Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 462
Баъди пошхӯрии Ҳукумати Шуравӣ ва мустақилияти худро эълон намудани давлатҳои шомили ин иттиҳод кишвари мо низ соҳибистиқлолии худро эълон кард. Баъд аз муддатҳои тӯлонӣ миллати тоҷик баҳри озодӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии худ овоз баланд кард, аммо ин садо бо туғёни тӯфоне, ки дар камин буд, пахш гардид. Кишвар ба гирдоби ҷанги хунин, ки онро гоҳе “Ҷанги бародаркӯш” низ мегӯянд, кашида шуд.
Шояд он нафароне, ки паси ин ҳама қатлу хунрезӣ меистоданду алайҳи давлату миллат дасиса мечиданд, намедонистанд, ки Офаридгор пеш аз оне, ки шахсе ё афродеро ба дарде мубтало кунад, аввал дармони онро мефиристад. Ва ин ҷанге, ки онҳо дар хотима бо рехтани хуни ҳазорҳо одамони бегуноҳ орзуи ғолиб омаданашро доранд, албатта хотима меёбад, аммо на бо ғалабаи иддае худхоҳу риёкор ва манфиатҷӯй, балки бо ғалабаи марде ва мардуме, ки воқеан ободиву озодӣ ва рифоҳу осоиши ҳамдигарро мехоҳанд.
Дар он ҷанге, ки имкон дошт садсолаҳои дигар ному насаб ва ҳувияти асолати мардум, ҷомеа ва миллатро ба коми нобудӣ кашад, нафаре дар симои Эмомалӣ Раҳмон сипар гашт. Сипаре, ки аз эътимод, боварӣ, эътиқод ва садоқат ба худу ба Худо ва ба миллат сохта шуда. Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷуръату садоқати тоҷикона, бо азхудгузаштагӣ талош намуд, ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро бигирад ва заминаи ободиву озодии мардумро гузорад. Ӯ бо хотима додани ҷанг коре кард, ки сулҳи тоҷикон имрӯз мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳон қарор бигирад. Чуноне А. Достиев дар китоби “Истиқлолияти тоҷикон ва сабақҳои таърихии он” мегӯянд: “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки имрӯз ҳар гоҳе дар маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷониби шахсиятҳои сиёсии миқёси умумиҷаҳонӣ таҳсин мешавад, бесабаб нест. Зеро инсоният аз таҷрибаи талхаш медонад, ки пеш гирифтани алангаи ҷанг, аз дили ашхоси воридшуда ба ҷанг ва он ҳам ҷанги бародарон, берун кардани ғубори кинаю адоват ва сари як мизи гуфтушунидҳову оштӣ нишондани онҳо кори саҳле нест.
Модоме, ки ҷангу ҷидол, балову фалокат барои зиндагист, пас сулҳофаринӣ, кӯшиши боздоштани ҷараёни марги оммавӣ, гурезагиву оворагӣ ва фақру гуруснагӣ, бояд дар сатҳи умумиҷаҳонӣ қадр карда шавад ва номи сулҳоварон дар тамоми дунё ба хосу ом, ҳамчун қаҳрамони сулҳ маъруф гардад”.
Воқеан ҳам пойдор гардонидани сулҳу оштие, ки дар кишвар ба амал омад, бе ҳамраъйии мардум ва миллат ғайриимкон буд, аммо ин ҳамраъйӣ ва бовариро дар қалби мардуме, ки умедашро ба фардои амну обод аз даст дода буд, танҳо роҳбаре ва пешвое ба вуҷуд оварда метавонист, ки садоқаташ, суханаш, эътиқоду бовариаш самимист. Беҳуда намегӯянд: “сухане, ки аз қалб мебарояд, бар қалб менишинад ва сухане, ки аз забон мебарояд, аз гӯш поёнтар нахоҳад рафт”. Агар Сарвари кишвар дар ҳарфу амали хеш содиқ ва самимӣ намебуд, имрӯз Тоҷикистон ба қатори кишварҳои амни ҷаҳон шомил намегардид, имрӯз забони тоҷикӣ баъди хомӯшии садсолаҳо дар минбарҳои баланд садо намедод, имрӯз аз арзишҳои миллӣ нишоне боқӣ намемонд.
Сулҳу ризоияте, ки дар Тоҷикистон ба даст оварда шуд, натиҷаи талошу муборизаи фарзандони барӯманди миллат ва пеш аз ҳама, заковатмандиву дурандешии халқи тоҷик аст. Зеро сулҳи тоҷикон офаридаи тафаккур ва ба ҳам омадани тарафҳо бо иродати нек дар роҳи
комгорӣ бо орзуву ормонҳои созандагии халқи тоҷик сурат гирифтааст.
Баъди ба сари ҳукумат омадани Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон чӣ дасисаҳое, ки начиданду чӣ шӯришҳоеро тарҳрезӣ накарданд, то оромиши ҷомеаро аз байн баранд. Аз сиёсат, қудрат, дин, фарҳанг, расму оин сӯиистифода карданд, то ошӯби дигаре барпо кунанд, аммо ҳамоно тирашон хокхӯрда асту ба ҳадаф намерасанд. Ва шояд он “ҳақталошон”-и паси парда то ҳол дарк накардаанд, ки ин ҳукумат ҳукумати мардумист. Халқ онро дар асоси боварӣ ва эътимод поя гузошта. Ҷавҳари ин боварӣ ранҷу азобу ғурбати мардум, оворагиҳои онҳо, ашки сӯзони модарони фарзандгумкарда ва фарзандони бе падару модар бавоярасида аст. Чигуна метавон ин бовариро шикаст, ин оромишро барҳам зад?
Имрӯз он ҳама сарсониву оворагӣ, фақру гуруснагӣ ва ғуссаву ноумедӣ паси сар шуд ва мо дар марҳилаи имтиҳони ҷиддии ору номуси ватандорӣ қарор дорем. Ҳар яки мо бояд танҳо ба хотири ояндаи дурахшони миллату сарзамин талош варзем. Мо-тоҷикон бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари кишвар тавонистем фалокати азими ба сари кишвар омадаро дур созему домани кишварро аз дасти фақру бенавоӣ ва гуруснагиву бемории сартосарӣ раҳо намоем, метавонем, ки боз ҳам бештар ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, мамлакатамонро ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор диҳем. Ва дар саромади ҳамаи ин даствардҳо заҳматҳои шабонарӯзиву қаҳрамониҳои Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Ва имрӯз сарвари кишвар бе муболиға ба унвонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат сазовор аст. Зеро чунин сулҳе худ аз худ дар ҳеҷ ҷомеае ба ба вуҷуд намеояд ва пойдор намемонад, то ин ки асосгузори оқилу хирадманд ва сиёсатмадори кордоне ҳомиаш набошад ва ҳеҷ як миллате дар гирдоби фитнаҳои ҷаҳони муосир, омезиши фарҳангу тамаддунҳо ва муташанниҷ гардидани сиёсати ҷаҳонӣ муқовимат карда наметавонад, то ин ки пешвое дурандеш ва таҳаммулгаро роҳнамо ва ҳомиаш набошад.
Мо шукр аз он мекунем, ки имрӯз дар маъракаву меҳмониҳо, чорабиниву иду ҷашнҳо дигар ҳарфе аз “кӯлобиву ғармӣ” ва “бадахшониву суғдӣ ё хуҷандӣ” нест. Ҳама сари як хон таом мехӯранду дар як муассиса кор мекунанд, дар як мактабу донишгоҳ таҳсил мекунанд ва дар як сангар аз амнияту осудагии миллат дифо мекунанд. Ва ин худ исботи он аст, ки миллатро наметавон бо тафриқаи забон, лаҳҷа, маҳал, урфу одат, эътиқоду боварӣ аз ҳам ҷудо кард. Чун миллат ҳамеша миллат аст ва ин калимоти заррин ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум зудуда намешавад, ки гуфтаанд: “ОБ АГАР САД ПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ!!!”.
Райҳона Раҳматова,
омӯзгори ДДБ ба номи Н. Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...