Ҷ. Шукурова: «Китобхонӣ дар ман ирсӣ аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 284
Тирамоҳи соли 1966 дар оилаи Абдуҳалим Шукуров ва Бибихаёл Шукурова дар ноҳияи Хуросон духтараке ба дунё омад, ки ӯро Ҷамила ном гузоштанд. Акаи Абдуҳалим дар колхоз ба ҳайси муҳандис кор мекарду Бибихаёл - зани ҳалиму меҳрубон ва донишманду босавод бошад, хонашин буд. Ҳарду аз ба дунё омадани духтари нахустинашон шоду хуррам шуданд, зеро орзуи соҳиби духтар шуданро доштанд.
Акаи Абдуҳалим бародаре дошт бо номи Абдуҳаким, ки дар шаҳри Душанбе ба ҳайси рӯзноманигор кор мекард. Ҳарду китобдӯст буданд. Абдуҳалим одате дошт, ки доим дар дасташ китоб ё газета буд. Ӯ дилбохтаи китоб буд. Ҳар вақте ки бекор мемонд, китоберо ҳатман мутолиа менамуд. Бародараш ин хислати Абдуҳакимро медонисту ҳар замон ба ӯ китобу маҷаллаҳои тозанашрро меовард ё мефиристод.
Маҳз ҳамин китобдӯстиву сермутолиа будани падарро Ҷамила ба худ мерос гирифтааст. Онҳо дар хона як китобхонаи хурдакаке доштанд. Акаи Абдуҳалим ҳамеша китобе гирифта, хона оварда мутолиа менамуду дар китобхонааш мегузошт, сипас он китобро духтараш-Ҷамила мутолиа менамуд. Миёни ҳарсеи онҳо пайванди маънавие буд. Ҷамила Шукурова мегӯяд, ки шояд китобдӯстӣ ва китобхонӣ ба ман аз падар ва амакам меросӣ бошад.
Ҷамила дар иҳотаи меҳру муҳаббати волидон ба камол расид. Сари дастархону кор, дар замин, вақти бекорӣ, дар вақти истироҳат ҳама вақт дар дасти Ҷамила китоб ҳасту китоб мехонад.
Боре акаи Абдуҳалим китоберо оварда, ба духтараш - Ҷамила доду гуфт, ки инро хон. Ҷамила онро пурра мутолиа намуд. Ва ин нахустин китоби хондаи Ҷамила асари Нависанда халқии Тоҷикистон Саттор Турсун «Камони Рустам» буд.
Пас аз хатми мактаби миёна, нахуст, ба коллеҷ, сипас ба донишгоҳ дохил шуда, бо дуои падару модар касби пуршарафи омӯзгориро интихоб намуд. Баъди хатми донишгоҳ ба мактаби деҳаашон ба кор омад. Бо ҷавоне оиладор шуда, соҳиби писарак гардид. Аммо дар ин муддат Ҷамила рӯзе ҳам худро бе мутолиаи китоб тасаввур намекард.
Бар асари ҷанги таҳлимии шаҳрвандӣ Ҷамила падар ва бародаронашро аз даст дод. Модараш, ӯ ва ду хоҳараш бесаробон монданд.
Аз ин баъд, Ҷамила чун духтари калонӣ, сардор ва нонбиёри оила шуд. Нигоҳубини модар ба дӯши ва й афтод. Ӯ акнун ҳам духтару ҳам писари модар шуда буд. Ҳам кори мардонаи хонаро мекарду ҳам ба кори модараш ёрӣ медод, аммо аз китобхонӣ дур набуд.
Вақте соли 2019 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид, Ҷамила Шукурова ҷуръати иштирок намудан дар озмунро накард. Баргузории озмунро тамошо карда, гирифтани тасмим ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ хело душвор буд. Ниҳоят, соли 2022 ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод мекунаду вориди рақобат мешавад. Дар соли якум то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат меёбаду дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ мегардад.
Вақте аз Душанбе ба хона баргашт, модараш ӯро тасалло дода, дилбардорӣ кард. Ӯ чун дигар модарон ба фарзандаш боварии комил дошт. Боварӣ дошт, ки рӯзе Ҷамилааш ғолиби ин озмун мегардад ва талқин мекард, ки барои соли оянда омодагии ҷиддӣ бинад. Китобҳои солҳои пеш хондаашро такрор кунад, китобҳои нав хонад. Момои Бибихаёл Ҷамиларо ҳамаҷониба дастгирӣ менамуд.
Соли 2023 бо дуои модараш Ҷамила Шукурова ҳуҷҷатҳояшро барои иштирок дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» супорид. Ин дафъа бо тайёрии пухтаву омодагии ҳамаҷониба вориди озмун шуд. Ӯ барои иштирок 30 роман, 54 повест, 70 очерку ҳикоя, 6 драмма ва 8 ёддошти мутолиакардаашро пешниҳод кард. Миёни ҳуҷҷатҳои Ҷамила Шукурова номи нависандагону шоирони зиёдеро метавон вохӯрд. Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Саттор Турсун, Пӯлод Толис, Гулрухсор, Фазлиддин Муҳаммадиев, Баҳром Фирӯз, Ҷалол Икромӣ, Лоиқ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Сорбон, Камол Насрулло ва дигарон.
-Вақте ягон мушкилӣ ё душворие ба сарам меафтад, дарҳол қаҳрамон, образу нақшҳои асарҳои дӯстдоштаам, Дилором каниз ва Фирӯза аз «Духтари оташ»-и Ҷ. Икромӣ, Шоҳписанд аз асари А. Ҳилолиён, образи занони қаҳрамон дар асари «Занони сабзбаҳор»-и Гулрухсорро пеши назар меорам, ки онҳо ба ҷои ман чӣ кор мекарданд?! Онҳо чӣ мегуфтанд?!, - мегӯяд Ҷ. Шукурова.
Дар даври ноҳиявӣ бе ягон мушкилӣ сазовори ҷойи аввал шуд. Аз ин муваффақият модараш чунон шод шуд, ки ногуфтанӣ. Дар даври вилоятӣ низ доварон ба вай ҷойи якумро лоиқ донистанд. Акнун Ҷамила Шукуроваро мебоист шарафи вилояти Хатлонро дар даври ниҳоӣ ҳимоя кунад. Модараш дафи шодӣ мезад. Боре аснои суҳбат момои Бибихаёл ба Ҷамила гуфт: «Духтарам, ман нав фаҳмидам, ки ту чи қадар китоби бисёр хондаӣ. Китобҳои хондаи ту фоидаовар будаанд».
Тайёрӣ ба даври ҷумҳуриявӣ медид. Мехонд, такрор мекард... то оғози даври ҷумҳуриявӣ чанд моҳ монда буд, ки модарашро аз даст дод. Ҷамила Шукурова қувва, дастгир, пушту паноҳ ва такягоҳашро аз даст дод. Ӯ дигар хоҳиши иштирок кардан дар озмунро надошт. Намехост, ки дигар китоб хонаду дар бораи китобхонӣ фикре ҳам карда бошад. «Агар дар озмун иштирок карданро давом диҳам, мардум чӣ мегӯянд, нав модарашро аз даст доду фикри дар озмун иштирок карданро дорад»,- ва дигар фикру ақидаҳо дар сараш чарх мезаданд.
Аммо як сухани хоҳари калониаш Фирӯза, ки ҳамроҳ дар як муассисаи таълимӣ кор мекунанд, ӯро аз фикраш баргардонд. Вақте Фирӯза фаҳмид, ки апааш аз иштирок дар озмун даст кашиданӣ аст, гуфт: «Апа, ин корро накун. Ба ягон тӯю сур намеравӣ. Ту бояд ба хотири рӯҳу арвоҳи падару модарамон рафта иштирок намоӣ. Зеро инро онҳо ҳамеша мехостанд».
Аз ин суханон Ҷамила Шукурова фикру андешаҳояшро иваз карда, аз паси омодагӣ ба озмун шуд.
Даври ниҳоии озмун оғоз шуд. Душанбе. Китобхонаи миллӣ. Дар назди аъзои ҳакамон нусхаи ҳуҷҷатҳо, худаш дар назди баландгӯяк истода, ба саволҳои онҳо посух медиҳад. Бо сарбаландӣ ба саволҳои душвору сатхгириҳои ҳакамон ҷавоб доду натиҷаро интизор нашуда, ба Хуросон баргашт.
Яке аз иштирокчиёни озмун ба телефонаш мактуб мефиристад, ки муаллима, муборак шавад, сазовори ҷойи якум шудед. Ба чашмонаш бовар намекард. Аз хона берун баромада, нахустин шахсе, ки худаш ин хабарро расонид, ин писари яккаву ягона ва муҳоҷираш Бахтовар буд.
Дар вақти супоридани ҷоиза ҳама дар тараддуди ҷоизасупориву ҷоизагирӣ, табриккуниву шодбошгӯйии якдигар. Баранда ҷоизадорони номинатсияи адабиёти муосирро эълон мекунад. Дар саҳна аснои гирифтани ҷоиза чеҳраи нуронии модари раҳматиаш пеши назараш намудор мешавад, овозашро мешунавад. Дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад, гиря гулӯгираш мекунад, овозаш меларзад, аммо Ҷамила худро ба даст мегираду сир бой намедиҳад. Ҷоизаро гирифта, паси парда мераваду дигар худро дошта наметавонаду мегиряд. Ин ҳам ашки шодӣ ва ҳам ашки ғам буд...
Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16- и ба номи Хуршед Ойматови ноҳияи Хуросон Ҷамила Шукурова ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик насли наврасро таълим медиҳад. Ниятҳои зиёд дорад: шогирдонро тарбия кунад, аз миёни онҳо иштирокчиёни нави озмунро омода созад, китобҳои навро мутолиа намояду дар солҳои оянда барои ба даст овардани Шоҳҷоиза қувваи худро санҷад ва барои наберагонаш аз ҳисоби маблағҳои ҷоизаи озмун дар хонааш як китобхона бунёд кунад, то барои рушди маънавиёти ҳамдеҳагонаш нафъе расонда бошад.
Толиб Толибзода ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00