Коррупсия – монеаи рушд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 395
Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то имрӯз бар ҳеҷ як давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин зуҳуроти номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд.
Коррупсия рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.
Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи хеле қадима дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахӯриро зери танқид гирифтаанд. Дар қарни 21 низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст.
Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.
Барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 онвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.
Конвенсия ҳуҷҷате мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолиятро ба танзим медарорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошта, он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Дар сарсухани конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид чунин омадааст: "Коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷои рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ, ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад, боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад ва болоравии эхтимолияти дур мондани онро аз ҷомеа замина гузошта, дар натиҷа асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимиятро зери хатар мегузорад, обрую нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ ба пастравӣ оварда, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан ва коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд, дар натиҷа ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари калони талофинашаванда мерасонад, самаранокии иқтисоди бозорӣ якбора паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста гашта, сатҳи камбизоатӣ афзун гардида, шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад.
Аксарияти иштирокдорони муносибатҳои коррупсионӣ сарчашма ва ҳатто фармоишгари ҷиноятҳои нисбатан хатарнок ба мисли кушторҳои фармоишӣ ва терроризм мебошанд, мақомоти ба коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, гурӯҳи мансабдорони фасодкорро бо соҳибкорон муттаҳид менамояд, ки дар натиҷа имконияти воридшавӣ ба ҳокимияти сиёсӣ ва ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада (софкории пул) шароит фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, коррупсия ба масъалаи таҳдидкунандаи амнияти миллӣ мубаддал мегардад. Иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, дар натиҷа, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани масъалаҳои иҷтимоӣ бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад ва маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор буҳрони буҷавии кишварро ба вуҷуд меорад, нархҳои фурӯши чакана ва яклухт аз ҳисоби хароҷотҳои иловагии коррупсионӣ, яъне санҷишҳои назоратии беасос гарон мегарданд, ки ин ба бадшавии ҳолати моддии истеъмолкунандагон, иқлими сармоягузорӣ ва пастравии истеҳсолот оварда мерасонад, ба болоравии сатҳи камбизоатии қисми зиёди аҳолӣ мусоидат намуда, ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба масъалаҳои коррупсия низ рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои муқовимат бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Бо мақсади муқовимати бевосита ба коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба муқовимат ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он то имрӯз зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд:
«Коррупсия зуҳуроти номатлубест , ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтис одиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Қобил ба зикр аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти масъалаи муқовимат ба коррупсия ба инобат гирифта шуда, рӯзи 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҷлил карда мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия моҳи декабр соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Мақсади ҳар як давлат ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Боварӣ дорам, ки кишвари мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.
Карим Иброҳимзода,
сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,
генерал-майори адлия
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00