Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР БАЛҶУВОН МУАССИСАИ ТАЪЛИМИРО МАВРИДИ ИФТИТОҲ ҚАРОР ДОД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР БАЛҶУВОН МУАССИСАИ ТАЪЛИМИРО МАВРИДИ ИФТИТОҲ ҚАРОР ДОД




Имрӯз, 10 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Балҷувон сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, раиси вилоят дар маросими баистифодадиҳии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, ки дар деҳаи Дараи Боҳтури Ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоев бунёд шудааст, иштирок намуд. 

Баъди ифтитоҳи муассисаи мазкур, ки самараи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз синфхонаҳои муассисаи таълимӣ дидан карда, бо омӯзгорон ва хонандагони он суҳбат орост. Зимни суҳбат оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бахусус Пешвои муаззами миллат ёдовар гардида, онҳоро даъват намуд, ки барои азхудкунии илмҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. 

Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки бинои муассисаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Фармоишгари иншоот филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, пудратчии он ҶДММ “Баракат” мебошад.  
     


Бинои муассисаи таълимӣ аз як ошёна, 8 синфхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва утоқи директори мактаб иборат буда, дар саҳни он буғхона ва дигар иншооти ёрирасон барои таҳсили 192 хонанда бунёд шудааст.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур гуфта шуд, ки то ин муддат хонандагони деҳаи Дараи Боҳтур бинобар надоштани муассисаи таълимӣ таҳсилро дар масофаи то 3 километр дур аз деҳа, дар таълимгоҳи ҳамсоядеҳа мегузарониданд.

Сипас, раиси вилоят Давлаталӣ Саид тибқи нақшаи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии ноҳия боздид ба амал овард. Дар рафти боздиди иншооти сохташаванда раиси вилоятро раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ҳамроҳӣ намуд. Зимни боздид раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайян анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода