Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард


Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард




Хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Левакант нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кардаанд. Бино ба иттилои бахши кишоварзии шаҳри Левакант то имрӯз барзгарони шаҳр аз авалинҳо шуда нақшаи дурнамои пахтасупориро саривақту беталаф ва пеш аз муҳлат иҷро намуданд.

Ба иттилои мудири бахши кишоварзии шаҳр Қаландарзода Мирзоалӣ, ки имсола майдони кишти пунбадона 1030 га мебошад ва нақшаи ҷамъоварии пахта 2410 тонна пахта аст. Аммо то рӯзи 4-уми октябр, ба пунктҳои қабул аз тарафи кишоварзони шаҳр 2426 тонна пахта супорида шуд, ки ин баробар ба 100,6%-и нақшаи дурнамо мебошад.

- Дар саҳро пахта фаровон буда, хоҷагидорон азм доранд, ки то кураки охирин тиллои сафедро ҷамъоварӣ намуда ба пунктҳои қабул месупоранд, - афзуд Қ. Мирзоалӣ.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода