Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 245
Ба муносибати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ва боло бардоштани мавқеи занонро дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ қарор додааст. Ин омили натиҷабахш аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ба ташаккул ва рушди ниҳоди сарварии занону бонувон заминаи боэътимод гузоштааст.
Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарони кишвар ҳамчун ниҳоди қудратманди ҷомеа дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар қавӣ гардида, бо дарки иродаи устувори сиёсии роҳбарияти олии мамлакат дар тамоми ҷабҳаҳо мавқеи арзандаи худро нигоҳ медоранд.
Имрӯз дар мамлакат дар самти фаъолияти кор бо занон ва оила зиёда аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гардида истодааст, ки раванди амалишавии онҳо ба пешрафти иҷтимоии занон, устуворшавии мавқеъ ва мақоми онҳо дар ҷомеа мусоидат менамояд.
зА ҷумла, Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» нишонаи амиқи иродаи устувори сиёсии Пешвои муаззами миллат дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши занон арзёбӣ мешаванд.
Қабул ва тадбиқи босамари ин санадҳо метавонад ҷиҳати тақвияти донишу малака, истифодаи неруи зеҳнии занону ҷавондухтарон дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ омили таъминкунандаи рушди босубот, таҳкими қонуният ва таъмини баробарҳуқуқии ҷинсҳо дар кишвар гардад.
Таҳлили имрӯзаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мо айни ҳол мунтазам ба марҳилаи рушд рафта истодаем. Ба ин далел суханронии Пешвои муаззами миллатро метавон қайд намуданд: «Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад.
Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд».
Шумораи занону бонувон дар вилояти Хатлон 1 800 000 нафар (49,2) фоизи шумораи умумии аҳолии вилоятро ташкил дода, саҳми арзандаи онҳо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва фарҳангу ҳунар беназир аст. Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ҳамчун ҳамоҳангсози тадбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тадбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа масъулияти баланд дошта, бобати амалигардонии самарабахши онҳо аз имкониятҳои мавҷуда босамар истифода менамоянд.
Дар ин замина дар вилоят бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар давраи амали Фармони Пр езиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» шумораи занони роҳбар дар вилоят ба 14 ҳазор нафар мерасанд.
Воқеияти иҷтимоӣ собит месозад, ки бонувон дорои иродаи қавӣ, масъулият ва ҳисси баланди худшиносии миллӣ буда, қодиранд ба равандҳои гуногуни ҷомеа назари фардии худро дошта бошанд. Мисоли возеҳ ба ин фаъолияти сиёсии 6 нафар занон аз миқёси вилояти Хатлон дар Маҷлиси Олии мамлакат аст, ки онҳо бо дарки воқеият, дониши баланди сиёсӣ ва таҷрибаи ибратбахш метавонанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки ҳаёти имрӯзаи моро ба танзим медарорад, эҷод ва таҳия намоянд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», ки дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми тоҷик мусоидат намудааст, дар низоми ташаккули давлатдории миллӣ нақши созанда доранд.
Имрӯз нишондиҳандаи иштироки занон дар ченаки умумии фаъолияти сиёсӣ боло рафтааст, ки падидаи умедворкунанда буда, инро бояд эътироф кард. Дар ин самт шумораи занон дар соҳаи идораи давлатӣ дар мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба 540 нафар мерасад, ки аз ин шумора 210 нафар (39%) дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият дошта, тамоюли болоравӣ дорад. Зеро санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки имрӯз дар самти боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа қабул карда шудаанд, бобати бартараф намудани монеаҳои сунъӣ эҷодшаванда аҳамияти калон доранд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар таъмини истиқлоли озуқаворӣ арзёбӣ гардида, саҳми арзандаи занону бонувон дар рушди ин соҳаи афзалиятноки мамлакат хосса аст. Истифодаи самараноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз он, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифат ва дар ин замина истеҳсол ва афзун намудани маҷмуи маҳсулот, имрӯз дар баробари дигар вазифаҳо аз масъалаи мубрами занони кишоварзи вилоят аст.
Бо таҳлил ва мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки имрӯз аксари қувваи қобили меҳнат аз ҳисоби бонувон дар деҳот зиндагӣ намуда, яке аз қишрҳои асосии таъминкунандаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва омили фаровонии бозори истеъмолӣ арзёбӣ мешаванд.
Дар вилоят шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон ба зиёда аз 11 ҳазор нафар мерасанд, ки саҳми бевоситаи онҳоро дар таъмини сабади истеъмолии кишвар ва таҳкими истиқлоли озуқавории кишвар низ метавон муҳим арзёбӣ кард.
Фаъолияти занону бонувон дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа низ назаррас унвон мешавад. Ба бонувони мо хос аст, ки табиби ҳозиқ ва тарбиятгари асил бошанд ва бо касби эҳтироми мардум дар сафи авввали амалӣ намудани ҳадафҳои маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва ҳифзи сиҳатии омма қарор бигиранд.
Зеро рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо назари некбинонаи Пешвои муаззами миллат инфрасохтори хуштарҳу замонавии соҳаи тандурустӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир бунёд гардидааст. Шумораи занони дар ин соҳаи афзалиятноки вилоят фаъолияткунанда ба 25602 нафар мерасад, ки ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи сиҳатии омма мусоидат менамояд.
Мисоли умедворкунанда ба ин дар як сол дохил гардидани 275 нафар ҷавондухтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии касбии мамлакат ва сол то сол ба сафи донишҷӯёни муассисаҳои олии хориҷи кишвар ворид гардидани теъдоди зиёди ҷавондухтарон мебошанд, ки заминаи устувори рушди давлатдории миллии моро эътимод мебахшанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран занону ҷавондухтарони мо бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсус пайдо намуда, дар ҳамбастагӣ бо оила ва ҷомеа ҷиҳати ташаккули шахсияти насли наврас мавқеи назаррас касб менамоянд. Дар ин радиф шумораи занону бонувоне, ки дар соҳаи маорифи вилоят фаъолият менамоянд, ба 29987 нафар мерасанд. Онҳо бо дарки вазъи печидаву мураккаби бархурди тамаддунҳо ва ба миён омадани масъалаҳои ҳассоси геопалитикии хатарзои ҷаҳонӣ бо истифода аз донишу таҷриба, ҳисси баланди кордонӣ аз минбари баланди андешаҳои комили худ ба насли ояндаи миллат пеш аз ҳама мафҳуми соҳибдавлатӣ, мустақилият ва ташаббускориро омухта, дар ҳифзу ҳимояти арзишҳои муҳими давлатдорӣ саҳми бориз доранд.
Зимнан ёдр ас мешавем, ки занону ҷавондухтарон имрӯз ҷиҳати муарр ифии сиёс ати фарҳангии кишвар низ нақши бориз дошта, санъати асили тоҷик ва рукни асосии фарҳангӣ - либоси миллиро бо тарҳи ҷадиду муосир ба оламиён пешкаш кард аанд.
Имрӯз рушду камоли тамоми самтҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла самти муҳими идораи давлатӣ ба фаъолияти босамари занону бонувон робитаи мустаҳкам дошта, ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ дар марҳилаи ташаккул қарор дорад.
Дар ин робита вобаста ба механизмҳои иловагии фаъолгардонии занон дар сиёсат бояд, пеш аз ҳама, ба тарбияи шахсияти ҷавондухтарон, ки ба ташаккулёбии минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд, аҳамияти зарурӣ диҳем.
Ҳамзамон зарур аст, ки масъалаҳои ташаккул додани имиҷи занону бонувон дар сиёсат, баланд бардоштани фарҳангу шуури сиёсӣ ҷиҳати омода намудани сарварони оянда аз ҳисоби ҷавондухтарон дар саргаҳи фаъолияти ташкилоту идораҳои дахлдор қарор дошта бошад.
Мо - занону бонувон мавқеи арзанда касб кардани нақши худро дар ҷомеа натиҷаи таваҷҷуҳ ва иродаи ҳадафмандонаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, бо касбияти баланд дар рушди низоми идоракунии давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ мавқеи худро бо дарки баланди масъулият устувор менамоем.
Анзурат Абдусаломзода,
сардори Раёсати кор бо занон ва
оилаи вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...