Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




Имрӯз, 24 ноябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигарон ширкат намуданд.

Қисмати аввали чорабинӣ бо роҳпаймоии иштирокчиён сурат гирифт. Ҳозирин аз терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар то майдони Исмоили Сомонӣ бо шиору овезаҳо бо рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ роҳпаймоӣ намуданд.

Қисмати дигари чорабинӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид баромад намуда, ҳозиринро ба санаи таърихӣ таҳният гуфт. Мавсуф изҳор дошт, ки имрӯз кулли сокинони шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар як санаи муҳимми таърихӣ – 31-умин солгарди қабули Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.



- Парчам дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Парчами миллӣ – яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро дорад. Достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсӣ оғози парчамдорӣ дар дунё аст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, аз рангҳои дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст. Мутаассифона, дирафши коваёнӣ бар асари тозиши ваҳшиёнаи тозиён ба замин афтод ва то расидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне то Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 31-солагии он бо як тантанаи бошукуҳ арҷгузорӣ шуд, дигар барафрохта нашуд. Дар бораи сарнагунии дирафши коваёнӣ ва арзиши он Балъамӣ навиштааст: «Чун тозиён хазинаи мулуки Аҷам ғорат карданд, он дирафш пеши сарвари онҳо бимонд. Пас фармуд, то он гавҳарҳо бигшоянд ва он пӯст бисӯхтанд». Оини дигаре, ки дар он замони бостон ривоҷ доштааст, ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон, ғолибан шоҳ дирафши меросиро бӯсида, бо тантана ба сипаҳбади шоиста месупорид. Мо шоҳиди он будем, ки дар Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаҳои арҷгузории парчами миллӣ бо як эҳсосоти фарогир сурат гирифт. Сарвари ҷавони кишвари рӯ ба озодиву осоиштагӣ оварда Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буд. Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёгони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд, - илова намуд Д. Саид зимни баромади худ.

Маврид ба ёдоварист, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шуд. Он аз се ранг - сурх, сафед ва сабз иборат буда, ҳар кадом ифодакунандаи мафҳумҳои хоси худ мебошанд. 


Дар охири ҳамоиш чорабинии фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода