Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «ҚАТРАЕ АЗ БАҲР» Ё чанд далели он ки хизматрасонии муасс исаи алоқаи почта ҷавобгӯи талабот нест


«ҚАТРАЕ АЗ БАҲР» Ё чанд далели он ки хизматрасонии муасс исаи алоқаи почта ҷавобгӯи талабот нест




Дар замони муосир матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, муҳим ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор меравад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон


Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз он ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии кишвар собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа, баҳри рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд.


Барои фарогирии саривақтӣ ва комили фазои иттилоотӣ на фақат худи расонаҳо, балки ниҳодҳои дахлдор ба паҳнсозии маводи ВАО низ масъуланд.


Масалан, ба пахши амвоҷи телевизион ва радио ҶСК “Телерадиоком” ва ба паҳнсозии матбуоти даврӣ муассисаҳои алоқаи почта дар шаҳру ноҳияҳо муваззаф мебошанд. Агар рӯзнома саривақт аз чоп барояд, аммо саривақт ба дасти хонанда нарасад, заҳмати рӯзноманигорон баръабас меравад. Аз як тараф, мубрамияти иттилои нашршуда коҳиш меёбад ва аз сӯйи дигар норозии муштариён ба вуҷуд меояд. Қаноатмандии обуначиёни рӯзномаю маҷаллаҳо аз фаъолияти муназзами идораҳои почта вобастагии калон дорад.


Ҳар як хонанда, ки ба ин ё он рӯзномаву маҷаллаи даврӣ обуна мешавад, дар сурати пардохти маблағи обуна, ҳамзамон ҳаққи хизматрасонии почтаро низ пардохт мекунад. Барои мисол, муштарии рӯзномаи “Хатлон” барои обунаи яксола 130 сомонӣ пардохт мекунад, ки аз ин 15 сомониаш ҳаққи хизматрасонии муассисаи алоқаи почта мебошад. Яъне идораи почтаҳои шаҳру навоҳӣ барои дастраснамоии рӯзномаи “Хатлон” ба обуначиён муваззаф мешаванд. Аммо таҳлили интихобии идораи рӯзномаи “Хатлон” дар чанде аз муассисаҳои таълимӣ ва тиббии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нишон дод, ки муассисаи алоқаи почтаи ноҳия вазифаашро ба таври зарурӣ иҷро намекунад.


Бисёре аз масъулони муассисаҳои тиббӣ ва таълимии ноҳия дар суҳбат бо мо иброз доштанд, ки ба матбуоти даврӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Хатлон” обуна шудаанд, аммо бастаи нашрияҳо ва ё нусхаҳои охири онро дар идораашон пайдо кардан имконпазир набуд. Омӯзгорон ва табибон гуфтанд, ки ҳарчанд саривақт, ҳанӯз дар моҳҳои сентябр-октябри соли гузашта маблағи обунаро пардохт кардаанд, давоми соли ҷорӣ рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ дер-дер ба дасташон мерасад.


Чунончи, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳия дида шуд, то имрӯз ягон нусха рӯзномаи “Хатлон” ва ё дигар нашрияҳои даврӣ ба омӯзгорони  муассисаи мазкур расонида нашудааст.


Омӯзгори ин таълимгоҳ Ҳурбибӣ Додова чунин гуфт: “Аз музди маошамон ба матбуоти даврӣ обуна мешавем, то аз рӯйдодҳо ва масоили рӯзмарра бохабар бошем. Аммо, мутаассифона, моҳи 11- уми соли 2023 тамом мешавад ва ман ҳамчун омӯзгор як нусха аз рӯзномаи “Хатлон”-ро ҳам надидаам. То ҷое ман медонам, мо барои ба дастамон омада расидани рӯзномаҳо ҳатто маблағи хизматрасонии почтаро медиҳем. Вале ман надидам, ки ягон корманди почтаи ноҳия ба дари муассисаи мо омада, ба омӯзгорон рӯзномаҳои тозанашрро расонад”.


Ҳолати мазкур, яъне саривақт нарасидани рӯзномаҳо дар МТМУ №5 ба номи Нурзода Абдураҳмон, ки дар Ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳия воқеъ аст, низ дида мешавад. Дар вақти боздид мо тавонистем ду шумораи рӯзномаи “Хатлон”-ро пайдо кунем, он ҳам чопи чанд моҳ пеш. Ҷонишини директор Зиёдулло Ашӯров қайд кард, ки то имрӯз ду маротиба ба маркази ноҳия рафта, аз шуъбаи маориф рӯзномаҳои давриро ба мактаб овардааст. “Касе ба муассисаи мо рӯзномаву маҷаллаҳоеро, ки обуна мешавем, дастрас намекунад. Аз ин рӯ, хоҳиш дорам, ки дар сурати обуна шудан ба муассисаи мо рӯзномаҳо дастрас карда шаванд. Агар чунин ҳолат давом ёбад, омӯзгорон минбаъд маблағи обунаро пардохт намекунанд. Омӯзгорони ҷавон дар муассисаи мо зиёданд. Онҳо пайваста талош мекунанд, ки бо хондани мақолаву дастурамалҳои нав, дониши худро мукаммал гардонанд, усулҳои замонавии таълимро ба роҳ монанд. Дар миёни омӯзгорон талабгори рӯзномаи “Хатлон” ва ё нашрияи “Омӯзгор”, ки чунин матлабҳо бештар ба чоп мерасад, зиёд аст. Мутаассифона, дар як сол ҳамагӣ якчанд маротиба ин рӯзномаҳо ба муассиса оварда мешавад”, - идома дод З. Ашӯров.


То имрӯз рӯзномаи “Хатлон” 77 шумора аз чоп баромадаву пешкаши хонанда гардидааст. Дар чанд муассисаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз он дидан кардем, аз 77 шумораи чопшудаи рӯзнома шумораи хеле камашро дарё б кард ан мумкин асту халос.


Масъул ба чунин вазъ кадом ниҳод аст? Магар муассисаи алоқаи почтаи ноҳия не?! Оё масъулин фаромӯш кардаанд, ки матбуоти даврӣ роҳнамои ҳаёт ва нишондиҳандаи набзи ҷомеа мебошад ва таваҷҷуҳи ҷомеа ба матолиби матбуотӣ зиёд аст?! Нашрияҳо ба боло рафтани маърифат, дониш, ҷаҳонбинии хонанда мусоидат мекунанд, фармон, қарор ва қонунҳое, ки аз ҷониби давлат қабул карда мешаванд, дар навбати аввал дар матбуоти даврӣ нашр мегарданд, то мардум ба таври сареъ аз он огоҳ шаванд. Вале вақте пас аз як ё якчанд моҳ рӯзномаҳо ба дасти хонанда мерасанд, маълум аст, ки вай дигар барои обуна шудан ба матбуоти даврӣ талош намекунад.


Масъулони муассисаи алоқаи почтаи ноҳияи А. Ҷомӣ мегӯянд, ки онҳо нашрияҳоро то шуъбаи маорифи ноҳия дастрас мекунанд ва шуъбаи маориф худаш ба муассисаҳои таълимӣ мерасонад.


Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи А. Ҷомӣ Муҳаммад Нуралиев қайд кард, ки бо маблағи беш аз 21 ҳазор сомонӣ омӯзгорону баъзе хонандагон ба нашрияҳои даврӣ обуна шудаанд. “Инак, як сол ҳам пур мешавад, аммо ба муассиса боре ҳам аз ҷониби почта рӯзнома оварда нашудааст. Ҳар вақте ки худам ба шуъбаи маорифи ноҳия ба маҷлис равам, агар рӯзномаҳо пайдо шаванд, гирифта ба мактаб меорам”, - афзуд ӯ.


Дар маркази саломатии Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳия табиберо дар ҳоли мутолиаи рӯзномаи «Хатлон» вохӯрдем. Вақте бо ин табиб суҳбат кардем, зикр кард, ки рӯзномаи «Хатлон»-ро пайваста мутолиа мекунад. Дар вақти холӣ сканвордашро хонапурӣ карда, зеҳни худро қавӣ мекунад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, вай дар дастрас кардани рӯзнома мушкилӣ мекашад. Зеро барои гирифтани рӯзномаи «Хатлон» худаш ва ё роҳбари маркази саломатӣ чанд километр роҳро тай карда, аз маркази ноҳия дастрас менамояд. Ҳол он ки ҳангоми обуна шудан маблағи хизматрасонии почтаро барои як сол пардохт намудаанд.


Агар хонандагон ва ё муштариёни рӯзномаву маҷаллаҳо ҳаққи хизматрасонии почтаро пардохт мекунанд, кӣ бояд иҷрои вазифаи маркази алоқаи почтаро зери назорат гирад?


Директори МТМУ №46-и ноҳия Мурод Бегиҷонзода низ аз мушкилие ҳарф зад, ки дар дигар муассисаҳо ҷой дорад. Ӯ низ аз хизматрасонии маркази алоқаи почта норозигӣ баён намуд.


Мисолҳое, ки дар боло зикрашон рафт, “қатрае аз баҳр” буда, вазъи паҳнсозӣ ва дастраснамоии нашрияҳои даврӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бозгӯ мекунанд.


Мушкили дастраснамоии саривақтии нашрияҳои даврӣ дар ноҳияҳои дигари вилоят низ ба мушоҳида мерасад. Умед мебандем, ки масъулони марказҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо минбаъд фаъолияти худро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, ҳамеша ба ёд хоҳанд дошт, ки матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ буду боқӣ мондааст.


Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, бахусус дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд.

Набиҷони Саидаброр, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода