Дугоникҳо ихтиёран ба хизмати аскарӣ мераванд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 371
Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст.
Ҷавононро мебояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Пас аз хатми мактаб хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, зиндагии осудаи наслҳои оянда баҳри ҳар як ватандор қарзи фарзандӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҳимояи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст.
Чунин мафҳумро аксари ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд. Алҳол, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хизмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад.
Дар заминаи гуфтаҳои боло мо аз масъулияти оилаҳое ёдовар мешавем, ки фарзандонро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намуда, дар пешрафти ободию осудаҳолӣ ҳисса мегузоранд. Яке аз чунин оилаҳо хонаводаи Тағоймурод Боронов мебошад, ки дар маҳаллаи Ёшленинчии Ҷамоати шаҳраки «Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ мекунанд.
Мавсуф бо ҳамсараш Наргис Боҳтурова, ки соҳиби 10 писару 2 духтар ва 4 набера ҳастанд, хушбахтона умр ба сар мебаранд. Тағоймурод Боронов бо ифтихор мегӯяд, ки 2 писарашро бо хоҳиши худи онҳо ба хизмати ҳарбӣ гусел мекунад.
-Маҳз хизмати содиқонаи ҳомиёни кишвар аст, ки имрӯз мо-сокинон ва шаҳрвандон, дар фазои амну осоиш ва ваҳдати миллӣ кору фаъолият дорем, - афзуд падари даъватшудагон Тағоймурод Боронов.
Фарзандони оила-дугоникҳо Шамсиддин ва Қамариддин бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳуҷҷатҳояшонро супорида, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд ва алҳол дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои омӯхтани курси ронандагӣ таҳсил доранд ва аз 1 октябри соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.
Инчунин, зимни суҳбат бо падари даъватшудагон Тағоймурод Боронов ва модарашон Наргис Боҳтурова фаҳмидем, ки онҳо талқин менамоянд, ки фарзандонашон бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванд.
- Умед дорем, ки фарзандони мо хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адо намуда, ба хона бармегарданд, - афзуд модари ҷавонони дугоник.
Иқдому амали неки бародарони дугоник Шамсиддин ва Қамариддин боиси дастгирӣ ва ибрат ба ҳамаи ҷавонон мебошад.
Хуб мешуд, ки чун ин волидон ҳар як падару модар фарзандонро барои ҳифзи Ватан - Модар роҳнамоӣ карда, барои боз ҳам беҳтар дарк намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ аз хизмати бошарафонаи қаҳрамонони ҷоннисор мисол оварда, онҳоро неруманд гардонанд. Чун роҳнамоӣ ва дуои нек аз ҷониби волидон бошад, фарзанд довталабона ва бо сари баланду ифтихори ватандорӣ ба хизмати Ватан меравад.
Шоҳсанам АҶИКОВА,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...