ризояти ӯ бикӯшем. Осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд: «Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комиёбиҳо ноил мегардем, ки ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем».

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд.  Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯз мебошанд. Навозиши дастони модар беҳтарин фароғат аст барои фарзанд, новобаста аз синну сол.

Барои фарзандон канори модар мактаби аввалини ҳаёт аст. Инсон баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест.

Зиндагӣ худ шеър аст, ки аз аллаҳои модарон ибтидо гирифта, бо номи онҳо анҷом меёбад. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.

Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.

Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум  меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.

Албатта, арҷгузории баланд ба зан-модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин восита дар маънавиёти башар гузоштааст.

Вақте модар мегӯем, пеши назарамон симои азизтарин, мушфиқтарин, меҳрубонтарин шахс ҷилвагар мегардад. Воқеан, зан-модар бузургтарин нафар аст, ки ҳаёту зиндагӣ аз ӯ сарчашма мегирад. Модарон идомабахши ҳаётанд. Паёмбари Худо Муҳаммад (с) дар ситоиши бузургии зан-модар фармудаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».

Зан-Модар, ки дар ҳама давру замон равшании хонадон, мураббии фарзандон, посдори сулҳу субот ва ояндаи башар аст, ҳамеша ниёз ба арҷгузорӣ ва эҳтироми  бепоён дорад. Имрӯз мо ифтихор менамоем, ки зан-модар дар ҷомеаи Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати баландро соҳиб гардидааст.

Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд. Зинда бод модар!

Орифҷон ОЛИМЗОДА ,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷирати
ноҳияи Варзоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода