Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Калиди соҳибдавлатӣ


Калиди соҳибдавлатӣ



Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон


Муддати зиёдест, ки байни равшанфикрон ва нависандагону соҳибназарони кишвар оид ба масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ, моҳият ва роҳу василаҳои расидан ба он баҳсҳо ҷараён дорад. Дар ин иртибот як теъдод олимони кишвар мақолаҳои зиёде ба нашр расонида, ҷанбаҳои гуногуни ин масъаларо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд, ки аксарияти ин қабил маводҳо дилчасп ва омӯзандаанд.

Имрӯзҳо бисёр коршиносону таҳлилгарон ва муҳаққиқони соҳаи иҷтимоӣ-сиёсӣ суоле пеш меоваранд, ки бадастоварии чунин як сулҳу ваҳдати комил чи гуна ба мо тоҷикон муяссар гардид? Дар ҳақиқат, ин савол бамаврид аст, зеро дар тӯли таърихи рушди ҷомеаи инсонӣ, ки онро ҷангу низоъҳо ҳамроҳӣ намудаанд ва дар ҳеҷ давру замоне аз низои дохилӣ дар чунин шакл як ваҳдати миллӣ ба даст оварданро насли инсоният ёд надорад. Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он нақши махсуси худро дорад.

Аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон ин соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар сарнавишти давлати навини тоҷикон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ бахшид. Аммо бо вуҷуди барқарор шудани Ҳукумати қонунӣ вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар хуб набуд. Гаравгирӣ ва куштору ғорат ба авҷи аъло расида буд. Ҷинояткорӣ рӯз ба рӯз зиёд мегардид. Шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ террор карда мешуданд. Ҳукумати ҳамонвақта шаҳрвандони худро ҳимоя карда наметавонист. Баъди дар соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон кардан Тоҷикистон ба саҳнаи муборизаи беамон барои ҳокимият табдил гардид.

Дар марҳ илаи аввали Истиқлолият чунин ҳодиса рух дод ва зиддиятҳои  гурӯҳӣ ба миён омаданду оташи ҷанги байни ҳамватанон аланга зад, ки хатари аз ба йн рафтани давлати навини тоҷиконро ба миён меовард. Дар чунин вазъият ҷумҳурӣ ба як сарвари бохираду хушбин ва иродатманду миллатд ӯст ниёз дошт.

Дар таърихи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд, Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иҷлосия иқдомҳои муҳими давлатиро ба анҷом расонид ва ҳамзамон ин айёмро метавон оғози сиёсати бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Хости сарнавишти миллати тоҷик, бахти баланди ин миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе Роҳбари давлат интихоб шуд, ки тақдири миллату давлатро ба куллӣ тағйир дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорати хоси сиёсӣ дар айёми мубҳам ва бесару сомониҳо сарварии кишварро ба уҳда гирифта, чун сиёсатмадори дурандеш, ташаккул ёфта, соҳиби фазилатҳои хоси сарварони миқёси ҷаҳонӣ гардид. Музокироти пурсамари байни тоҷикон пеш аз ҳама бо ташаббус ва саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳи пойдор дар мамлакат, қатъ шудани амалиётҳои ҳарбӣ дар марзи Тоҷикистон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ризояти миллӣ шуруъ гардид.

Вале ҳамоно ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Баъди гузашти солҳо ба таърих назар афканда, он лаҳзаҳои пурдоғу пурдардро мебинем ва дарк мекунем, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт ҷонашро ба гарави сулҳ гузошта будааст. Чуноне ки ин абармарди ватанпараст дар рӯзи аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш, чунин гуфта буд: “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ меорам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам”. Вале бовари касе намеомад, ки шахсе метавонад оташи шадидтарини эҳсоси интиқоми хунинро, ки аз хусусияти ғаризии башар аст, фурӯ нишонад. Эмомалӣ Раҳмон бо нияти неки худ содиқ монд ва тавонист, ки дар дудмони бузург сулҳу оромиш биоварад ва бародарони ба якдигар шӯридаро сари як миз нишонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонбозиҳо тавонист ба тоҷикон ва тоҷикистониён сулҳ биёрад. Дар натиҷа 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” қабул гардид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид. Таҷрибаи гуфтушуниди тоҷикон ки дар ниҳояти кор бо сулҳ ба анҷом расид, хусусан барои давлатҳое, ки имрӯзҳо ба чунин вазъият дучор омадаанд, намунаи ибрат гардидааст. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣ донистаанд.

Дар фарҷом мехоҳам махсус таъкид намоям, ки хомӯш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, пеша кардани фарҳанги сулҳофарӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи бақои миллат, ба ҷо овардани авфи умум, қатъан баргардонидани гурезаҳо, раҳоӣ ва наҷот додани Тоҷикистон аз хатари нобудӣ, ҷонбозиҳо намудан ҷиҳати нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ, пойдор намудани амнияти саросарӣ, ободию бунёдкориҳо, ба ҷо овардани музокироти истиқрори сулҳ, меъмори асосии сулҳи тоҷикон, ки қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат аст, самараи Ваҳдат ва нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Шердил Исуфов,
омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода