Ҳомии арзишҳои миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 245
Дар ҷомеаи муосир собит шуд, ки сулҳу ваҳдат шарти ободӣ ва пешрафт аст, зеро дар соли 1997 коҳиши иқтисодӣ қатъ шуд ва дар муддати ҳамагӣ панҷ сол оқибатҳои бӯҳрони сиёсӣ бо нерӯ ва талоши фидокоронаи мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбуб асосан рафъ гардиданд. Зиёда аз он, ба баракати ризоияту ваҳдати миллӣ ва татбиқи стратегияи санҷидаи ислоҳоти бунёдии ҷомеа мо ба шоҳроҳи рушди босуръат ва устувори иқтисодӣ дохил шудем.
Иҷлосияи ояндасози Хуҷанд ба мадди аввал ғояи созиши миллӣ, ҳалли мушкилот танҳо дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва гузашт кардан ба якдигарро пеш гузошт.
Мафҳумҳои пешниҳодкардаи роҳбарияти ҳукумат дар Иҷлосияи Хуҷанд – «Сулҳ» ва «Созиши миллӣ» ба сиёсати расмӣ ҳамчун зарурияти воқеӣ ва тақозои замон табдил ёфтанд. Маҳз созиши миллӣ дар Тоҷикистон дар таҷрибаи сулҳофарӣ саҳми муассир дошт. Бесабаб нест, ки он замон собиқ Дабири кулли СММ Кофи Аннан ба натиҷаҳои раванди сулҳи кишвари мо баҳои баланд дода гуфта буд: «Тоҷикистон ба дигар кишварҳо намунаи нодири ҳалли муноқишаҳои дохилиро дод...!» Дар ҳақиқат, бо матонати мардонагӣ чун дурахше аз табори Офтоб Эмомалӣ Раҳмон баҳри ин мулку макон аз худу аз ҷони худ гузашт, вале аз салоҳи ояндабинии фардосози имрӯзи мо нагузашт.
Дар мизони андешоти ин марди солору саришта аз фазлу фаросати одамият, яъне Эмомалӣ Раҳмон илму сиёсат, тарбияту амният, созишу салоҳ ва дӯстии бардавоми халқҳо мақоми чашмрасе дошту дорад. Дар ин ҷанба, биёед ба чанде аз ибтикороти ин раҳбари роҳнамои миллат назаре мекунем, ки ҳар яке бо мақсуди муҳаббатофарин рӯи даст гирифта шудаанд. Дар мисоли инқилоби адабии Тоҷикистон, ки таи беш аз панҷ сол аст, ки ангезаи адабии халқи мо қавму қабоили Осиёву Аврупоро ба ҳайрат овардааст. Ин ҳам сабқати созандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва тақвияти неруи зеҳнии ҷомеа доир мегардад. Оё шумо дар куҷо дидаед, ки ҳукумати як мулки соҳибнуфузу мустақил бо ташаббуси Президенташ танҳо барои китобхонии шаҳрвандаш аз 1000 то 10 000 доллар мукофоте диҳад? Ин иқдом албатта хоси ин мамлакати тоҷики адабиётпарвару соҳибхирад буда метавонад, ки имрӯз ҷаҳон таҳсинаш мехонад. Ва ё ба роҳ мондани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Фарҳангу санъати ноби миллӣ низ мадди назари ҳукумати мост, ки озмоиши васеъ таҳти ин унвон таи чанд соли охир рӯи кор омадаву самараи неке дода истодааст, яъне озмуни - «Тоҷикистон - Ватани азизи ман!». Инчунин таърихи куҳани миллат бо шаҳкитоби «Тоҷикон»-амон боз ҳам ифтихоровар аст. З-ин рӯ, низ имсол Ҳукумати кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат»-ро ба роҳ монд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир гашта истодааст. Дар воқеъ, Пешвои мо дар тамоми ҷабҳаҳои кори ҳукуматӣ пешгому беназиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурандешонаву ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро: «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-умро «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» ва солҳои 2018- 2028-ро ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии “Об - барои рушди устувор» эълон кард.
Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст. Дар робита ба ин андешаи ҷаноби Пан Ги Мун – собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ин ҷо меоварем, ки басо бамаврид аст:
«Шумо Роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед. Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд».
Осори мондагори Эмомалӣ Раҳмон худ як мактаби омӯзандаву донишгаҳи олии одаму одамгарист. Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Аз Ориён то Сомониён” ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунад, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист. Пеш аз ҳама, халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст. Китоби дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад.
К итоби болозикр армуғони маънавии Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳсуб ёфта буд ва он имрӯз як бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг – чун такягоҳи устувори миллат, беандоза аст. Ӯ воқеаҳои таърихиро барои имрӯзиён дарси ибрат медонад.
Дар соҳаҳои дигари ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон, ки маҳз аз талошҳои Президенти мо гувоҳӣ медиҳад, хостем чанд нуктаеро дарҷ намоем, ки сутуднист;
– таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;
– ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дӯши худ гирифтани ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он;
– ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд;
– ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он.
Маврид ба зикр аст, ки ҷашни таърихии мо тоҷикон — Наврӯз низ мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул гардидани номинаи «Чаканҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ҷаноби Рупун Призвирачсинг расман эълон гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом барои ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Хулосаи ақидаҳоро дар фароварди сухан бо ин гуфтае анҷом медиҳам. Эмомалӣ Раҳмон ин марди нерумандест, ки барои мардуми собитқадам фиристода шуда, дар фурсати кӯтоҳ исбот намуд, ки воқеан иттиҳодии мо халқи тоҷик ба ҷаҳон сабақи ибрат дода метавонад. Аз ин садоқати ӯ моро панди бузургест аз зиндагӣ ва поянда бод матонати ин абармарди таърих дар пайроҳаи давлатдории миллати навини тоҷик дар ҳолову ҳолоҳои бардавом. Ҳамчунин, бо натиҷаи дониши аз ин силсилаақидотҳо дарҷгашта андӯхтаи худ хостам дар нуктаи фарҷомӣ чанде аз пешниҳоди худро баён дорам:
1) Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон ҳамасола як рӯз (16 ноябр) чун рӯзи Президент таҷлил мешавад, бояд барои ошноии бештар ба ҳаёти омӯзандаи Пешвои миллат ҳар ҳафта, рӯзи шанбе флешмобии тантанавии «ПРЕЗИДЕНТИ МО - ИФТИХОРИ МО!» ба роҳ монда шавад. Мақсуди ин омол шиносоии беш ба ҳаёти Пешвои мо ва инъикоси талошҳои ин абармарди таърихӣ дар олами маҷозӣ (Facebook, Instagram, Telegram) баҳри халқу миллатҳост.
2) Хуб мешуд, агар бо мусоидати Вазорати маориф ва илми кишвар дар мактабҳои миёна ва олӣ соати махсуси дарсие вобаста ба ҳаёту корнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти унвони «АБАРМАРДИ ТАЪРИХӢ» роҳандозӣ гардад. Зеро ин як соат дар равиши як соли муайян метавонад як шаҳномаи таърихии корнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба насли наврасу ҷавон омӯзиш дода дар тафаккури онон ҷиҳати пайравӣ аз ин гуна ташаббусу фаъолияти созандаи Пешвои миллат идеяи олии ояндаафрӯзеро баҳри ҳукумати оламгиру созандаи ояндаи Тоҷикистон ба миён оварда тавонад.
3) Бо дархосте аз барномарезони варзидаи ватанӣ даъват ба амал оварданиям, ки маҷмӯи адабиётҳои офаридаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар асоси китобҳои ба нашр расондаашон бо се забон (тоҷикӣ, англисӣ ва руссӣ) гирдоварӣ ва таҳия карда як барномаи электроние таҳти ин унвон - «Our Leader», ки дар сар то сари дунё истифодашаванда бошад, бисозанд, то ҷаҳон ҳам аз доштани фарзанди оламгири миллати тоҷик чун Эмомалӣ Раҳмон дарак ёбад, ба таври мукаммал, албатта.
Умедҷони АМОНӢ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00